НОМИ БАРАНДАИ ТЕНДЕРИ РОҒУН ЭЪЛОН НАМЕШАВАД?
Бо гузашти як моҳ Тоҷикистон то ҳол исми ширкати барандаи тендер барои таъмини таҷҳизоти сохтмони нерӯгоҳи Роғунро эълом накардааст. Сабаби аслии ин амр дар мухолифати ҷиддии Узбакистон ба сохтмони нерӯгоҳ, ба хусус боздошти вагонҳои Тоҷикистон дар кишвари ҳамсоя, арзёбӣ мешавад. Пас аз он ки таблиғу ташвиқи густардаи ҳукумати Тоҷикистон барои сохтмони нерӯгоҳи барқиобии Роғун мухолифати Узбакистонро ба ин тарҳ бештар кард, ҳамакнун Душанбе дар оддитарин иқдоме, ки барои иҷрои ин тарҳ анҷом медиҳад, аз эҳтиёт кор мегирад.
Ин аст, ки тендер ё музоядаи интихоби ширкати ватанӣ аз миёни шаш ширкат ба манзури ворид кардани таҷҳизот барои Роғун 26 июл сурат гирифт, вале барандаи он то ҳол эълом нашудааст. Мухолифати сарсахтонаи Узбакистон ба иҷрои ин тарҳ аз сабабҳои аслӣ дониста мешавад. Ҷониби Узбакистон шаш моҳ боз вагонҳои молу таҷҳизоти марбут ба сотмони нерӯгоҳи Роғунро аз қаламраваш раҳо накардааст.
Ҳароси ширкати баранда аз ифшои номи худ
Ин аст, ки ширкатҳои тоҷикистонӣ ҳам намехоҳанд бо ифшои номашон ба ҳангоми ворид кардани молу таҷҳизот ба ҳангоми убур аз марзи Узбакистон мавриди «азият»-и ҳамсоя қарор бигиранд. Абдусаттор Саъдуллоев, сардори шӯъбаи Оҷонси хариди мол, кор ва хизматрасонии назди ҳукумати Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ширкати барранда хоҳиш кардааст, то номаш ва таҷҳизоте, ки бояд ворид кунад, ифшо нашавад:
«Ширкати харидор расман ба мо нома фиристодааст ва масъулонашон низ гуфтанд, ки эълом накунем. Ин на аз тарафи мо, балки аз тарафи худи ширкати харидор шудааст. Гузарондани озмун бар ӯҳдаи мо буд, лекин баъзе масоил ба ихтиёри ширкат аст. Озмун аз тарафи мо ба таври шаффоф ва бо иштироки ширкатҳои ватанӣ сурат гирфт. Ширкати баранда низ интихоб шуд. Сарфаи маблағҳои буҷаӣ таъмин карда шудааст. Аммо ба ҳар ҳол баъзе номгӯи таҷҳизот ҳастанд, ки бо дархости ширкати харидор мо гуфта наметавонем».
Рақобати шаш ширкат дар музояда
Ба гуфтаи масъулони Оҷонси хариди мол, кор ва хизматрасонии назди ҳукумати Тоҷикистон, тендер бо иштироки 6 ширкати ватанӣ - “Трайко”, “Чашмасори Сомониён”, “ТК Ориён интернешнл”, “Хуршеди Хоразм”, “Восток АСХТТ” ва “Кӯҳдоман” - доир шудааст. Рақобат барои харидории 43 навъи таҷҳизот ба маблағи наздики 8 миллион сомонӣ будааст, вале ширкати баранда гуфтааст, ки ин ҳамаро ба ивази 6 миллиону 132 ҳазор сомонӣ хоҳад харид.
Аммо ин дар ҳолест, ки асри 21, асри пешрафти технология ва коммуникатсия аст, оё мешавад чизеро барои Узбакистон пинҳон кард ва аз қаламраваш ба осонӣ убур намуд? Давлатмуроди Ҷумъа, раиси Ассосиатсияи дастгирӣ ва рушди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон низ мегӯяд:
«Албатта ин ба хотири эҳтиёткорист, вале ин эҳтиёткорӣ то ба кай? Бояд Тоҷикистон ҳатман ба ниҳодҳои марбутаи давлатӣ дар бораи инҳисори нақлиётии Узбакистон муроҷиат кунад ва тақозо кунад, ки кишвари ҳамсоя созишномаи минтақавӣ ва байналмилалии ба тасвибрасонда бо Тоҷикиситонро риоят кунад. Агар риоят накунад, пас созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ таҳримот ва ё муҷозоти иқтисодӣ ва сиёсиро барои Узбакистон биандешанд. Бояд Узбакистонро маҷбур созанд то пойбанди тааҳҳудоташ бошад».
Дар ин росто ҷаноби Ҷумъа аз ҳушдори Эрон алайҳи Узбакистон дар ду моҳи пеш ёддовар шуд, ки дар пайи он Узбакистон беш аз нисфи 2 ҳазор вагони Тоҷикистонро аз банд раҳо кард. Воқеан Эрон ба Узбакистон хитоб кард, ки дар сурати раҳо накардани вагонҳои Тоҷикистон, қаторҳои Тошкандро иҷозаи убур аз қаламраваш нахоҳад дод.
