01:37:07 01-уми Июли 2025 сол
Рӯзи қудс. Чаро? Аҳамияти Байтулмуқаддас 27.07.2014 13:37 1674
Якум. Фаластин, сарзаминест, ки дар он аввалин қиблаи муслимин, дуввумин масҷиди Ислом, саввумин ҳарами шариф (баъд аз Макка ва Мадина) қарор дорад ва бино ба фармудаи имом Алӣ (а) яке аз чаҳор қасри биҳиштӣ дар дунё ...
Тақдири талхи усарои рус қабл аз ҳамроҳшавии Осиёи Миёна ба Русия 14.07.2014 15:28 1572
Дар дастурамали сиёсии дилхоҳ сафорати русӣ дар хонигариҳои осиёимиёнагӣ дар охири асри XVIII ва аввали асри XIX ҳатман маҳалли озодсозии асирони русӣ вуҷуд дошт. Дар сурате, ки Русия бо ин кишварҳо ҳеҷҷанге накардааст, пас ин асирон аз куҷо пайдо шудаанд?
Аз таърихи тобеи Русия шудани хонигарии Хива 02.07.2014 09:06 1869
Муносибатҳои Русия бо кишварҳои Осиёи Миёна таърихи дуру пурмоҷароеро дорост. Таърихнигори маъруфи кишварамон, доктори илмҳои таърих Виктор Дубавитский ба таърихи ин муносибатҳо назари тозае андӯхтааст, ки аз навиштаҳои замони шӯравӣ ва бархе аз таърихнигорони замони мо тафовут дорад.
Умре дар ёди халқ 08.05.2014 16:48 1461
Агар дар бораи Ҷумҳурии Озарбойҷон сухан гуфтан даркор бошад, бегуфтугӯ, пеши назар симои абадзиндаи пешвои умумимиллии Озарбойчон Ҳайдар Алиризо Оғлӣ пеши назар меояд. Аз хусуси чеҳраи сиёсии ӯ ҳарф задан басо мушкил аст, зеро бо чанд андеша наметавон ба кору пайкор ва фаъолияти ҷамъиятиву сиёсиаш осон андешаронӣ намуд.
Ҳайдар Алиев: Аз чеҳраи сиёсии № 4-и Шӯравӣ то наҷотбахши Озорбойҷон 01.05.2014 14:04 1500
Шахсияти ӯ то имрӯз барои он мавриди эътироф ва баҳсу баррасӣ қарор дорад, ки ҳайсият ва бузургии ӯро на танҳо мардуми кишвараш, балки душманони Озорбойҷон ҳам эътироф кардаанд. Ӯ ба ин хотир ба мардуми кишвараш маҳбуб ва мояи ифтихор аст, ки дар соли 1969 нахустин касе аз роҳбарони Озорбойҷон буд ....
Муҳаммад Валихони Дарвозӣ, яке аз асосгузорони дипломатияи Афғонистони муосир 21.04.2014 15:10 2562
Муҳаммад Валихон, фарзанди Шоҳ Абулфазлхони Дарвозӣ буд. Амаки ӯ Шоҳ Маҳмудхони Дарвозӣ аз хонаводаи шоҳони Дарвоз будааст. Тавре бозмондагонаш ба хотир супурдаанд, Муҳаммад Валихони Дарвозӣ дар соли 1875 ба дунё омадааст. Аҳли хонаводааш мегӯянд, ки Амир Ҳабибуллоҳ ӯро " ака" хитоб мекард ...
Тақдири талхи кайҳоннаварди афғон 17.04.2014 12:53 1774
12 апрел- Рӯзи кайҳоннавардӣ, фатҳи кайҳон эълон шуда, он ҳамасола дар сайёра таҷлил мегардад. Юрий Гагарин- нахустин кайҳоннаварди руси Шӯравии собиқ аст, ки соли 1961 тавассути сафинаи "Восток-1" роҳ ба кайҳонро кушод. Шӯравӣ собит сохт, ки акнун кайҳонро низ дар ихтиёр дошта, метавонад амрикоиҳоро, ки ба сохти сотсиализм душманӣ меварзанд ....
