23:29:17 09-уми Ноябри 2026 сол

Мулоқот бо Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикела

9 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд.

55642165415 f9ce9d8a2b bДар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо баррасӣ шуд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки “рушди ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо минбаъд низ аз афзалиятҳои сиёсати хориҷии кишвари мо боқӣ хоҳад монд”.

Ҷонибҳо аҳамияти равобит дар қолаби “Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо”-ро, ки ба муносибатҳои ду минтақа мақоми шарикии стратегӣ бахшид, таъкид намуданд.

Рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика ва иқтисоди “сабз”, таҳкими устуворӣ дар баробари тағйирёбии иқлим ва таъмини рушди босуботи иқтисодӣ дар маркази таваҷҷуҳ қарор дошт.

Густариши робитаҳо дар соҳаҳои нақлиёт, таъмини дастрасии Тоҷикистон ба долонҳои минтақавӣ ва бозорҳои Аврупо, рушди саноати муосир, технологияҳои рақамӣ ва истеҳсоли таҷҳизоти пешрафта аз мавзуъҳои муҳими суҳбат буд.

Иктишофи геологӣ, бунёди озмоишгоҳҳои муосир, истихроҷ ва коркарди маъданҳо, ҷалби сармояи аврупоӣ ва омодасозии кадрҳо аз самтҳои ояндадор номида шуд.

Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин, оид ба дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи муштарак сурат гирифт.

president.tj

Назари Шумо

Security code
навсозӣ