20:31:38 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Ҳайдар Алиев: Аз чеҳраи сиёсии № 4-и Шӯравӣ то наҷотбахши Озорбойҷон

Оғоз

Шахсияти ӯ то имрӯз барои он мавриди эътироф ва баҳсу баррасӣ қарор дорад, ки ҳайсият ва бузургии ӯро на танҳо мардуми кишвараш, балки душманони Озорбойҷон ҳам эътироф кардаанд. Ӯ ба ин хотир ба мардуми кишвараш маҳбуб ва мояи ифтихор аст, ки дар соли 1969 нахустин касе аз роҳбарони Озорбойҷон буд, ки ба муносибати 50-солагии Донишгоҳи давлатии Озорбойҷон, барои аввалин бор ба мардум бо забони озарӣ паём дод ва ин дар замони рукуди Шуравӣ як ҷасорат ва пардадарии сиёсиро тақозо мекард.

1 geydar-aliev 554545Ӯ аз касоне буд, ки дар соли 1978 бо талоши худ зимни қабули Қонуни Асосӣ ба забони озарӣ мақоми давлатиро дод ва бо ин ҷасораташ на танҳо дар Озорбойҷон, балки дар сатҳи Шӯравӣ ба яке аз чеҳраҳои сиёсии матраҳ табдил шуд. Кореро, ки ҷамоҳири дигар бо майдонишиниву муборизоти густарда даҳсолаҳо баъд тавонистанд бикунанд. Дар давоми роҳбари Озорбойҷони Шӯравӣ буданаш 330 корхонаи саноатӣ таъсис кард ва 12 маротиба кишвараш дар мусобиқоти сосиалистии сатҳи умумумииттифоқ ғолиб омад.

Дар соли 1982 аз миёни 12 муовини раиси Шӯрои Вазирони ИҶШС маҳз ӯ муовини аввал баргузида шуд ва ин нишонаи он буд, ки ӯ дар ин замон яке аз 3-4 сиёсатмадори барҷастаи Шӯравист. Ӯ яке аз номзадҳои ҳисобшуда ва воқеӣ барои роҳбари Шуравӣ дар соли 1983 буд. Ӯ бо ин ҷасораташ, ки баъди ҳамлаи неруҳои Шӯравӣ ба Боку дар 20 январи соли 1990 бо доир кардани нишасти хабарӣ дар Маскав онро маҳкум ва Горбачёвро гунаҳкор кард, ба яке аз фигураҳо ва лидерҳои матраҳи мардумӣ бадал шуд. Ӯ чеҳрае буд, ки профессори Донишгоҳи Ҳарвард, Девид Кинг гуфта буд: «…. тавонист иқтисоди Озорбойҷонро табобат кунад». Ва ӯ Ҳайдар Алиев буд, ки намешавад танҳо бо ҳамин гуфтаҳо шахсияти баҳсбарангезашро бозкушоӣ кард…

Алиев, кӯдакиву таҳсилу кор ва марг

Ҳайдар Алиевич Алиев (Ҳайдар Алирзо оғли Алиев), 10 майи соли 1923 дар шаҳри Нахиҷавон, дар хонаводаи коргари роҳи оҳан таваллуд шудааст. Миёни 8 фарзанди хонавода (бародаронаш Ҳасан, Ҳусейн, Оқил ва Ҷалол ва хоҳаронаш Сура, Шафиқа ва Рафиқа) фарзанди чаҳорум буд, ки хонаводаи онҳо аз деҳаи Ҷомартлии уезди Зангезур (ҳоло деҳаи Танаати вилояти Сюники Арманистон) то таваллуди Ҳайдар ба Нахиҷавон омада буданд.

Модари падараш аз деҳаи Уруд (ҳоло Варатан дар Арманистон) буд. Дар миёни хешутабори ӯ нафароне буданд, ки дорандаи унвони ифтихории карбалоӣ буданд, ки аслан ба мусалмонҳои аҳли ташайуъ, ки ба Карбало зиёрат мерафтанд, дода мешуд. Худи Алиев дар яке аз мусоҳибаҳояш гуфта буд: «Ман бар асоси решаҳои хешутабориям ба дини мусалмонӣ тааллуқ мегирам. Аз руйи миллият озарбойҷонӣ ҳастам ва ман бо ин решаҳоям ифтихор мекунам».

Алиев дар соли 1939 Техникуми омӯзгории Нахиҷавонро бо мадраки аъло хатм мекунад ва шомили факултаи меъмории Донишкадаи саноатии Озорбойҷон (ҳоло Академияи нафти Боку) мешавад. Аммо бо далели оғози ҷанги Ҷаҳонии дувум имкони хатми донишкадаро аз даст медиҳад.

Соли 1941 ӯ ба ҳайси мудири шуъбаи НКВД ва Шӯрои комиссарони халқии ҶАСС Нахиҷавон кор мекунад ва дар соли 1944 хидматро дар системаи амнияти давлатӣ оғоз менамояд. Соли 1945 курси бозомӯзии тахасусии Мактаби омодасозии ҳайати роҳбарикунандаи амалётии КБД (КГБ) ИҶШС-ро хатм мекунад ва худи ҳамон сол узви ҳизби коммунист мегардад. Соли 1948 сардори раёсати 5-уми КБД оид ба Озорбойҷон мешавад. Солҳои 1949-50 бори дигар дар Мактаби омодасозии ҳайати роҳбарикунандаи амалётии КБД ИҶШС дар Ленинград таҳсил мекунад.

Соли 1956 ӯро дар вазифаи муовини сардори шуъбаи бокугии КГБ таъин менамоянд, ки дар ин вазифа чандин амалёти муҳимро мегузаронад ва шахсияти худро ба унвони як роҳбар ва мутхассиси варзидаи соҳаи бехатарии давлатӣ дар фазои вақти Озорбойҷон рӯнамоӣ мекунад.

Дар соли 1957 факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Озорбойҷонро хатм менамояд. Соли 1960 ӯ Сардори шуъбаи зиддиҷосусии КДА ва соли 1964 муовини раиси КДА Озорбойҷон таъин мешавад. Зимни ба ин вазифа таъин шуданаш ӯ аз ҷониби роҳбарияти КДА-и ИҶШС баҳои баланд мегирад. Соли 1966 ӯ курси омодасозии ҳайати роҳбарикунандаи Мактаби Олии ба номи Дзержинскиро хатм мекунад ва номзад ба аъзогии КМ ҲК Озорбойҷон мешавад. 21-уми июни соли 1967 Алиев раиси КДА Озорбойҷон таъин ва рутбаи генерал майори амниятро соҳиб меградад.

