ЭЪТИМОДСОЗИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ РОҒУН
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дигарбора таъкид кардааст, ки тарҳҳои энержии Тоҷикистон ба зиёни ҳамсояҳояш нест. Раисҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо миссияи «Геополитикаи об»-и Ассамблеяи миллии Фаронса, бо раҳбарии Лионелл Люк дар Душанбе гуфтааст: «Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ тарҳҳои худро бар зиёни ҳамсояҳояш намесозад ва мо ҳамеша ба муколама ва ҳамкорӣ рӯи ҳалли мушкилоти обу энержӣ ҳастем».
Эътимодбахшиҳои ҳукумати Тоҷикистон ба ҳадде расид, ки солҳои ахир дар Амрикову Аврупо бархе доираҳо рӯйрост аз мавқеи ин кишвар дар баҳси истифодаи оби Осиёи Марказӣ, бахусус нерӯгоҳи Роғун, пуштибонӣ мекунанд. Ин ҷо суоле пайдо мешавад, ки ин «дилпуриҳо» бо чӣ асоснок мешаванд ва Душанбе ба чӣ далоил такя мекунад?
Яраш Пӯлодов, мудири Пажӯҳишгоҳи вазорати обу обёрии Тоҷикистон мегӯяд, қабл аз ҳама Тоҷикистон мавқеи шаффоф дорад, чизеро пинҳон намекунад ва бо нияти нек - боло бурдани иқтисод ва сатҳи зиндагии мардуми кишвару минтақа тарҳҳоро шурӯъ кардааст.
Ӯ афзуд: «Дигар ин ки аз 60 то 64 дарсади захираҳои оби минтақа аз Тоҷикистон сарчашма мегиранд. Ин омили муҳим аст. Ва дар шароити имрӯза мекӯшад, ки захираҳои об ҳисобу китоб, мониторинг ва таҳлил шавад, зеро аз он на фақат ояндаи иқтисоди кишвар, балки тамоми минтақа вобастагӣ дорад».
Дар ҳоли ҳозир, аксари нерӯгоҳҳои Тоҷикистон рӯи дарёи Вахш сохта шудаанду мешаванд, аз ҷумла нерӯгоҳи Роғун, ки 20 сол ба ин сӯ рӯяш баҳс меравад. Мақомоти Тоҷикистон дар посух ба даъвоҳои таҳти назорат афтодани захираҳои об дар пайи сохта шудани ин нерӯгоҳ мегӯянд, дарёи Вахш ҳамагӣ 28% ҳаҷми дарёи Омуро ташкил медиҳад. Гузашта аз ин, нерўгоҳҳои дигари рӯи Вахш - Норак, Бойғозӣ, Сангтӯда - 1, Сангтӯда-2 ва ғайра, ки ҳамагӣ пас аз Роғун ҷойгиранд, дар ҳоли баста шудани об аз кор мемонанд.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, нерӯгоҳи Роғунро, ки 13 километри кубӣ ғунҷоиш дорад, аз ҳисоби саҳм ё квотаи худ дар оби минтақа пур мекунанд. Ин кишвар солона ҳақ дорад, ки 12, 2 километри кубӣ обро истифода барад, аммо ҳар сол 2-2,5 километри кубӣ он аз худ намешавад ва барои пур кардани обанбори Роғун солона 1 километри кубӣ маҳз аз ин саҳм гирифта хоҳад шуд. Сохтмони нерӯгоҳи Роғун 17 сол тӯл хоҳад кашид ва барои пур кардани он 17 сол зарур аст, масалан, обанбори Тӯхтагули Қирғизистон дар беш аз 18 сол пур шудааст.
Далели дигари мақомоти Тоҷикистон ин аст, ки обанбори Роғун оби иловагӣ ба кишварҳои поёноб, қабл аз ҳама Ӯзбакистону Туркманистонро хоҳад дод ва дар мавсими обёрӣ аз ҳисоби захира ба маҷрои оби дарёи Ому ба миқдори 5-6 километри кубӣ оби иловагӣ ҳамроҳ хоҳад шуд.
Мақомоти Тоҷикистон бар афзоиши бемайлони аҳолӣ дар минтақа ва афзудани истеъмоли об таъкид карда, ҳамзамон коҳиши захираҳоро мисол меоранд. Сарчашмаи асосии оби минтақа - пиряхҳо сол то сол кам мешаванд, ба гунаи мисол тайи 30 соли ахир аз 14 ҳазор пиряхи кўҳҳои Тоҷикистон ҳазортоаш нест шуда, ҳаҷми пиряхҳои дигар то 35-40% коҳиш ёфтааст.
