01:49:59 09-уми Феврали 2026 сол

“Замин - модархудои мост!”

Прокуратураи вилояти Хатлон ҳолати риояи иҷрои қонунгузориҳо дар самти истифодаи заминро дар давраи соли 2025 таҳлилу ҷамъбаст намуд.

3 maqolai zamin 655424545Дар ҳудуди вилоят дар давраи таҳлилӣ вобаста ба самти назорати иҷрои қонунгузории замин нишондиҳандаҳои фаъолият беҳтар гардида, нисбат ба соли гузашта қонунвайронкуниҳои зиёд ошкор ва барои рафъи онҳо чораҳои эътиноии прокурорӣ қабул намуда, ба мустаҳкам намудани қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ мусоидат карда шуд.

Нишондиҳандаҳои асосии фаъолият оид ба назорати иҷрои қонунгузории истифодаи замин дар вилоят дар давраи ҷамъбастӣ рӯ ба пешравӣ ниҳода, дар муқоиса бо соли гузашта чунин мебошад:

Р/т

Номгӯи санадҳои эътиноии прокурорӣ

Соли 2024

Соли 2025

1.

Санҷишҳо

152

154

2.

Қонунвайронкуниҳо

5781

6151

3.

Амрҳо

929

997

4.

Эътирозҳо

889

1023

 

Аз ин ба қарорҳои раиси шаҳру ноҳияҳои вилоят

404

473

5.

Пешниҳодҳо

513

537

6.

Интизомӣ

375

399

7.

Моддӣ

591

608

8.

Парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ

2032

2098

9.

Маблағи зарари барқароршуда

1777328

сомонӣ

1809163 сомонӣ

 

10.

Парвандаҳои ҷиноятӣ

489

494

 

Аз ин коррупсионӣ

78

88

 

Иқтисодӣ-коррупсионӣ

40

46

11.

Замин ба ҳолати аввала бозпас гардонида шуд.

56,19

62,10

Дар ин самт, дар маҷмӯъ 494 парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуд, ки аз ин шумора 88 парвандаҳои ҷиноятии хусусияти коррупсионӣ ва 40 адади дигараш иқтисодии характери коррупсионидошта мебошанд.

Дар давраи таҳлилӣ вобаста ба ошкор кардани ҷинояти мансабӣ ва оғози парвандаҳои ҷиноятии коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта кори хуби дастгоҳи прокуратураи вилоят-30 (26), прокуророни ноҳияҳои Н.Хусрав-3 (1), Шаҳритус-6 (3), Хуросон-9 (7) ва Данғара-6 (4) қобили қайд мебошад.

Масалан, Холиқзода Қ.Г. дар вазифаи раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи М.С.А.Ҳамадонӣ кор карда, ҳамчун роҳбари мақомоти ваколатдор оид ба назорат ва истифодаи мақсадноки замин ва инчунин шахси масъули комиссия оид ба интихоб ва тақсимоти замини назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия буда, ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ бо маслиҳати пешакӣ ба дигар аъзоёни комиссияи болозикр ба ғайриқонунӣ додани қитъаҳои замини таъиноташ кишоварзӣ ва фонди давлатии об даст зада, масоҳати 3,88 гектар қитъаи замини таъиноти кишоварзиро ба шаҳрвандон Наргиси У., Каримова Д., Қурбонов М. ва дигарон барои сохтмони манзили истиқоматӣ ҳамчун қитъаи замини наздиҳавлигӣ ғайриқонунӣ дода, ваколати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро сарфи назар кардаанд.

Ба ҳамин монанд, Холиқзода Қ.Г. бо маслиҳати пешакӣ ба дигар шахсони масъули комиссия оид ба интихоб ва тақсимоти замини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия мақсади истифодабарии 1,06 гектар заминҳои мансуб ба фонди давлатии обро тағйир дода, ба шаҳрвандон Сафарова О., Исматов М. ва Хоҷаев А. барои сохтмони маркази хизматрасонӣ ва мағоза ғайриқонунӣ додаанд.

15 октябри соли 2025 аз тарафи прокуратураи вилоят нисбати Холиқзода Қ.Г. ва дигарон бо моддаи 3381 қисми 2 бандҳои “а,б,в” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

Ба ҳамин монанд, сармутахассис-заминсози Ҷамоати деҳоти Панҷи ноҳияи Ҷайҳун Ғафоров С.А. якҷо бо дигар шахсони масъули комиссия оид ба интихоб ва тақсимоти замини назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун дар парвандаҳои заминсозӣ дар бораи додани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба барои сохтмони манзили истиқоматӣ бо нишон додани тарҳи №26 харитаи заминистифодабарии хоҷагии деҳқонии “Тоҷикистон”, ки тарҳи мазкур ба ҳудуди заминҳои маҳалли аҳолинишин мансуб мебошад, ҳуҷҷатгузорӣ карда, вале дар маҳал аз ҳудуди тарҳи №25-и харитаи заминистифодабарии хоҷагии деҳқонии “Тоҷикистон” қитъаи замини таъиноти кишоварзиро барои сохтмони манзили истиқоматӣ ҷудо карда ғайриқонунӣ додаанд.

Инчунин, Ғафоров С.А. бо маслиҳати пешакӣ ба дигар шахсони масъули комиссия оид ба интихоб ва тақсимоти замини назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун берун аз ваколатҳои мансабии худ ба шаҳрванд Холбеков Ҷ. барои сохтмони мағоза масоҳати 700 м2 қитъаи замини ҳудуди бунгоҳи тиббии деҳаи Куҳдомани Ҷамоати деҳоти Панҷро ғайриқонунӣ додаанд.

Ба ғайр аз ин, номбурда якҷоя бо дигар шахсони масъули комиссия оид ба интихоб ва тақсимоти замини назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия қитъаҳои замини зери роҳ ва ҳамшафати роҳи аҳамияти байналмиллалидоштаи Бохтар-Панҷро ба шаҳрвандон Ҳакимова М. барои сохтмони нуқтаи фурӯши сузишворӣ, Шарифова К. барои сохтмони нуқтаи таъмир ва шустушӯи нақлиёт, Шораҳимов Д. барои сохтмони амборхона, Қурбонов М. барои сохтмони нуқтаи таъмири нақлиёт ва мағозаи молҳои ниёзи мардум ва Ҷамилов Н. барои сохтмони манзили истиқоматӣ ҷудо карда дода, ваколати истисноии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ошкоро сарфи назар кардаанд.

4 декабри соли 2025 аз тарафи прокуратураи вилоят нисбати Ғафоров С.А. ва дигарон бо моддаи 3381 қисми 2 бандҳои “а,б,в” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

Ҳангоми санҷишҳо дар ин давра ҳолатҳои қабули қарорҳои беасос ва ғайриқонунӣ аз ҷониби раисони шаҳру ноҳияҳо оид ба ҷудо намудану вобастакунии қитъаи замин, беасос қатъ намудан ва тағйир додани ҳуқуқи истифодаи онҳо, ба шахсони воқеию ҳуқуқӣ бо мақсадҳои бунёди манзилҳои истиқоматӣ ва дигар иншоотҳои гуногун ғайриқонунӣ додани қитъаҳои замин ошкор ва чораандешӣ карда шуд.

Масалан, бо қарори раиси ноҳияи Ховалинг аз 29 августи соли 2025 таҳти №356 ба шаҳрванд Сангиҳмадов З.Ё. масоҳати 0,0450 гектар қитъаи замини тарҳи №162-и харитаи заминистифодабарии хоҷагии Ховалинг, ки он ба ҳудуди заминҳои корхонаи фаръии давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и ноҳияи Ховалинг мансуб мебошад, барои сохтмони манзили истиқоматӣ ҳамчун замини наздиҳавлигӣ ғайриқонунӣ дода шудааст.

Ҳолати мазкурро прокуратураи вилоят ошкор ва ба қарори раиси ноҳияи Ховалинг аз 29 августи соли 2025 таҳти №356 “Дар бораи додани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба шаҳрванд Сангиҳмадов Зикрулло Ёраҳмадович” эътироз оварда, қарори қайриқонунӣ бекор карда шуд.

Дар давраи таҳлилӣ аз тарафи прокуратураи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо шумораи 473 (404) қарорҳои ғайриқонунии раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят ошкор ва бинобар хилофи талаботи қонунгузории замин будани онҳо эътироз оварда шуд, ки аз ин бештари он ба шаҳру ноҳияҳои Кӯшониён 56 (34), Ҷайҳун 32 (8), Кӯлоб 29 (23), М.С.А.Ҳамадонӣ 31 (13), Дӯстӣ 26 (15), Ховалинг 24 (16) рост меояд.