Ҳайдар Алиев соли 1948 бо духтари Муншии аввали ҳизби вилояти Доғистон издивоҷ мекунад. Ҳосили ин издивоҷ дар соли 1956 духтарашон Севил ва дар соли 1961 писарашон Илҳом буд. Се бародараш Ҳасан, Оқил ва Ҷалол ва хоҳараш Рафиқа дар соҳаҳои гуногун олим шуданд. Бародари дигараш Ҳусейн фаъолиятҳои бадеъӣ мекард. Хоҳараш Сура журналист шуд ва хоҳари дигараш Шафиқа омӯзгор гардид.

21-уми апрели соли 2003, Алиев зимни суханронӣ ба муносибати 30-солагии таъсиси Омӯзишгоҳи низомии ба номи Ҷамшеди Нахиҷавонӣ ба бемории қалб гирифтор гардид. Бори дигар кӯшиш кард,ки суханронияшро давом диҳад, аммо аз ҳуш рафт. Баъди чанд дақиқа боз болои минбар омад ва бо «ман ба Шумо саломатӣ, хушбахтӣ ва муваффақият мехоҳам» ба охир расонад.

Замоне, ки дар ҳоспитали низомии «Гулхона»-и Туркиё табобат мегирифт писараш Илҳом Алиев номзади мақоми президентии кишвараш гардид. Моҳи август Алиев ба Кливленди ИМА (Иёлати Огайо) барои табобат бурда шуд. Баъдан муроҷиатномаи ӯ аз тариқи телевизиони давлатии Озорбойҷон пахш шуд, ки мегуфт номзадии худашро ба манфиати писараш бозпас мегирад. Ва дар интихоботи 15-уми октябр писараш баранда эълом шуд.

Ҳайдар Алиев 12-уми декабри 2003 дар беморхонаи Кливенд аз олам даргузашт ва бо ҳамин даврони ҳузури мустақими ӯ дар қудрати сиёсии Озорбойҷон саромад. Ҷанозаи ӯ ба Боку оварда ва дар масҷиди Тоза Пир шустушӯ шуд. Ва 15 декабр ҷанозаи ӯ дар қабристони ифтихории Аллее дар паҳлуйи ҳамсараш ба хок супурда шуд, ки дар маросими дафни ӯ сарони як қатор кишварҳои мантақа ва чеҳраҳои маъруф иштирок карданд.

Алиев чеҳраи матраҳи Озорбойҷони шӯравӣ

Замоне ки ӯ ба сифати муовин ва раис дар КДА Озорбойҷон кор мекарда яке аз муборизини аршад алайҳи фасоди молӣ ва идорӣ буд ва ин аз увлавиятҳои кор дар оғози роҳбарии Брежнев буд. Ҳамин самти кори ӯ ба Брежнев бисёр писанд омад ва Бржнев ба Алиев алоқаи махсус пайдо кард, ки саранҷом соли 1969 Алиев дар мақоми Муншии аввали ҲК Озорбойҷон мансуб шуд. Ин замоне буд, ки компайни зидди фасод дар Шӯравӣ мерафт ва Алиев нафарони калидии сатҳҳои баланди давлатро, ки дар коррупсия даст доштанд ба ҷазои қонун гирифтор кард.

Аз ҷумла 5 раиси совхозу колхоз ба ҳукми эъдом маҳкум шуданд. Бо амри мустақими ӯ КДМ ва ВКД-и Озорбойҷон тамоми ҳайати нозироти савдои Вазорати савдои кишварро, ки аз 24 нафар иборат буд ба маҳкама кашиданд. Дар 5 соли аввали роҳбарии ӯ бештар аз нисфи вазирон барканор ва 8 (аз 10) аъзои бюрои КМ, 37 котиби райком (аз 45) барканор шуданд. Чунин малакаи кор Алиев дар сатҳи шӯравӣ шахсияти ӯро ба шахсияти барозанда табдил медод. Баъди ин гунаи шеваи кор собиқ раиси КГБ-и ИҶШС Д. Бобков гуфта буд, ки аз Алиев пурсидам: «Дар ин замина (мубориза лайҳи фасод) дастоварди зиёд доред?», Алиев гуфт: «Як чизро кафолат медиҳам, ки дар КМ – и Озорбойҷон ришва намегиранд».

Ин муборизоти Алиев дар ҳоле буд, ки баъдтар мухолифинаш ӯро ба иттиҳомоти фасоди идорӣ аз ҷумла маҳалгароӣ дар таъини кадрҳо дар даврони фаъолияти муншигиаш гунаҳкор мекарданд. Аз ҷумла яке аз мунтақидони сарсахти ӯ Зардушт Ализода фаъоли ҷунбиши демократию миллихоҳии солҳои 1980-90-уми Озорбойҷон буд.

Дар замони мудирияти Алиев ба унвони роҳбари Озорбойҷони Шӯравӣ ин кишвар дар сатҳи Иттиҳод Шӯравӣ ба як ҷумҳурии пешрафта, хусусан дар соҳаи иқтисод табдил ёфт. Ин давраи ба як шахсияти фароозорбойҷонӣ тадил шудани Алиев дар ҳоле буд, ки Рашидов дар Узбакистон ҳамчун роҳбари фасодкор ва маҳалгарову хештуборпараст ва Кунаев дар Қазоқистон айнан ба ҳамин гуноҳҳо мутаҳам шуда буд. Е. Примаков, сиёсатмадори варзидаи рус дар бораи ин давраи роҳбарии Алиев гуфта буд:

«Бо роҳбарии ӯ Озорбойҷон ба яке аз ҷумҳуриҳои муваффақу гулгушукуфони шӯравӣ табдил шуд. Иқтисод, саноат ва хоҷагии қишлок бо шиддат тавсеа ёфт. Киномоторрафияи Озорбойҷон бисёр маъруф шуд». Худи Ҳайдар Алиев дар ин маврид гуфта буд: «Он низом (манзур Шӯравӣ) низ бартариятҳои худро дошт. Имкониятҳои онро ман барои тавсеаи Озорбойҷон истифода кардам. Барои мисол дар солҳои 70-80-ум ман 10 маротииба истеҳсоли ангурро афзудам, аз 200 ҳазор тона ба 2 млн тона расондам. Аз ин ҳисоб Озорбойҷон хеле доро шуд. Мутаасифона дар даврони гузариши соли 1988-89 хеле аз чизҳоеро, ки мо эҳдос карда будем, шикастанд…».

