ТАЪРИХИ ИМОМИ АЪЗАМ-11
ДАР БАЁНИ ЛИБОСҲОИ ҲАЗРАТИ ИМОМИ АЪЗАМ
Аз писари Имоми Аъзам Ҳаммод меоранд, ки гуфт: «Падарам Имоми Аъзам хушсурат, хушҳайбат буданд ва либосҳои зебо пӯшида атр истеъмол мекарданд, ки бӯи хуши он аз дуриҳо ба машом мерасид». Имом Абӯюсуф меорад, ки кулоҳи дарози сиёҳ бар сар мекарданд.
ДАР БАЁНИ ҲИКМАТ ВА ОДОБИ ҲАЗРАТИ ИМОМИ АЪЗАМ
Аз ҳазрати Имоми Аъзам овардаанд, ки гуфт: «Агар дар ду олам валии Худои таъоло набошад, валиюллоҳ кӣ бошад? Албатта, уламо валиюллоҳ ҳоҳадбуд. - Шахсе, ки сӯҳбаташ гарон аст, ӯ фиқҳро нафаҳмад, қадри фиқҳро ва қадри аҳли фиқҳро надонад.
- Ҳар киро илм аз роҳи бад нагардонад, албатта расво шавад».
Имоми Аъзам баъди субҳ ба фатво додани машғул мешуданд ва ба масъалаҳо ҷавоб мегуфтанд. Шахсе гуфт: «Дар ин вақт ғайри суханоми хуб гуфтан магар макрӯҳ нест?» Имоми Аъзам гуфт: Дар бораи ҳарому ҳалол сухан гуфтан беҳтарини суханҳост. Чӣ хел беҳтарин сухан набошад, ки аз ҳарому ҳалол сухан гуфта, халқро аз маъсият нигоҳ медорем». Шахсе аз шахси бузургворе хати восита овард ба умеди он , ки шояд бо ин хати восита Имоми Аъзам ба ӯ илм омӯзад. Имоми Аъзам гуфт:
« Барои илм омӯхтан шахсеро набояд восита кард, зеро Худои таъолоро бо аҳли уламо аҳду паймон ҳаст, ки аз роҳи рост ба халқ илм омӯзанд ва таълим диҳанд. Ба таълими олим ва тадриси мударрис ҳаргиз шарту шароит лозим нест. Дар роҳи Худо таълими аҳком ва тадриси улуми ислом бар ҳар олиму мударрие воҷиб аст, чунончи ибодат воҷиб аст фақат барои Аллоҳ таъоло».
«Наъузу биллоҳи мин байъи-д-дарси ва широу-л-илми».
(Эй Аллоҳ! Аз дарсфурӯшӣ ва харидани илм дар паноҳ нигоҳ дор).
Ҳазрати Имоми Аъзам ба баъзе шахсон гуфтаанд: «Аз корҳои дин дар вақтҳои бо касе сӯҳбат доштан, дар ҳоли роҳ гаштан ва дар вақти хоб аз ман мапурсед, чунки дар ин вақтҳо хотир ҷамъ намебошад ва ақл дар холи парешонист».
Имоми Аъзам мефармояд, ки касе баҳри дунё илм омӯзад, аз баракати илм маҳрум мемонад ва илм дар дилаш қарор намегирад. Ва ҳар кас баҳри дин илм омӯзад, аз илм барака ёфта, дар дилаш ҷойгир мешавад ва аз илми ӯ ҳар шогирд баҳра меёбад.
Ҳазрати Имоми Аъзам ба Иброҳими Адҳам гуфт: «Ё Иброҳим, насиба ва ризқи ту аз ибодати ту бузургтар аст. Акнун бар ту лозим аст, ки илмро ба дилат ҷой кунӣ, зеро илм сари ибодат, низом ва қавоми кор мебошад».
Имоми Аъзам мефармояд, ки касе ҳадис омӯзад ва фиқҳ наомӯзад, мисли он аст, ки дорую давоҳоро ҷамъ карда бошад ва то табиб наояд, онҳоро нашносад ва надонад. Имоми Аъзам мефармояд: «Барои худ гуноҳ ҷамъ макун ва барои меросхӯр мол».
