Аз рақамикунонӣ то зеҳни сунъӣ: Марҳилаи нави шарикии Тоҷикистону Қазоқистон
Дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон, байни Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Тоҷикистон ва Вазорати зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамии Қазоқистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ ба имзо расид. Ин санад пас аз музокироти сатҳи олӣ бо иштироки сарони давлатҳо — Эмомалӣ Раҳмон ва Қосим-Жомарт Токаев расман ба тасвиб расонида шуд.
Бино ба иттилои Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон, ҳадафи асосии ин мувофиқа табодули донишу таҷриба, рушди технологияҳои муосир ва амалисозии лоиҳаҳои муштарак мебошад.
Мувофиқи муқаррароти ёддошти мазкур, ҷонибҳо дар самтҳои калидии зерин ҳамкорӣ хоҳанд кард:
- Такмили сиёсати давлатӣ дар бахши зеҳни сунъӣ, ҷорӣ намудани ин технологияҳо дар хизматрасониҳои давлатӣ ва рушди инфрасохтори ҳисоббарорӣ.
- Гузаронидани таҳқиқоти илмӣ, омодасозии мутахассисони соҳа ва дастгирии ҳамаҷонибаи лоиҳаҳои навоваронаву стартапҳо.
- Таъмини рушди зеҳни сунъии бехатар, ҳифзи маълумоти шахсии шаҳрвандон ва муқовимат бо хатарҳои иттилоотиву киберӣ.
Барои татбиқи амалии ин мувофиқаҳо таъсиси гурӯҳи кории муштарак пешбинӣ шудааст. Дар доираи он баргузории конфронсҳо, табодули коршиносон ва амалисозии лоиҳаҳои озмоишию таълимӣ ба роҳ монда мешавад.
“Рӯзгор”
