Алиев, ки бо чунин мудирият дар маҳдудаи низоми моноидеологии коммунистӣ ба як шахсияти фароозорбойҷонӣ табдил гардид ва номзадӣ ба узвияти Бюрои сиёсии КМ ҲК ИҶШС-ро соҳиб шуда буд, дар сатҳи роҳабрии шӯравӣ мавриди эҳтиром қарор гирифт. Бар хилофи тамоми принсипҳои ҳамундавраи мақомҳои роҳабарикунандаи КМ-и умумииттифоқ (рус набудан, славян набудан, қафқозӣ будан, мусалмон будан ва ғайра…) ба яке аз мансабҳои калидӣ дар Маскав таъин мешавад.

Алиев чеҳраи сиёсии чоруми Иттиҳоди шӯравӣ

Алиев, ки дар солҳои 1974-79 муовини раиси Шӯрои иттифоқи Шӯрои Олии ИҶШС буд, соли 1976 – номзад ба узвияти Бюрои сиёсии КМ ҲКИШ гардид. Бо омадани Андропов ба роҳбарии ИҶШС дар соли 1982 Алиев ба мансаби муовини аввали Раиси Шӯрои Вазирони ИҶШС таъин шуд. Октябри соли 1986 Алиев мансаби раиси бюрои Шӯрои вазирони ИҶШС дар умури рушди иҷтимоиро соҳиб мешавад. Солҳои 1987-88 мушовири давлатии назди Шӯрои вазирони ИҶШС буд. Ҳамчунин вакили Шӯрои Олии ИҶШС дар даъватҳои 8,9,10 ва 11-ум (1970-89) буд.

Худи Алиев иқрор мешавад, ки маҳз бо даъвати Андропов ба Маскав барои кор омадааст. Дар ин бора дар як мусоҳибааш ба рӯзномаи «Новые Известия» гуфта буд: «Мо дустии бисёр мустаҳкаму наздик доштем, аммо ман гуфтам: «Юрий Владимимрович, иҷоза бидиҳед, ки дар Боку бимонам». Андропов маҷбур кард ва ман муовини аввали ШВ ИҶШС шудам». Дар ин мансаб ӯ соҳоти мошинсозӣ, саноати сабук, нақлиёт ва инчунин фарҳангу маорифро роҳбарӣ мекард. Дар ин даврон солҳои 1982-87 узви Бюрои сиёсии КМ ҲКИШ буд.

Узвияти Алиев дар Бюрои сиёсии КМ ҲКИШ баъди Динмуҳаммад Кунаев дуввумин нафарест, ки аз қисмати давлатҳои осиёиву мусалмонии шӯравӣ интисоб мешавад ва ин маънои хеле фигураи ҷиддӣ будани Алиевро дошт. Дар даврони чеҳраи сиёсии № 4-и шӯравӣ буданаш Кумисиюнҳои муҳими сатҳи Иттифоқ, аз қабили фоҷеаҳои теплоходи «Суворов» ва пороходи «Адмирал Наҳимов», ислоҳоти макотиби Шуравӣ ва ғайраҳоро роҳбарӣ кард.

Алиев номзади эҳтимолӣ ба мақоми роҳбари ИҶШС

Баъди Черненко матбуоти Ғарб ва марказҳои мутолеотии ҷаҳон бисёр ҳадс мезаданд, ки кӣ метавонад роҳбари Шӯравӣ шавад. Дар ин баррасиҳо аз Ҳайдар Алиев низ ном бурда мешуд. Матбуоти Ғарб ин замон навишта буд: «Ягона чизе, ки ба ӯ халал эҷод мекунад ин аст, ки ӯ рус нест». Дар иртибот ба ин мавзуъ, Громико, вазири вақти умури хориҷии ИҶШС дар як мусоҳиба бо журналистони хориҷӣ гуфта буд, ки «Дар Бюрои сиёсии мо се нафар: Романов, Горбачёв ва Алиев ҷавонтаранд. Ахирӣ ба ман аз боқимонда писандтар аст. Алиев ташкилотчии моҳир, инсони одил ва тарбиятдида аст». Маҳз ҳамин будъи шахсиятии Алиев боис шуд, ки Горбачёв дар симои ӯ мухолиф ва рақиби аршади худро бибинад ва барои ҳамеша бо ӯ душман боқӣ бимонад.

Алиев «душман»-и Горбачёв ва барои Шӯравӣ «не годен»

Ҳарчанд Алиев дар Бюрои сиёсӣ аз номзадии Горбачёв ҷонибдорӣ кард, вале Горбачёв дар симои ӯ ҳамеша як рақиби неруманди худро медид. Ва бисёр кӯшиш кард, ки қудрат ва нуфузи Алиевро дар Шӯравӣ ба ҳам бизанад. Дар ин замина духтари Алиев – Севил дар як мусоҳиба гуфта буд: «Замоне Горбачёв котиби одӣ буд онҳо дӯстии танготанге доштанд.

Ҳамеша паҳлуйи ҳам менишастанд. Замони интихоби котиби генералӣ падарам ӯро тарафдорӣ кард. Аммо баъдан ҳама чиз тағйир ёфт. Далели аслӣ ҳасодат буд. Ин аз ин хотир буд, ки матбуоти Ғарб, масълаи ин ки баъди Черненко, кӣ метавонад котиби генралӣ бошадро матраҳ намуд ва бештар рӯйи номи Алиев тамаркуз кард. Дар маҷмуъ расонаҳо болои ӯ бисёр ҳисоб мекарданд ва ӯро баҳои баланд медоданд. Горбачёв табиатан бахил ва касиф буд».