Рӯзе Ҳаммод-писари Имоми Аъзам бар ҷамоате имом шудан хост. Имоми Аъзам аз дасти писар дошт ва дигар касро фармуд то имом бошад. Ҳаммод гуфт: «Эй падар, маро дар назди ҷамоат шармсор кардед». Ҳазрати Имоми Аъзам гуфт: «Эй, писар, туро аз шармсорӣ нигоҳ доштам, то касе нагӯяд, ки дар ақиби Ҳаммод намозгузоштагон намози худро иъода кунед, ин суханон дар китобҳо навишта шавад ва ору номуси он то ба қиёмат боқӣ хоҳад буд. Ҳоло ин шарм дар ту нест шуд».
ДАР БАЁНИ РАД НАМУДАНИ ОН ҲАЗРАТ
Аз Рабиъ ҳикоят мекунанд, ки гуфт: «Дар замони охирин хилофати бани Умия, ки ҳокими Ироқ Ибни Ҳубайра буд, маро барои овардани Имоми Аъзам вармуд. Имоми Аъзамро ҳозир кардам. Ибни Ҳубайра фармуд, то Имоми Аъзам мутаваллӣ ва хазинадории Байт-ул-молро ба ӯҳда бигирад. Он ҳазрат рад карданд ва Ибни Ҳубайра бо қаҳр чанд тозиёна эшонро бизад». Ин ҳикоят чунин аст, ки Ибни Ҳубайра ҳокими Ироқ буд.
Вақте дар Ироқ фитна пайдо гашт, уламо ва фуқаҳоро ҷамъ кард, мувофиқи ҳар кадом амале муайян кард. Имоми Аъзамро дар Байт-ул-мол нозиру муьаваллӣ таъин карданӣ шуда гуфт: «Ҳарчи аз Байт-ул-мол ворид гардад, бояд бо имзо ва мӯҳри Имоми Аъзам ворид шавад». Аммо Имоми Аъзам хомӯш буданд. Гуфт: «Агар розӣ нашваӣ, тозиёна хоҳад зад». Уламо ҷамъ омаданд ва гуфтанд: «Мо ҳама бародар ва хайрхоҳи шумоем, ҳалоки шуморо намехоҳем. Мо худ низ аз амали қабулкардаи хеш розӣ нестем, шумо низ розӣ шавед».
Имоми Аъзам гуфтанд: «Ман ҳаргиз розӣ намешавам, ҳоким ҳар чӣ хоҳад бикунад». Ибни Ҳубайра Имоми Аъзамро ду ҳафта дар зиндон нигоҳ дошт ва ҳар рӯз эшонро шиканҷа мекарданд. Дар охир Ибни Ҳубайра Имоми Аъзамро озод кард. Имоми Аъзам ба асп савор шуда ба Маккаи муаззама рафтанд ва он ҷо ист намуданд, ки он вақт санаи 130 ҳиҷрӣ буд.
Дар замони хилофати Мансур ба Кӯфа баргаштанд ва Мансур бо таъзиму икром пешвоз гирифт. Ҳамчун ҳадя як ғулом ва даҳ ҳазор танга инъом кард, аммо Имоми Аъзам аз қабули он худдорӣ карданд. Дар ривояте, меоранд, ки Ибни Ҳубайра шабе пайғамбарро дар хоб дид. Пайғамбар алайҳиссалом гуфт: «Олим ва уммати бегуноҳи маро аз лат кардан натарсидӣ?» баъди ин хоб Ибни Ҳубайра аз тарс Имоми Аъзамро озод кард.
Баъд аз ин воқеъа Имоми Аъзам гуфтанд: «Аз ин ҳодиса модарам бисёр андӯҳгин шуданд ва андӯҳгинии модарам аз тозиёнаи Ибни Ҳубайра бар ман сахттар буд». Дар байни Имоми Аъзам ва Мансури халифа монанди ин воқеъа рӯ додааст, ки ҳикояташ чунин аст. Баъди вафоти Абу Лайло муддате Кӯфа бе қозӣ монд. Мансур гуфт:
«Кӯфа аз қозии боадл холӣ монд, акнун аз уламо якеро бояд интихоб кард». Ва амр кард, ки Абӯҳанифа, Сӯфён, Мисъар ва Шарикро ҳозир кунанд. Сӯфён дар роҳ гурехт, Мисъар худро ба девонагӣ зад ва ҳар ду халос шуданд. Мансур ба Абӯҳанифа қозигиро таклиф кард, аммо Имоми Аъзам онро рад карданд. Мансур қасам ёд кард, ки бояд ту қозӣ шавӣ. Имоми Аъзам низ қасам ёд карданд, ки қозӣ шудан намехоҳам.