Дар интизори натоиҷи ташхиси байналмилалӢ
Аммо Шодӣ Шабдолов, узви кумитаи энергетика, саноат ва коммуникатсияи Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон, бар ин назар аст, ки «пинҳонкорҳо»-и Тоҷикистон дар заминаи Роғун дар шароити феълӣ дуруст ва заминаи воқеъӣ дорад:
«Мавзӯъ сохтан ва ё насохтани нерӯгоҳи Роғун нест. Мо ҳатман, ки Роғунро месозем ва ин ҳаққи Тоҷикистон аст. Масъала дигар аст ва он ҳам натоиҷи таҳқиқи байналмилалии ин нерӯгоҳ аст, ки талаб карда мешавад ва раисиҷумҳури Тоҷикистон низ бар ташхиси ҳамаҷонибаи бидуни шубҳаи нерӯгоҳ таъкид кард. Яъне таҳқиқ, ки гузаронда шуд ва санади расмӣ дар бораи натиҷаҳои ташхиси экологиву фаннии он ба даст омад ва собит шуд, ки ҳама нигарониҳо дар ин замина аз сӯи Узбакистон беасос аст, дигар касе Узбакистонро гӯш ҳам намекунад ва ҳатман Роғун сохта мешавад ва ҳатто Узбакистон низ сармоягӯзорӣ мекунад. Зеро он захираи нафту газе, ки дорад, 10–20 баъд тамом хоҳад шуд ва Узбакистон дигар барқ аз куҷо мегирад? Аз Чин сар карда то Амрикову Эрон тайёр ҳастанд, ки ба Роғун сармоягузорӣ кунанд. Ман боварӣ дорам, ки Русия ва Узбакистон низ ба ин тарҳ сармоягузорӣ хоҳанд кард. Чун 4 ҳазор мегавот зарфият дорад, ки аз нерӯгоҳи Норак зиёд аст».
Нигаронии Узбакистон ва ҳимояти Бонки ҷаҳонӢ
Ин дар ҳолест, ки Бонки ҷаҳонӣ масъулияти ташхиси байналмилалии ҷанбаҳои фаннӣ ва экологии нерӯгоҳи Роғунро бар ӯҳда гирфтааст ва ҳамакнун коршиносони ин ниҳоди ҷаҳонӣ дар ин самт фаъолият доранд. Зеро ташхиси ҳамаҷонибаи байналмилалии ин нерӯгоҳ аз талаботҳои аслии ҷонби Узбакистон барои сохтмони он аст. Тошканд аз он нигарон аст, ки бунёди Роғун боиси камобии кишварҳои поёноб, ба вижа Узбакистон хоҳад шуд ва аз сӯи дигар хатароти экологиро барои кишварҳои минтақа дар пай хоҳад дошт.
Дар ҳамин ҳол Бонки ҷаҳонӣ нахустин марҳала аз тендери байналмилалӣ барои интихоби ширкати ташхискунандаи Роғунро анҷом дода ва аз миёни даҳ ширкати ҷаҳонӣ сетои он ба даври дуввум ворид шудаанд. Бад ин тартиб қарор аст, дар марҳалаи баъдӣ, ки ояндаи наздик сурат хоҳад гирифт, ду ширкат интихоб ва ба таври расмӣ ба ташхиси ҷанбаҳои фаннӣ ва экологии неругоҳ мепардозанд.
Бонки ҷаҳонӣ муҳлати ташхиси байналмилалии нерӯгоҳи Роғунро 18 моҳ арзёбӣ карда ва Филлип Ле Уйру, муовини раиси ин бонк, ҳам дар ҳудуди чаҳор моҳи пеш эълон карда буд, ки ин ниҳод аз корҳои барқарорсозӣ дар нерӯгоҳи Роғун ҳимоят мекунад, аммо сохтмони нерӯгоҳ бояд пас аз арзёбии коршиносон сурат бигирад.
Коҳиши маъракаи таблиғи Роғун
Ҳамакнун чунин ба назар мерасад, ки аз Роғун ва умури сохтмонӣ дар ин неругоҳ «хату хабаре» нест. Зеро мақомот ва шабакаҳои радио ва телевизионии Тоҷикистон он гуна, ки дар аввали сол бо оғози саҳмияҳои нерӯгоҳ шуру шавқи сухан гуфтан дар ин бораро доштанд, ҳамакнун хомӯширо ихтиёр кардаанд. Танҳо вазорати молия гуфтааст, ба таърихи 20 июл маблағи аз фурӯши саҳмияҳои нирӯгоҳи Роғун то кунун ҳудуди 820 миллион сомонӣ ба даст омада, аз ин маблағ 40 миллион доллараш барои харидории ду гидрогенератор ба корхонаи “Электротяжмаш”-и Украина пардохт мешавад.