Горбачёв талош дошт, ки Алиевро батамом аз мақомҳои роҳбарии ҳукумати Шӯравӣ канор бибарад. Аз ин хотир компайни густурдаи бадномсозиро алайҳи ӯ роҳ андохт. Черняев, ёвари Горбачёв соли 1987, дар рӯзномаи хотироташ навишта аст, ки «бо аъмоли Алиев сари кор гирифтем. Кофтем, ки кор бо усусли тозакунии рашидовӣ шакл гирифтааст». Ҳамчунин дар ин давра гӯё бо иқрори роҳбарони вақти Шӯравӣ аз Озорбойҷон ба Маскав номаҳои зиёд бо мазмуни суъистифодаҳои Алиев расидааст. Роҳбари Корҳои Шӯрои Вазирони ИҶШС Смиртюков дар ин замина навишта буд:

«Мактуботи зиёде дар мавриди ӯ меомад – ҳам имзодор ва ҳам беимзо. Дар ибтидо ман Тихоновро гуфтам, вале ӯ гуфт ҳар коре мекунӣ бикун, ман сари кор намегирам. Баъдан худам ба пеши Алиев рафтам ва мактубҳоро додам, ки бихонад. Ӯ номаҳоро хонд ва гуфт: «Дуруст аст. Инҳоро ман зиндонӣ карда будам. Инҳо фиребагронанд. Инҳо аз ин қабиланд…..» Ман гуфтам, ки номаҳоро пеши Шумо мегузорам, вале ӯ гуфт, ки не, бигир, барои ман зарур нестанд. Каси дигар мешуд, мегирифту ҳазфшон мекард, вале ӯ онҳо ба ман баргардонду гуфт: «Ҳар чи мехоҳӣ бо инҳо бикун». Баъдтар, тавре худи ӯ ба ман гуфт, Горбачуф ба наздаш мехонад ва мегӯяд, ки мактубҳои бисёре меояд: «Мо бар асоси онҳо кумуссиюн ташкил мекунем ва тафтиш мегузаронем ё худат ба истеъфо меравӣ?» Алиев муқобилият кард, вале ӯро ларзонданд».

Алиев бо он ҷасорат ва шахсияте, ки дошт талаби истефоъ аз ҷониби Горбачёвро рад кард. Вале сарнавишти худро вориди як марҳалаи мушкил намуд. Дар ин замон буд, ки ӯ касалманд муаррифӣ шуд ва рӯзе дар кор ба сактаи қалб мувоҷеҳ гардид. Духтараш дар ҳамон мусоҳибаи ёдшуда чунин гуфта буд:«Саломатии падарам бисёр хуб буд. Ӯ ҳамеша варзиш мекард. Дар масъалаи қалбаш бошад тамоман шикоят надошт. Сактаи қалб худ аз худ рух надод. Падарам бо Горбачёв мухолифати шадид дошт.

Дар хона бо ҳамсуҳбатонаш дар ҳаққи ӯ ҳар гуна суханҳоро ошкоро мегуфт. Табиӣ буд, ки хонаи моро гӯш мекарданд. Одатан ӯ дар хона наҳор мехӯрд, вале он рӯз ӯ дар кор наҳор хӯрд, баъд чанд дақиқа саломатияш безеб шуд ва ӯро сӯзандору заданд. Шояд ин сактаи қалб аз ҳамон сӯзандору ё наҳор буд». Алиевро бисёр маҷбур мекарданд, ки ба истефоъ биравад ва ҳатто вазири тандурустии Шӯравӣ хонааш омада, инро дархост мекунад. Алиев мегӯяд: «тасаввур мекунед, як нафаре, ки ин қадар сол хидмат кардааст ва ин хадамот мантиқи зиндагии ӯро ташкил медиҳанд меоянд ва мегӯяндаш, ки тамом, ту барои хидмат корношоям (не годен к службу) ҳастӣ ва ин адами мувваффақияти туст, бирав роҳат бош».

Мухолифатҳои ӯ бо Горбачёв то андозае буд, ки гӯё Горбачёв мехост ӯро ҷисман нобуд кунад ва худи Алиев гуфта буд, ки «Кумитае, ки ман барои он 30 сол хидмат кардам (манзур КГБ) ҳоло ба ман чун ба душмани низоми коммунситӣ бархӯрд мекунад».

Билохира Горбачёв баъди тазйиқу фишорҳои беҳудуд тавонист, ки аризаи истеъфои Алиевро бигирад: «Се моҳ маро болои кат иҷборан доштанд. Баъдан якунми моҳи дигар давраи тавонбахширо пушти сар гузарониданд. Ҳамаи ин бо ин мушовара анҷом ёфту тасбит шуд, ки гӯё ман наметавонам корро дар Шӯрои Вазирон бар иллати саломатиям давом диҳам. Ман мустақиман суол кардам: «Шумо чӣ мехоҳед?»

Вале наметавонистанд ба ман мунсифона бигӯянд, ки супориши Горбачёв аст, ки: «ба ҳар қимате, ки бошад аризаи истеъфои Алиевро бигиред». Аз ин рӯ маро таҳдид ва мутақоид карданд. Ҳамчунин гуфтанд, ки на бештар аз 5 соли дигар метавонам зиндагӣ кунам»,-гуфта буд, Алиев. Чун табибон дар мавриди саломатии ӯ хулоса доданд, ки «не годен» аст, аризаашро пеши Горбачёв бурд. Ва ин ҳолатро чунин нақл мекунад: «Вақте ман аризаи истефоъро пеши Горбачёв бурдам вай бисёр хурсандӣ кард! Маро оғӯш гирфт, бӯсид. Ва гуфт, раҳмат».

Дар солҳои 1988-1990 Алиев нафақахӯри сатҳи Шӯравӣ буд, яъне бекор. Замони бекорияш касе ӯро занг намезаду ҳолпурсӣ намекард, то ҳатто аз Озорбойҷон ҳам ва ба нақли духтараш «аз Бюрои сиёсӣ ҳам ба ҷуз Николай Рижков». Дар ин рӯзҳои тангу тор, - мегӯяд Севил, ки аз Боку телгромм гирифтем, ки «биёйед ва агар дар Боку хона надоред, ман хонаи худамро пешниҳод мекунам». Ва муалифи он Алӣ Инсонов буд. Ин телегромм руҳияи падарамро хеле боло бурд.