Рабиъ, ки дарбори халифа буд, ба Имоми Аъзам гуфт, ки амиралмӯъминин қасам ёд кард, қозигиро қабул кунед. Имоми Аъзам гуфтанд: «Амиралмӯъминин ба қасами каффора додан аз ман бойтар аст». Мансур бо қаҳр ба ҳабси Имоми Аъзам амр кард. Рӯзи дуввум Мансур бо исрор талаб намуд, ки Имоми Аъзам ба қозигӣ ризоят бидиҳад, аммо эшон бори дуввум низ рад карданд. Халифа гуфт: «Дуруғ мегӯӣ!» Имоми Аъзам гуфтанд: «Дар шариати ғуррои ислом дурӯғгӯй набояд қозӣ шавад». Мансур боз ба ҳабси Имоми Аъзам хукм дод.
ДАР БАЁНИ АХЗИ ҚИРОАТ
Имоми Аъзам аз ҳафт кории Қуръон, ки ҳазрати Имоми Осим яке аз онҳост, қироат омӯхтаанд. Қуроати ҳазрати Имоми Аъзам аз ҳар олӯдагӣ пок аст, зеро дар қироат устоди эшон Имом Осиманд.
ДАР БАЁНИ АЗ ХУД НАМУДАНИ ИЛМИ ҲАДИС
Ҳазрати Имоми Аъзам аз чаҳор ниммаи тобеъин ҳадис шунидаанд. Исроил ибни Юнус мегӯяд: «Абӯҳанифа ҳадисро хуб дар ёд дошт. Фиқҳро ба ҳадис муваофиқ намуда, таҳқиқ мекард ва фиқҳи дар ҳадис бударо аз дигарон беҳтар медонист». Имом Абӯюсуф мегӯяд: «Ҳеҷ кас дар тафсири ҳадису асрори нозуки фиқҳро мисли Имоми Аъзам нуқтасанҷона маънидод карда наметавонист. Дар ин боб донотар аз эшон касеро надидаам».
Юоз Абӯюсуф гуфтааст: «Ду бисёр масъалаҳо мухолифат намудам, аммо баътар хуб фикр карда, дар охир ба он хулоса омадам, ки роҳи Имоми Аъзам наҷотбахшандатарин аст». Ва боз Абӯюсуф мегӯяд: «Бисёртар дар баҳсу мунозира мепардохтем ва ҳадиси Имоми Аъзамро саҳеҳтар меёфтем. Ҳар масъалае, ки аз Имоми Аъзам содир мешуд, он қавл дар байни уламои Кӯфа доир мешуд.
Ман ҳам барои тақвияти он қавл дар ҷустуҷӯи ягон ҳадис ё асар мешудам ва ҳолатҳое буд, ки ду-се ҳадис дучорам меомад. Рӯзе Имоми Аъзам дар назди Аъмаш буданд ва мардум аз масбил суол мекарданд. Имом Аъмаш аз Имоми Аъзам пурсид: «Ё Абӯҳанифа, ҷавобҳои муносибро аз куҷо пайдо мекунӣ?» Имоми Аъзам гуфт: «Аз ҳадисҳое, ки худ ривоят кардаед».
Баъд ҳадисҳои зиёде аз Аъмаш ривоят карданд. Аъмаш гуфт: «Боракаллоҳ Абӯҳанифа, дар чиҳил рӯз ривояту таҳдиси ҳадис кардаи маро дар як соат баён кардӣ». Баъд ба фуқаҳо гуфт: «Шумоён табибонед, мо муҳаддисин сайёдем, аммо Абӯҳанифа ҳам табиб ва ҳам сайёди хуб аст».
