18:59:57 07-уми Ноябри 2026 сол

Вазири тандурустӣ дар конгресси «Тандурустии миллӣ-2026» дар Москва баромад кард

Рӯзҳои 2-3 ноябр дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия конгресси 5-уми миллии соҳаи тиб таҳти унвони «Тандурустии миллӣ-2026» баргузор гардид. Дар ин ҳамоиши байналмилалӣ Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода иштирок ва суханронӣ намуд.

555 TandurustiБино ба иттилои Вазорати тандурустии кишвар, ин конгресс платформаи ягонаи муколамаи байнидавлатӣ буда, ҳамасола мутахассисони ҷаҳониро барои баррасии муҳимтарин масъалаҳои тиббӣ гирди ҳам меорад.

Дар раванди нишастҳои конгресс мавзуъҳои калидии зерин меҳвари баҳсҳо буданд:

- Масъалаҳои тибби фардӣ, рақамикунонӣ, истифодаи зеҳни сунъӣ ва сиёсати кадрӣ дар соҳаи тандурустӣ.

- Дар доираи ҳамоиш иҷлосияи махсус бахшида ба 15-солагии «Эъломияи Москва оид ба тарзи ҳаёти солим ва бемориҳои ғайрисироятӣ» доир шуд, ки нақши таърихӣ дар пешгирии ин гурӯҳи бемориҳо дорад.

Густариши ҳамкориҳои амалии тиббӣдар ҳошияи конгресс Вазири тандурустии Тоҷикистон бо як қатор мақомоти расмӣ ва доираҳои илмии кишварҳои хориҷӣ вохӯриҳои судманд анҷом дод. Хусусан, мулоқоти ӯ бо директори Маркази миллии таҳқиқоти тиббии ҷарроҳии ба номи А. В. Вишневский Амиран Ревишвили боиси таваҷҷуҳ буд, ки дар он тақвияти ҳамкориҳо дар самтҳои ҷарроҳии дил, рагҳо, шикам, сина ва ҷоғу рӯй баррасӣ шуд.

Ҳамчунин, Ҷамолиддин Абдуллозода бо вазирони тандурустии Русия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Хорватия ва ректори Донишгоҳи тиббии Қазон мулоқотҳои дуҷониба анҷом дода, уфуқҳои нави ҳамкориҳои тиббии Тоҷикистонро бо ин кишварҳо муайян намуд.

“Рӯзгор”

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