Алиев таҳти фишор ва таъқиботи сахт қарор дошт. Ҳатто ӯро аз бӯстонсаро маҳкум карданд, ҳоло он ки тибқи анъана аъзои Бюрои сиёсӣ то охири умр ҳаққи иқомат дар онро доштанд. Бойгонии шахсиаашро дар бӯстонсаро нобуд карданд, ки ба таҳлили шоҳидон хеле аз найрангбозиҳои мансабдорони охири Шӯравӣ дар он маҳфуз будааст.Писараш Илҳом, ки он вақт дар Донишкадаи давлатии муносибатҳои байналмилалии Маскав (МГИМО) дарс медод, ошкоро гуфтандаш, ки бояд аз кор биравӣ.

Ин ба Алиев бисёр сахт мерасад ва ба қабулгоҳи Шеварнадзе занг мезанад, вале ӯ сӯҳбат намекунад. Дар матбуот атрофи ӯ мақолаҳои туҳматангез бисёр чоп мешавад. Севил менависад, ки «мо бо ӯ кӯшиш мекардем, ки ба онҳо ҷавоб гардонем, вале ҳеҷ идораи нашрия мақолаҳои ӯро намепазируфт, сармуҳаррирон аз ӯ рӯ гардонда буданд, мисли дигар ҳамкоронаш дар Бюрои сиёсӣ». Кароулов, яке аз журналистони варзидаи Шӯравӣ дар як барномаи телевизионӣ ин фишору таъқиб ва ҳамчунин сӯйиқасдро кори дасти Горбачёв эълон кард.

Бо вуҷуди ҳамаи ин Алиев бо шахсияте, ки дошт дар муқобили фишорҳои Горбачёв истод кард. Ҳатто дар яке аз Анҷуманҳои КМ ҲКИШ бо эътироз ба Горбачёв мегӯяд: «Шумо хеле зуд моро аз қайд берун мекунед». Ба эътирофи Севил, ки он замон аспиранти Институти шарқшиносии Фарҳангистони шӯравӣ буд, ин анҷумани аъзои «кӯҳна»-и КМ будааст:

«Дар он ҳудуди 100 ё 200 аъзои КМ-ро аз узвият маҳрум карданд. Падар мехост, ки суханронӣ кунад, вале Горбачёв ба ӯ навбати сухан надод, ҳоло он ки гуфта буд: «Ман Шуморо мебинам, рафиқ Алиев». Падарам бидуни иҷозаи ӯ рӯйи минбар мераванду эътироз мекунанд». Ин ҷасорате буд, ки миёни 200 тан танҳо аз Алиев зоҳир шуд.

Алиев барои наҷоти Озорбойҷон бармегардад

2 geydar-aliev 554545Сарнавишти маскавии Алиев ба масъалаи маҳбубият ва эътирофи он дар Озорбойҷон латмаи сахт зада буд. Аммо ҳаводиси январи соли 1990 шахсияти ӯро дигарбора дар Озорбойҷон матраҳ намуд. Ӯ дар ин ҳаводис аз манфиатҳои милливу давлатии мардуми Озорбойҷон дифоъ кард. Дар алоқамандӣ бо ҳаводиси фоҷиавии 20-уми январи 1990, зимни ҳамлаи неруҳои Шӯравӣ ба Боку Алиев дар рӯзи дувум, дар намояндагии доимии Озорбойҷон дар Маскав (ҳоло сафорати Озорбойҷон) нишатси матбуотӣ (Севил ва Илҳом ҳам ҳузур доштанд) ташкил дод ва дар он ҳамлаи неруҳоро ба Боку баррасӣ ва маҳкум карда, Горбачёвро ба вайрон кардани меъёрҳои Қонуни Асосии ИҶШС мутаҳам намуд. 9-уми феврал Алиев ба рӯзномаи «Вошингтон пост» мусоҳиба дод ва дигарбора гуноҳи Горбачёвро эълом ва аз мавқеи пешинааш дифоъ кард.

Алиев ҳамчун ҳомии мардуми кишвараш дар ҳаводиси «январи сиёҳ» ва дар ҳолати моҷарои сиёсиву низомии Қарабоғи Куҳӣ қарор дод, ки ба Озорбойҷон баргардад.

Дар оғоз Алиев дар Боку буд, аммо ҳукуматдорон аз ӯ талаб карданд, ки пойтахтро тарк кунад ва ба Нахиҷавон рафт. Бо нишони эътироз бар алайҳи сиёсати роҳбарияти шӯравӣ дар робита бо ба вуҷуд омадани низоъи шадид дар Қарабоғи Куҳӣ дар соли 1991 (июл) сафи ҲКИШ-ро тарк кард. 3 сентябри соли 1991 Алиев раиси Шӯрои Олии ҶАСС Нахиҷавон интихоб шуд ва ба қавли худаш аз чеҳраҳои расмӣ ягона нафаре, ки ӯро табрик кард раиси Шӯрои Вазирони Арманистон, Левон Петросиян буд.

Моҳи сентябр дар Озорбойҷон интихоботи президентӣ баргузор шуд, ки дар он ягона номзад – Аёз Муталибов «ғолиб» шуд. Шӯрои Олии Нахиҷавон ин интихоботро напазируфт ва таҳрим эълом кард. Баъдан Муталибов дар барномаи «Время» изҳор дошт, ки «Маҷлисро мунҷар ба эҳсос мекунад». Алиев дар ҷавоби ӯ гуфт, ки «Дар ҳолати ҳуҷуми мусалаҳона 330 ҳазор сокини Нахиҷавон омодаанд Маҷлиси худро муҳофизат кунанд, мисле, ки русиягиҳо Кохи Сафедро дар рӯзҳои кудато (ГКЧП) ҳифз карданд».

Соли 1992 Алиев, бо сарвазири Туркия, Сулаймон Демирел Созишнома дар мавриди ҳамкориҳои танготанг дар умури иқтисод, васоили нақлия ва иртибототро имзо кард, ки дар заминаи он ифтитоҳи масири ҳавои миёни Туркия ва Нахиҷавон баррасӣ гардида буд. Ҳамчунин дар мавриди додани 100 милион доллар қарз ба Нахиҷавон ҳам мувофақа шуд. Ин буд, ки вақте Алиев ба хона баргашт Анҷумани фақулодаи Шӯрои Вазирони Озорбойҷон қарор дар мавриди тасдиқи ҷобаҷогузории моддаи 112-и Қонуни Асосии Озорбойҷонро қабул кард, ки бар асоси он раиси Маҷлиси Олии Нахиҷавон ба мансаби муовини Шӯрои Олии Озорбойҷон барқарор шуд.