(идома дорад)
Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/din/1537-tarikhi-imomi-azam.html
-
06.11.2026 17:09
188
Паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи Конститутсия
-
04.11.2026 11:40
117
Душанбе — маркази сулҳ: Ҳамоиши таърихии СММ барои ояндаи наслҳо
-
30.10.2026 13:02
112
Дипломатияи созанда дар Минск: Тадбирҳои нави Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ намудани тавофуқоти олии ИДМ
-
16.10.2026 13:18
745
Рӯзгори синамои тоҷик: аз «Қисмати шоир» то муваффақиятҳои байналмилалии имрӯз
-
14.09.2026 04:00
398
Парламент ва дипломатияи миллӣ: 35 соли мустақилияти Тоҷикистон
-
08.05.2026 19:24
902
9 май – Ғалабае, ки то имрӯз зинда аст
-
04.11.2026 11:44
92
Энергетикаи асри нав ва рӯзгори рақамӣ: Иштироки Тоҷикистон дар ҳамоишҳои нафту гази ҷаҳон «ADIPEC-2026» дар Абу-Забӣ
-
30.10.2026 12:50
230
Сармоягузории 62 миллион евроӣ ба рӯзгори мардум: Навсозии роҳи Сари Хосор ва оби тоза барои Кӯлоб
-
28.10.2026 17:41
124
Тандеми бонкҳои Тоҷикистон ва ширкати «Textima»-и Олмон барои рушди саноати ватанӣ
-
25.10.2026 20:01
469
Бахши «Мусоҳибаҳо»-и сомонаи «Рӯзгор»: оинаи зиндагӣ ва таҷрибаи наслҳо
-
19.10.2026 12:09
359
The Belfast News Letter: Рӯзномае, ки аз нома то афсона расид
-
12.10.2026 00:59
640
“Wiener Zeitung”: Рӯзномае, ки Империяро дид ва ба рақам гузашт
-
08.11.2026 17:12
184
5 маҳсулоти дастрас, ки масунияти кӯдакро табиатан баланд мебардоранд
-
04.11.2026 20:08
145
Аз «гала», «офтоб» то «қум-қум» ва «ятим»
-
01.11.2026 23:29
162
Оё вожаҳои тоҷикӣ решаи ибрӣ ва оромӣ доранд? - I
-
30.10.2026 13:04
117
Фарёди ёди Лоиқ дар қалби Русия: Бозтоби худогоҳии миллӣ ва сулҳпарварии тоҷикон дар маҳфили адабии Москва
-
30.10.2026 12:55
216
Пешниҳодҳои таърихии Тоҷикистон дар Форуми маорифи Осиёи Марказӣ дар Тошканд
-
28.10.2026 18:00
129
Маърифати инсон дар оинаи афкори Мавлоно: Ҷойгоҳи ахлоқи ҷовидонаи Балхӣ дар рӯзгори рақамӣ
-
23.10.2026 12:43
381
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
-
02.10.2026 13:53
413
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
-
30.09.2026 11:18
400
Қиссаи нонпазе дар қалби Cибир
-
12.10.2026 01:06
472
Марҳалаҳои даъвати Паёмбар (с)
-
17.09.2026 21:27
429
Издивоҷи Паёмбар (с) бо Хадиҷа
-
10.09.2026 22:44
672
Паёмбар (с) таҳти сарпарастии Абдулмутталиб
-
01.11.2026 11:40
109
Асри стресс: Чӣ тавр зани муосир метавонад руҳияи худро ҳифз кунад?
-
25.10.2026 19:56
284
Зан - роҳбар: Мушкилоти мувозинат байни кор ва оила
-
14.10.2026 23:09
821
Ҳифзи ҳуқуқи зан ва пойдории оила: Роҳҳои пешгирӣ аз зӯроварӣ ва талоқ
-
12.08.2026 23:15
1144
СУЛҲИ ТОҶИКОН: ХАТИ ВАСЛ АСТ, НА ХАТИ ФАСЛ
-
07.07.2026 12:25
699
Истиқлолияти давлатӣ – пояи давлатдории миллӣ ва кафили рушди устувори Тоҷикистон
-
18.06.2026 23:00
2533
«Ҷашни Ваҳдати миллӣ муборак!»
-
01.11.2026 11:27
118
ҶҶ 2022: Ҷоми Месси ва финали афсонавӣ дар Қатар
-
25.10.2026 19:41
235
ҶҶ 2018: Пирӯзии дуввуми Фаронса дар сарзамини Русия
-
21.10.2026 22:04
736
Мактаби дипломатияи Тоҷикистон дар Женева: Ошноии донишҷӯёни аврупоӣ бо ташаббусҳои ҷаҳонии Душанбе
-
01.11.2026 11:34
104
Маҳатма Ганди - Падари миллати Ҳиндустон
-
01.11.2026 11:24
105
5 қоидаи тиллоӣ: Чӣ тавр ҳамёни электрониро аз қаллобон муҳофизат кунем?
-
19.10.2026 12:07
418
Искандари Мақдунӣ офарандаи империяи ҷаҳонӣ










