Таъсиси Покистон низ дар наврӯз аст 31.03.2014 11:35 1777
Расо 74 сол пеш 23 марти соли 1940 дар шаҳри Лоҳури онвақта Ҳиндустони Британӣ (мустамликавӣ) ҳамоиши мусулмонони нимҷазираи Ҳинд баргузор шуд. Иштирокчиёни ҳамоиш якдилона ба қароре омаданд, ки дар нимҷазираи Ҳинд давлати мустақили мусулмононро таъсис диҳанд.
Қиссаҳои таърихӣ аз рӯзгори Умар Ибни Хаттоб 2 04.03.2014 00:12 1856
Дар ҳақиқат, ҳар як аз ин ҳикоёти таърихӣ намунаи возеҳ ва равшане аз адолати Умар ибни Хаттоб мебошад. Тавре дидем, Умари Форуқ дар қазияи аввал ҳаққи як нафари қибтии насрониро аз писари Амр ибни Оси араб, ки мусалмон ва фарзанди...
Қиссаҳои таърихӣ аз рӯзгори Умар Ибни Хаттоб 27.02.2014 12:13 1666
Дар айёме, ки Амр ибни Ос аз тарафи Умар ибни Хаттоб, халифаи дуюми рошидин, мулаққаб ба Умари Форуқ, волӣ ва фармонравои сарзамини Миср буд, дар яке аз майдонҳои умумии шаҳре, ки қароргоҳаш дар он ҷо буд, мусобиқаи аспдавонӣ баргузор шуд.
Қиссаҳои таърихӣ аз рӯзгори Имом Шомил – IX 24.02.2014 11:55 1578
Ҷамолиддин ба модар бо чашмони пурҳайрат менигарист. Ба назараш чунин менамуд, ки ӯро бори аввал мебинад. Баногоҳ овони ҷавониву зебоии модар ба ёдаш омад. Дар бачагиаш модар ба ӯ ана ҳамин хел нончаҳо мехӯронд. Дар сари гаҳвораи аспакмонанд нишаста, ба ӯ суруди навҷавонеро, ки шири шер хӯрда, калон шудааст, мехонд. ....
Қиссаҳои таърихӣ аз рӯзгори Имом Шомил – VII 12.02.2014 18:27 1378
Гаравгони ҳаштсола ҷавони бистучаҳорсола шуда ба Доғистон баргашт. Имомро басо қуввату тоқат ва ҳилаву тазвир лозим шуд, то писарашро гардонда гирад. Шомил ба подшоҳ бисёр асирони...
Қиссаҳои таърихӣ аз рӯзгори Имом Шомил – VI 07.02.2014 15:20 1351
Ҳақбердил Муҳаммад маҳви ҳайрат шуд. Шомил то ҳол асирро бе бозхарид надода буд, аммо бо вай баҳс кардан мумкин нест. Мурид ба асираи худ гуфт: -Ҳозир ман туро гашта ба назди падару модарат мебарам. Аҷаб хурсанд мешаванд. Ба онҳо мегӯйӣ, ки Шомил роҳзан нест.
Қиссаҳои таърихӣ аз рӯзгори Имом Шомил – V 31.01.2014 15:45 1626
"Дар суруд аз ду якеро биҷӯй - ё хандаро, ё гиряро. Ба мо -мардуми кӯҳистон ҳозир на ин даркору на он. Мо ҷангидан дорем. Ба сар сад азобу машаққат ояд ҳам, шиква кардану ашк рехтан аз рӯйи мардӣ нест. Аз тарафи дигар, мо ба хандаву шодӣ ҳам асос надорем.
Қиссаҳои таърихӣ аз рӯзгори Имом Шомил – IV 27.01.2014 11:10 1475
-Ман ин ҷо,-гуфт имом бо овози баланд ва дар як он худро ба дигар сӯ гирифт. Дами табар ба ҳамон ҷойи девор, ки Шомил як лаҳза пештар меистод, сахт фурӯ рафт. Сипас Шомил лаҳзаи мувофиқро ёфта, худро ба болои душманаш афканд. Душман аз Шомил пурзӯртар ва қаттолтар буд.