Роҳбарияти ҷумҳурии автаномӣ муносиботи хуберо бо Эрони ҳамсояба роҳ монд, ки кӯмаки молии хуберо дар пай дошт. Моҳи август ӯ ба Эрон як сафар анҷом дод ва Созишномаеро дар мавроиди муносиботи ҳамаҷониба ба имзо расонд. Дар Теҳрон ӯ изҳорот дод, «ҳеҷ шайтоне наметавонад муносиботи мо бо Эронро вайрон намояд». Моҳи май Нахиҷавон ба майдони бархӯрди Арманистону Озорбойҷон табдил шуд ва неруҳои арманӣ ин ҷазирақаламрави Озорбойҷонро мавриди ҳуҷум қарор доданд.

Ҷанг дар Нахиҷавон бо табадуллоти давлатӣ дар Озорбойҷон мусовӣ омад. Табаддулоте, ки дар натиҷаи он Муталибов барканор ва Ҷабҳаи халқӣ бо роҳбарии Абулфазл Элчибой ба қудрат расид. Аммо ба Эличбоев ҳам мисли Муталибов муяссар нашуд, ки Нахиҷавонро тобеъ созад.

Октябри ҳамон сол Ҳукумати марказӣ хост, ки Сиёвуш Мустафоевро вазири дохили Нахиҷавон таъин кунад, вале парлумони Нахиҷавон инро қабул накард. 24-уми октябр Ҷабҳаи халқии Озорбойҷон тӯли 8 соат сохтмони ВКД-и Нахиҷавонро муҳосира гирифт ва хост мусоидат кунад, ки Мустафоев ба анҷоми вазоифи хидматияш бипардозад. Баъди эълони Алиев, ки ин таҳмили Ҷабҳаи халқӣ аст, онҳо сохтмони ВКД-ро тарк карданд, рӯзи дигараш Алиев изҳорот дод ва ин ҳодисаро «кӯшиши табадуллоти давлатӣ» унвон кард.

Алиев ба қудрати сиёсӣ баргашт

Мавзеъгириҳои шадид ва ҷасуронаи Алиев дар ростои ҳаводиси «январи сиёҳ», Қарабоғи Куҳӣ ва дигар мушкилоту манфиатҳои милливу давлатии Озорбойҷон дигарбора ӯро ба як лидери сиёсии эътирофшуда табдил дод. Ин буд, ки 21-уми ноябр дар Нахиҷавон ҳизби «Озорбойҷони нав» таъсис шуд, ки роҳбари он Алиев интихоб гардид.

Аз моҳи майи 1993 ба баъд вазъият дар Озорбойҷон муташаниҷ гардид. Дар натиҷаи берун кардани артиши Русия аз як қатор шаҳрҳои ин кишвар ва баргузор гардидани амалиёти «Тайфун» аз тарафи ҳукумат вазъият ҳасостар шуд. Дар ин вазъияти буҳрони сиёсии дохилӣ буд, ки Алиев ба Боку омад. Гӯё ин бо даъвати Элчибой буда бошад. Алиев бо Элчибой дидор кард ва гӯё дар ин дидор ба ӯ мансаби сарвазирӣ пешниҳод мешавад. Вале ба таъкиди Алиев ӯ ин мансабро ба далели ин ки бояд ба як қарори дуруст биояд, напазируфт.

Ҳукумати Элчибой бо полковники ошубгар Сурет Ҳусейнов вориди як даргирии шадид шуда буд ва музокирот бо Ҳусейнов, ки миёнҷӣ Алиев буд натиҷа надод. Дар ин миён, 10-уми июн раиси Маҷлиси Миллӣ Исо Гамбар истефоъ дод ва 15 июн Алиев раиси Порлумони кишвараш интихоб шуд. Шаби 17 ба 18-уми июн Элчибой ба Нахиҷавон, ба деҳаи худаш Келек парвоз кард. Баъди ин, 25-уми июн Маҷлиси Миллӣ дар мавриди барҳам задани салоҳияти президентии Элчибой райъ дод ва онро ба раиси Порлумон, яъне Алиев эъто кард.

Амалкарде, ки ба қавли коршиносн дар он замон ба Қонуни Асосии Озорбойҷон мухолифат дошт. Аз ин рӯ Порлумон қарор қабул кард, ки дар мавриди эътимоди президент райъпурсии умумихалқӣ доир шавад. Шароит дар Озорбойҷон ноамн мегардид ва кишваро ба суйи ҷанги шаҳрвандӣ мебурд. 21 июн полковники артиши кишвар, қавмияташ толиш, муовини вазири дифоъ Алакрам Гумматов ва афсарони бригадаи 704 дар қаламрави 7 ноҳияи кишвар аз эъломи ташкили Ҷумҳурии Автононмии Толишу Муғон хабар доданд. Гумматов истеъфои иҷрокунандаи вазифаи президент Ҳайдар Алиевро талаб кард ва тақозо дошт, ки собиқ президент Аёз Муталибов ба Боку баргардад.   

Рӯшан буд, ки ин амалкардҳои Гумматов алайҳи баргашти Алиев ба қудрат нигаронида шуда буданд. Дар ин гирудорҳо ва муборизоти сиёсиву низомӣ дар Озорбойҷон референдум дар мавриди эътимод ба Элчибой гузаронида шуд, ки дар он 97,5 фоиз алайҳи ӯ райъ доданд.

Дар сентябри ҳамин сол Алиев ба Маскав сафар кард ва бо презенденти вақти Русия Елтсин дидор кард ва бар асоси баҳодиҳиҳои коршиносон иштибоҳоти роҳбарони пешини кишварашро бо Русия баррасӣ кард ва аз омодагии Озорбойҷон барои пайвастан ба ИДМ изҳорот дод ва 25 сентябр Озорбойҷон узви ИДМ гардид.  