Ҳомидҷон Орифов, коршинос дар умури энержӣ мегӯяд, дабири Кумитаи миллии Тоҷикистон дар Комиссияи байналмилалии сарбандҳои бузург мегӯяд: «Агар мо хоҳем, ки камбуди об дар минтақаро ҷилавгирӣ кунем, иқдоми аввал бояд сохтмони нерӯгоҳи Роғун бошад. Солҳои 90 — ум мутахассисони Шӯравӣ дар Тошканд ба чунин хулоса омада буданд. Маҳз ҳамонҳо ҳисобу китоб карда буданд, ки сарбанди Роғун ҳам аз лиҳози экологӣ, обёрӣ ва иқтисодӣ танҳо дар сатҳи 335 метр муфид буда метавонад. Камбуди барқу об дар Тоҷикистону минтақаро ҳам маҳз нерӯгоҳи Роғун ҳал мекунад. Ин пешбинии мо — тоҷикон не, ин кори Пажӯҳишгоҳи Гидропроекти Тошканд буд».
Бо ин вуҷуд, аз кишварҳои минтақа, аз ҷумла Ӯзбакистон ба эътимодбахшиҳои Тоҷикистон эътибор намедиҳанд ва ҳанӯз дар миёни кишварҳои хориҷиву созмонҳои байнулмилалӣ далоили ин кишвар нодида гирифта мешаванд. Ҳатто аз қабл сари хулосаҳои ташхиси байнулмилалии нерӯгоҳи Роғун аз сӯи Бонки Ҷаҳонӣ низ шубҳаҳо вуҷуд доранд.
Саймуддин Дӯстов, коршинос дар умури сиёсӣ бо ишора ба сиёсат ва ба геополитика гиреҳ хӯрдани ин мавзӯъ мегӯяд, ягона коре, ки Душанбе то ба имрӯз натавонистааст кунад, эҷоди механизми эътимод аст.
Ӯ мегӯяд: «Дигар мусаллам аст, ки дар ҷомиаи ҷаҳонӣ, минтақа ва худи Тоҷикистон ҳам эътимод ба худи ҳукумати Тоҷикистон, мутаассифона, зиёд нест. Яъне хеле аз мардумон дар он ҷо, хеле аз мардумон дар ин ҷо, коршиносони минтақаӣ, созмонҳои байнулмилалӣ ба ин ҳукумат эътимод надоранд, зеро гуфта ва кардаҳои ин ҳукумат дар хеле аз ҷабҳаҳо гуногун ва фарқкунанда ҳастанд, ки эътимод дода наметавонанд. Як механизме лозим аст, ки далоил ба рақибон ва онҳое, ки дудила ҳастанд, таъсир кунад. Фикр мекунам, мушкил ҳамин аст - эътимод».
Иддае дигар аз коршиносон мегӯянд, ба вуҷуд овардани эътимод дар миёни рақибони сохтмони нерӯгоҳи Роғун, ки нуктаи аслии баҳсҳои оби минтақа аст, кори содда нест. Ба қавли онҳо, Ӯзбакистон мустақим ва Русия ғайримустақим ҷиҳати ҷилавгирӣ ва ё ба нафъи худ ҳал кардани ин тарҳ он гуна фишорҳои иқтисодиеро тайи солҳои охир ворид кардаанд, ки аллакай садҳо миллион доллар ба иқтисоди Тоҷикистон хисорот ворид шуда, рушдашро кунд кардааст.