Бо ин ҳама соҳибназарон мегӯянд, дар шароити феълӣ сохтмони нерӯгоҳи Роғун барои давлати Тоҷикистон ҳам нангу номуси миллӣ ва ҳам бақои он маҳсуб мешавад ва ба ҳар шарту қиммате аст, бояд сохта шавад. Ба қавле «қофия танг афтод» ва дар қиболи фишорҳои дохилӣ ва берунӣ давлати Тоҷикистон низ ночор аст.
Хуршеди Ҳамдам, «Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/rogun/2938-2010-08-20-22-45-25.html
-
23.09.2026 20:52
142
Иштирок дар тантанаҳои идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Хуҷанд
-
19.09.2026 11:53
349
ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ — ПАЙВАНДГАРИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
-
17.09.2026 21:20
242
Мулоқот ва сарфарозгардонӣ бо унвони Доктори фахрии Донишгоҳи Корея
-
08.05.2026 19:24
729
9 май – Ғалабае, ки то имрӯз зинда аст
-
06.05.2026 14:20
705
Ақибгоҳи тоҷик – Фронт дар паси сар
-
04.05.2026 23:37
696
Сталинград, Курск ва тоҷикон дар авҷи ҷанг
-
13.09.2026 22:07
388
ММД-и Тоҷикистон қариб 100 баробар афзоиш ёфт
-
03.09.2026 12:24
386
Бонки миллӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон тангаҳои хотиравиро ба муомилот баровард
-
21.08.2026 11:04
539
Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд баррасӣ гардид
-
14.07.2026 10:13
584
Устод Пайванд - пайвандгари наслҳо буданд
-
11.07.2026 11:51
639
Нақши устод Пайванди Гулмуродзода дар рушди рӯзноманигории тоҷик
-
17.01.2026 11:47
1279
Профессор ва раҳбари собиқи СҲШ Рашид Алимов ба ҳайати таҳририяи «За рубежом» пайваст шуд
-
23.09.2026 11:43
221
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Ҳангоми интиқоли маблағ ба кортҳои шахсони ношинос ба чӣ бояд диққат дод?
-
23.09.2026 02:31
222
Дар Душанбе форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
-
20.09.2026 12:37
178
Ташаббуси Тоҷикистон дар рушди зеҳни сунъии бехатар дар арсаи ҷаҳонӣ
-
19.09.2026 11:43
240
Китоби «Мероси таърихию фарҳангии шаҳри Душанбе» аз чоп баромад
-
13.09.2026 22:13
330
Китобхонаи миллии Тоҷикистон: ғунҷоиши то 10 миллион китоб
-
10.09.2026 23:23
626
ИЗҲОРИ СИПОСИ АҲЛИ ЭҶОДИИ «РӮЗГОР» БА ҲАВОДОРОНИ НАВИСАНДАИ ХАЛҚИИ ТОҶИКИСТОН
-
12.09.2026 00:44
628
СӮЗИШИ ҒУРБАТ: ТАЛХИҲО ВА УМЕДҲОИ МУСОФИРӢ
-
31.08.2026 10:24
527
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Аз соли 2027 шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Русия кадом талаботи навро бояд риоя намоянд?
-
16.08.2026 14:01
630
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Дар кадом ҳолат вуруди шаҳрванди хориҷӣ ба Федератсияи Русия манъ карда мешавад?
-
10.09.2026 22:44
481
Паёмбар (с) таҳти сарпарастии Абдулмутталиб
-
05.09.2026 13:59
461
Таваллуди Паёмбар (с)
-
28.08.2026 22:33
549
Саҳми Шерзот Абдуллозода дар ташаккули илми диншиносӣ дар Тоҷикистон
-
28.02.2026 22:46
877
«Модар ягона аст, аз ӯ хабар бигир»!
-
18.05.2025 13:42
2251
Иштироки Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машварати “Нигоҳи занон”
-
07.03.2025 12:44
2407
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.07.2026 12:25
554
Истиқлолияти давлатӣ – пояи давлатдории миллӣ ва кафили рушди устувори Тоҷикистон
-
18.06.2026 23:00
2372
«Ҷашни Ваҳдати миллӣ муборак!»
-
21.11.2025 11:59
1439
“ЛАЪЛИ РАХШОНДИРАФШ” бахшида ба Рӯзи парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
-
21.09.2026 00:41
424
ҶҶ 1998: Триумфи бузурги Фаронса ва таваллуди як афсона
-
20.09.2026 12:34
374
Ҷавонони Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии ҷавонон-2026 дар Екатеринбург иштирок намуданд
-
19.09.2026 11:40
241
Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад
-
22.09.2026 10:51
236
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ. Падари шеъри тоҷику форс ва сардафтари адабиёти ҷаҳонӣ
-
22.09.2026 10:48
193
Оё медонед, ки…?
-
21.09.2026 00:46
365
Суқрот - Марде, ки ҷаҳонро андешидан омӯхт











































Шарҳҳо
RSS Обуна