Дар ҳамин даврон дар Нахиҷавон боз ҷанг рух дод. Эрон бо далели ҳимоят аз обанбори муштарак ба қаламрави Озорбойҷон ворид шуд. Дар ин замон буд, ки Русия таъсир ва таваҷҷуҳашро ба Озорбойҷон зиёд кард. Мардуми Озорбойҷон аз Туркия барои ҳалли масъала кӯмак хостанд. Вазъият бисёр ба ташаннуҷ кашида шуд. Русия пеши Алиев шарт гузошт, ки ё ҳалли вазъиятро интихоб кунад ё низоъҳои танзимнашавандаи беохирро. Ҳалли масъала ин руй овардан ба Маскав буд. Ин амалкарди Алиевро бештари сиёсатшиносон иқдоми дуруст ҳисоб мекунад, ки ӯ бо истифода аз нуфузи Русия аз бозиҳои Туркияву Эрон халос шуд.

Алиев президент ва тарроҳи «Шартномаи аср»

3-юми октябри соли 1993 Алиев дар интихоботи президентӣ бо шиори «Ман ба Шумо он чизеро медиҳам, ки мехоҳед» 98,8 дарсади райъи мардумро ба даст овард ва дигарбора бар маснади роҳбарии кишвараш нишаст ва ин бор дар симати президент.

Аммо ибтидои презедентии Алиев бо низои Қарабоғи Куҳӣ рост омад ва ин низоъ вазъи Озорбойҷонро ба бесуботии амиқ овард. Ба Алиев даст дод то вазъиятро тағйир диҳад ва ҷангро хотима бахшад. Ӯ ба рушду тавсеаи иқтисод таваҷҷуҳ кард. Дар соли 1995 Қонуни Асосии навро қабул карданд, ки бар асоси он Озорбойҷон аз иқтисоди плонӣ ба иқтисоди бозорӣ гузашт.

Алиев бо ширкатҳои хориҷӣ ҳамкорӣ барои коркарди нафтро ба роҳ монд ва сентябри соли 1994 Шартномаи асрро бо маъруфтарин ширкатҳои истеҳсол ва истихорҷкунандаи маҳсулоти нафтиву гозӣ ба монанди: BP (Бритониёи кабир), Amoco, Unocal, Exxon, McDermott и Pennzoil (ИМА), «Лукойл» (Русия), Statoil (Норвегия), TPAO (Туркия), Delta Nimir (Арабистони Саудӣ) Ramco (Ҳуланд) баста шуд. Ин шартнома нақши боризу истисноӣ дар ҷалби сармоя ва тавсеаи саноати Озорбойҷон дошт ва аз беҳтарин иқдомоти аввали ҳукумронии Алиев маҳсуб мешавад. То ҳатто профессори Донишгоҳи Ҳарвард, Девид Кинг гуфта буд, ки «Алиев тавонист иқтисоди Озорбойҷонро табобат кунад».

Бо ин вуҷуд ҳанӯз ба Алиев имкон нашуда буд, ки амниятро дар кишвараш пурра таъмин намояд ва зимни як сафари ӯ ба хориҷ дар октябри соли 1994 бо кӯшиши чеҳраҳои низомии собиқ ва дар вазифабуда кӯшишҳое сурат гирифт, ки баъдтар Алиев дар як гирдиҳамойии тарафдоронаш ин амалкардро талош барои кудато номид ва дар ин амалкардҳо то ҳатто Маскавро, яъне баъзе нируҳои мухолифи кишварашро, ки ба Маскав панаҳ бурда буданд, гунаҳкор донист.

Дар натиҷаи чораҳои бисёре ба Алиев даст дод, ки вазъияти дохилии кишварашро ба субот биоварад. Соли 1998 Алиев ҳукми қатлро дар кишвар бекор кард. Дар ин миён буд, ки ҳукумат талошҳои бештарро ба истихроҷ ва истеҳсоли маводи нафт мекард, ки барои тавсеаи иқтисод зарур буд ва ба бовари коршиносон дар ин миён рушди кишвар ҳам имконпазир гардид. 11 октябри соли 1998 Алиев бо 76,1% райъи мардум дигарбора президенти кишвараш интихоб гардид.

Алиев ва муносибаташ ба дину шахспарастӣ

Дар як мусоҳиба бо барномаи «Фурмули ҳокимият» Алиев дар мавриди муносбати хонаводааш ба дин гуфта буд: «Модарам доимо ба масҷид мерафт. Рӯза медошт ва дар хонаи мо ба ҷуз модарам каси дигар рамазонро риоят намекард. Вале модарам моро маҷбур намекард, ки одатҳои диниро иҷро кунем. Бар асари ин ман дар муҳити танги миллию динӣ набудаам ва дар ҷавониям ман муҳабати зиёде ба дин надоштам.

Дар ҷомеа, дар ҷойе ки умри ман сипарӣ шуд ҳама чиз миллияту дин омезиш ёфта буд. Аммо дар баробари ҳамаи ин ман мутаваҷҷеҳи дин будам. Ман бо муҳаббат бо забони русӣ Қуръон ва адабиёти зиёди диниро мутолиа кардам. Бо торихи Ислом, таърихи Макка ва Мадина ошно шудам». Соли 1994 ӯ ҳаҷи умра рафт ва аввалин пешвои Озорбойҷоние буд, ки аз соли 1920 ба ин сӯ зиёрати Каъбатуллоҳро анҷом дод. Дар китоби меҳмонони ифтихории Масҷиди Пайғамбар дар Мадина ӯ навиштааст:

«Ба номи Худованди меҳрабон ва бахшоянда! Ман ба унвони мусалмон хушбахтам, ки ба шаҳри муқаддаси Мадина сафар кардам. Шукри Худованд, ки ба андозаи кофӣ ба ман ин хушбахтӣ насиб шуд, ки орзуву ормонеро, ки солҳои зиёд дар дили ман буд, пиёда кунам. Ин ҳодисаи таърихӣ дар вуҷуди ман ҷунбиши бузург ва оромишро эҷод кард. Ман бори дигар муътақид шудам, ки то кадом андоза Ислом ба асосҳои умумиинсонӣ, фалсафӣ ва илмӣ бунёд шудааст. Ман мутаваҷҷеҳи аъзамати Худованди мутаъол шудам».