Фарҳоди Милод, «Озодӣ»-
06.11.2026 17:09
188
Паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи Конститутсия
-
04.11.2026 11:40
117
Душанбе — маркази сулҳ: Ҳамоиши таърихии СММ барои ояндаи наслҳо
-
30.10.2026 13:02
112
Дипломатияи созанда дар Минск: Тадбирҳои нави Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ намудани тавофуқоти олии ИДМ
-
16.10.2026 13:18
745
Рӯзгори синамои тоҷик: аз «Қисмати шоир» то муваффақиятҳои байналмилалии имрӯз
-
14.09.2026 04:00
397
Парламент ва дипломатияи миллӣ: 35 соли мустақилияти Тоҷикистон
-
08.05.2026 19:24
902
9 май – Ғалабае, ки то имрӯз зинда аст
-
04.11.2026 11:44
92
Энергетикаи асри нав ва рӯзгори рақамӣ: Иштироки Тоҷикистон дар ҳамоишҳои нафту гази ҷаҳон «ADIPEC-2026» дар Абу-Забӣ
-
30.10.2026 12:50
230
Сармоягузории 62 миллион евроӣ ба рӯзгори мардум: Навсозии роҳи Сари Хосор ва оби тоза барои Кӯлоб
-
28.10.2026 17:41
124
Тандеми бонкҳои Тоҷикистон ва ширкати «Textima»-и Олмон барои рушди саноати ватанӣ
-
25.10.2026 20:01
469
Бахши «Мусоҳибаҳо»-и сомонаи «Рӯзгор»: оинаи зиндагӣ ва таҷрибаи наслҳо
-
19.10.2026 12:09
353
The Belfast News Letter: Рӯзномае, ки аз нома то афсона расид
-
12.10.2026 00:59
633
“Wiener Zeitung”: Рӯзномае, ки Империяро дид ва ба рақам гузашт
-
08.11.2026 17:12
181
5 маҳсулоти дастрас, ки масунияти кӯдакро табиатан баланд мебардоранд
-
04.11.2026 20:08
145
Аз «гала», «офтоб» то «қум-қум» ва «ятим»
-
01.11.2026 23:29
162
Оё вожаҳои тоҷикӣ решаи ибрӣ ва оромӣ доранд? - I
-
30.10.2026 13:04
116
Фарёди ёди Лоиқ дар қалби Русия: Бозтоби худогоҳии миллӣ ва сулҳпарварии тоҷикон дар маҳфили адабии Москва
-
30.10.2026 12:55
216
Пешниҳодҳои таърихии Тоҷикистон дар Форуми маорифи Осиёи Марказӣ дар Тошканд
-
28.10.2026 18:00
123
Маърифати инсон дар оинаи афкори Мавлоно: Ҷойгоҳи ахлоқи ҷовидонаи Балхӣ дар рӯзгори рақамӣ
-
23.10.2026 12:43
381
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
-
02.10.2026 13:53
412
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
-
30.09.2026 11:18
399
Қиссаи нонпазе дар қалби Cибир
-
12.10.2026 01:06
471
Марҳалаҳои даъвати Паёмбар (с)
-
17.09.2026 21:27
428
Издивоҷи Паёмбар (с) бо Хадиҷа
-
10.09.2026 22:44
671
Паёмбар (с) таҳти сарпарастии Абдулмутталиб
-
01.11.2026 11:40
109
Асри стресс: Чӣ тавр зани муосир метавонад руҳияи худро ҳифз кунад?
-
25.10.2026 19:56
277
Зан - роҳбар: Мушкилоти мувозинат байни кор ва оила
-
14.10.2026 23:09
821
Ҳифзи ҳуқуқи зан ва пойдории оила: Роҳҳои пешгирӣ аз зӯроварӣ ва талоқ
-
12.08.2026 23:15
1142
СУЛҲИ ТОҶИКОН: ХАТИ ВАСЛ АСТ, НА ХАТИ ФАСЛ
-
07.07.2026 12:25
698
Истиқлолияти давлатӣ – пояи давлатдории миллӣ ва кафили рушди устувори Тоҷикистон
-
18.06.2026 23:00
2530
«Ҷашни Ваҳдати миллӣ муборак!»
-
01.11.2026 11:27
118
ҶҶ 2022: Ҷоми Месси ва финали афсонавӣ дар Қатар
-
25.10.2026 19:41
228
ҶҶ 2018: Пирӯзии дуввуми Фаронса дар сарзамини Русия
-
21.10.2026 22:04
736
Мактаби дипломатияи Тоҷикистон дар Женева: Ошноии донишҷӯёни аврупоӣ бо ташаббусҳои ҷаҳонии Душанбе
-
01.11.2026 11:34
104
Маҳатма Ганди - Падари миллати Ҳиндустон
-
01.11.2026 11:24
104
5 қоидаи тиллоӣ: Чӣ тавр ҳамёни электрониро аз қаллобон муҳофизат кунем?
-
19.10.2026 12:07
418
Искандари Мақдунӣ офарандаи империяи ҷаҳонӣ











































Шарҳҳо
RSS Обуна