Масалан, бо қарори раиси ноҳияи Кӯшониён аз 12 июли соли 2022, таҳти №583 аз ҳисоби замини таъиноти кишоварзии намуди корами обии тарҳи №10-и харитаи заминистифодабарии хоҷагии “Тоҷикистон”-и Ҷамоати шаҳраки Бӯстонқалъа бидуни қарор ё розигии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандон Розиқов Ҳ. ва дигарон масоҳати 0,42 гектар барои сохтмони манзили истиқоматӣ ҳамчун қитъаи замини наздиҳавлигӣ ғайриқонунӣ дода шудааст.

Ба ҳамин монанд, бо якчанд қарорҳои раиси ноҳияи Кӯшониён ба шаҳрвандон Мирзоноров С. ва дигарон масоҳати 0,62 гектар аз ҳудуди замини корами обӣ барои сохтмони манзили истиқоматӣ ҳамчун қитъаи замини наздиҳавлигӣ ғайриқонунӣ дода шудааст.

Инчунин, бо қарори раиси ноҳияи Кӯшониён аз 15 сенябри соли 2023, таҳти №644 ба шаҳрванд Зуҳуров М. замини таъиноти кишоварзии намуди корами обии тарҳи №119-и харитаи заминистифодабарии хоҷагии “Ҳаёти Нав”-и ноҳияи Кӯшониён ҳамчун қитъаи замини наздиҳавлигӣ ғайриқонунӣ вобаста карда шудааст.

Ба ҳамин монанд, бархилофи талаботи моддаҳои 3, 9, 29 ва 96 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрванд Насридинов С. барои сохтмони манзили истиқоматӣ ҳамчун қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз заминҳои зери об ғайриқонунӣ дода шудааст.

Ин ҳолатҳоро прокуратураи вилоят ошкор ва ба қарорҳои болозикршудаи раиси ноҳияи Кӯшониён эътироз оварда, қарорҳои ғайриқонунӣ қабулшуда бекор ва нисбати раиси комиссия оид ба интихоб ва тақсимоти замини назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия Иброҳимзода А. ва дигарон бо моддаи 3381 қисми 2 бандҳои “а,б,в” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

Ё ин, ки бо қарори раиси ноҳияи Ҷайҳун аз 15 сентябри соли 2020, таҳти №720 майдони 0,12 гектар қитъаи замини гурӯҳи нақлиёт ғайриқонунӣ ба фонди заминҳои наздиҳавлигӣ гузаронидашуда, минбаъд он бо дигар қарори раиси ноҳия аз 20 январи соли 2025, таҳти №50 ба ду нафар шаҳрвандон барои сохтмони манзили истиқоматӣ ҳамчун қитъаи замини наздиҳавлигӣ дода шудааст.

Айнан ба ҳамин монанд бо қарорҳои раиси ноҳияи Ҷайҳун аз 20 июни соли 2022, таҳти №584, аз 21 июли соли 2022, таҳти №691, аз 20 январи соли 2023, таҳти №41, аз 3 апрели соли 2023, таҳти №296 майдони 1,13 гектар қитъаҳои замини гурӯҳи нақлиёт ба фонди заминҳои наздиҳавлигӣ ғайриқонунӣ гузаронида шуда, минбаъд он ба 19 нафар шаҳрвандон ҳамчун қитъаи замини надиҳавлигӣ дода шудааст.

Ҳолати мазкурро прокуратураи вилоят ошкор ва бо қарорҳои зикршудаи раиси ноҳияи Ҷайҳун эътироз оварда, қарорҳо бекор ва нисбати мудири бахши сохтмон ва меъмории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун Мирзодавлатзода Ф. ва дигарон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 316 қисми 1 ва 338 нишонаи 1 қисми 2 бандҳои “а,б,в” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуд.

Ба ғайр аз ин, ҳангоми санҷишҳои прокурорӣ муайян гардид, ки ҳисоботҳо вобаста ба заминҳои мавҷуда, тақсимоти онҳо аз рӯи гурӯҳҳо ва намудҳо дар ҳудуди вилоят ба асли заминҳои мавҷуда мувофиқат накарда, масъулини идораҳои замини шаҳру ноҳияҳо ҳангоми пешниҳоди ҳисоботи заминҳо оид ба заминҳои мавҷуда, тақсимоти онҳо аз рӯи гурӯҳҳо ва намудҳо вазифаҳои хизматиашонро ба таври дахлдор иҷро накарда, ба мақомоти болоии заминсозӣ ҳисоботҳои бардурӯғ пешниҳод кардаанд.

Масалан, тибқи ҳисоботи омории Кумитаи идораи замини ноҳияи Дӯстӣ вобаста ба заминҳои мавҷуда, тақсимоти онҳо аз рӯи гурӯҳҳо ва намудҳо, ки ба ҳолати 01 январи соли 2025 пешниҳод карда шудааст дар ҳудуди ноҳия заминҳои мансуб ба таъиноти ҳифзи табиат, солимгардонӣ, рекреатсионӣ ва таърихию фарҳангӣ мавҷуд намебошад. Лекин, санҷиш нишон дод, ки дар ҳудуди ноҳияи Дӯстӣ заминҳои таъиноти ҳифзи табиат дар майдони 34277,55 гектар, солимгардонӣ дар масоҳати 8,34 гектар ва мансуб ба гурӯҳи заминҳои рекреатсионӣ масоҳати 8,0 гектар мавҷуд буда, аз тарафи раиси Кумитаи идораи замини ноҳия Содиқзода Д. ҳисоботи бардурӯғи омори давлатӣ пешниҳод кардааст.

Аз ин рӯ, бо натиҷаи санҷиш аз тарафи прокуратураи вилоят нисбати раисони Кумитаи идораи замини ноҳияҳои Ховалинг Мусофиров Ҷ., Дӯстӣ Содиқзода Д., Восеъ Мирзозода Н., Муъминобод Забиров Ҳ. ва Ҷ.Балхӣ Расулзода М. бо моддаи 515 қисми 1 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шуд.

Дар давраи таҳлилӣ бо санадҳои эътиноии прокурорӣ масоҳати 62,10 (56,19) гектар қитъаҳои замини зери сохтмони худсарона ишғолшуда ва ғайриқонунӣ додашуда ба ҳолати аввалааш бозпас гардонида шуд, ки нисбати соли гузашта 5,91 гектар зиёд мебошад.

Дар ин давра, аз ҷониби кормандони прокуратураи вилоят ба роҳ мондани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ низ ҷиҳати пешгирӣ намудани қонунвайронкуниҳо вобаста ба самараноку оқилона истифодабарии замин, бахусус оқибатҳои номатлуби ғасби замин, сохтмонҳои худсарона, хариду фурӯши замин ва дигар амалҳои ғайриқонунӣ ва баланд бардоштани масъулияти заминистифодабарандагон беҳтар гардида, бо ин мақсад дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, инчунин байни фаъолони деҳаю маҳаллаҳо ва бо иштироки раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарон ва масъулони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, идораҳои замин, меъморию шаҳрсозӣ, ҳифзи муҳити зист, бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, муассисаҳои давлатии ҷангалу беҳдошти замин ва обёрӣ вохӯриҳо доир намуда, тариқи воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла тавассути радио баромадҳо ба шунавандагон ва тариқи чопи мақолаҳо дар шабакаҳои интернетию маҷаллаҳо хонандагон пешкаш гардонида шуда, дар умум 284 (272) маротиба суҳбату вохӯриҳо гузаронида, ба ин васила низ баҳри пешгирии минбаъдаи қонунвайронкуниҳо дар ин самт мусоидат карда шуд.

Кормандони прокуратураи вилоят минбаъд низ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки сифат ва самаранокии фаъолиятро дар ин самт боз ҳам беҳтар намуда, ба мустаҳкам намудани қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ мусоидат намоянд.Риояи конунгузорӣ вобаста ба замин барои тамоми масъулони ташкилоту муассисаҳо ва шаҳрвандон ва мо бояд қонунгузориҳои ин самтро ҳама вақт риоя ва ба онҳо эҳтиром гузорем.

Ба гуфти устоди тавони достонсароёни форсу тоҷик Мӯъмин Қаноат “Замин-МодархудоИ мост!” ва ҳамаи мо бояд ба он арҷ гузорем. зеро бо ибораи мардумӣ “Замин моро мехуронад ва мепӯшонад!”

Абдуғаффорзода И., Сардори бахши назорати иҷрои қонунгузории замини прокуратураи вилояти Хатлон, мушовири адлияи дараҷаи 2

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