Алиевро мунтақидонаш барои шахсиятпарастияш ҳамеша интиқод мекарданд. Дар посух ба ин масъала гуфта буд: «Мардум маро дӯст медоранд, ман бо ин муҳаббати онҳо ҳеҷ кор карда наметавонам. Чанде пеш раиси шаҳри Ганҷа хост, ки пайкараи маро дар даромадгоҳи ҳукумат бигузорад. Ман ӯро даъват кардаму гуфтам, даркор нест, ӯ мухолифат намуд. Ман ба ӯ гуфтам: «Вақте мурдам метавони бигузорӣ, агар ки имкон дошта бошӣ». Аммо масъалаи шахсиятпарастии Алиевро «Гуруҳи байналмилалии буҳроншиносӣ» хеле дақиқ ва ба таври мусбат хулоса карда буд: «Шахсиятпарастии Алиев асоси идеологияи Озорбойҷон мебошад, ки мабни бар он аст, ки Ҳайдар Алиев Озорбойҷонро наҷот дод».

Алиев ва гиромидошт аз ӯ

Рӯзи ба қудрати президентӣ расидани ӯ – Рӯзи наҷоти милии мардуми Озорбойҷон эълон шудааст. Дар ин кишвар инчунин алиевшиносӣ дар илм зуҳур кардаву дар институти фалсафаи фарҳангистони улумаш наздики 13 олим ба омӯзиши мероси Алиев иштиғол меварзанд. Ба номи ӯ Қаср, Толорҳои варзишию консертӣ,Фурудгоҳи байналмилалӣ, Маркази фарҳангӣ, Фонд, хиёбон, боғ (ҳама Боку), Киштии нафткаш, тамғаи пуштавии Озорбойҷон ва дар тамоми шаҳру навоҳии Озорбойҷон хиёбонҳои марказӣ номгузорӣ ва бар асоси маълумоти расмӣ дар ин кишвар 60 осорхонаи Алиев ва боғҳои зиёд бунёд шудааст.

Дар як қатор масоҷид, аз ҷумла масҷиди Нахиҷавон «Утоқи хотираи Алиев» таҳия шудааст. Инчунин Академияи вазорати амният, Ҷоизаи давлатӣ, Ордени давлатӣ, қулла дар куҳи Бошдоғ, майдони футбол дар Имишли, Терминали роҳи оҳан дар Ангоя, заводи нафтозакунии Боку, Қубури нафтинтиқолдиҳандаи Боку-Тифлис-Ҷайҳон, Мусобиқаи футболи хурд барои Ҷоми байналмилалии ҷавонон бо ифтихори номи ӯро доранд.

Бахотираи Алиев дар хориҷ аз фазои пасошӯравӣ низ ёдгориҳои гуногуне, аз қабили: Майдон, Театри давлатӣ дар Тифлис, хиёбон дар Иордания, кӯча дар Изроил Анқара, Остона, Ингушистон, Дербанти Доғистон, боғ дар Анқара, Истамбул, Картепа ва Пул, Литсейи Игдире, мактаби миёна дар Анқара (Туркия), боғ дар Бухарест, Институти байналмилалии улуми иҷтимоии Киев, Осорхона-утоқ дар Донишгоҳи миллии Авруосиё ба номи Гумилёв (Қазақистон), лавҳаи фахрӣ дар кӯчаи Горохови Санк-Петербург (дар биное, ки ӯ солҳои 1949-50, зимни таҳсил дар мактаби КГБ маскун буд) номгузорӣ гардидааст.Дар кишвараш тангаҳои тиллоию нуқрагинро бо акси ӯ сикка задаанд ва филмҳои гуногунҳаҷм (инчунин дар хориҷ)аз кору пайкораш бардошта шудааст. Аз соли 2000 ба ин сӯ ҳамасола дар Озорбойҷон ба хотираи Алиев фестивал бо номи «Иди гулҳо» дар рӯзи зодрӯзаш гузаронида мешавад.

Алиев дорандаи ду унвони Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, чор Ордени Ленин, Орденҳои Инқилоби Октябр, Ҷанги Ватанӣ дараҷаи 1, Ордени Ситораи Сурх, Ордени княз Ярослав Мудров дараҷаи 1 (Укроин), Ордени хуни тиллоӣ (Гурҷистон), Ордени Муқаддаси фиристода Андрейи Нахустин, Ордени Роҳиб Сергей Радонеженск дараҷаи аввал, Ордени «Шайх-ул-ислом» (баъд аз маргаш), Ҷоизаи Отатурк барои сулҳ (Туркия), Ҷоизаи забони туркӣ ба номи Отатурк (баъд аз маргаш) ва медалҳои зиёди сатҳи шӯравӣ ва соҳавӣ буд.

Ҳамчунин ӯ унвонҳои Корманди ифтихории бехатарии давлатӣ, Профессори фахрии ДДМ ба номи Ломаносов, доктори фахрии ДДМБМ (МГИМО)-ро дошт ва соли 1999 Шӯрои директорони Маркази байналмилалии шарҳиҳолии Кембриҷ ба Алиев унвони «Фаъоли барҷастаи асри XX»-ро эъто намуд.

Анҷом

Ҳайдар Алиев имрӯз бо унвонҳои ифтихории «пешвои умумимиллӣ ва наҷотбахши Озорбойҷон», «идеал ва лидери миллии мардуми Озорбойҷон», «меъмор ва эҷодгари Озорбойҷони муосир» дар кишвараш ёдоварӣ мешавад. Мо ҳам дар ин канду ков ва баррасӣ дидем, ки ӯ шахсияташро дар заминаи дониш ва маҳораташ такмил додаву ба яке аз чеҳраҳои таъсиргузори сиёсии Шӯравии собиқ ва ИДМ расида буд.

Ҳамин буъди шахсиятияш буд, ки тавонист Озорбойҷонро дар солҳои 90-уми қарни гузашта аз рафтан ба ҷанги шаҳрвандӣ бозгардонад ва наҷот бидиҳад. Ва бо мудирияти дуруст кишварашро аз лиҳози иқтисодӣ ба яке аз давлатҳои пешрафтаи пасошӯравӣ табдил диҳад. Натиҷаи ҳукуматдории Алиев ва писаращ буд, ки Озорбойҷон узви Шӯрои амнияти СММ гардид. Алорағми ҳама баҳсҳои сиёсӣ атрофи шахсияташ Алиев як чеҳраи мондагори Озорбойҷон боқӣ мемонад.

Иршод Сулаймонӣ, махсус барои «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi