00:03:48 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          
Ошибка
  • Копирование не удалось
  • Копирование не удалось
  • Копирование не удалось
  • Копирование не удалось
  • Копирование не удалось
  • Копирование не удалось
  • Копирование не удалось
  • Копирование не удалось
  • Копирование не удалось

Генерали мардумӣ

Хонандаи азиз, матлаби мазкур чашмандозест ба рузгору ҳаёти пасисарнамудаи собиқ генерали тоҷике, ки дар вуҷуд дарди маҳал надошт, аз мансабу вазифа ҳам суиистифода накард, барои худ ва фарзандон қасру кушку бӯстонсаро ҳам насохт, аз пайи молу манфиат ҳам натохт, балки зиндагии хоксорона дошт ва пайвандонашро дар руҳияи инсондӯстӣ тарбия кардаву ба воя расонд. Ҳарчанд имрӯз ӯ дар қайди ҳаёт нест, аммо мактаби ба ёдгоргузоштаи ӯ фарзандонашро дар руҳияи инсондӯстӣ тарбия кард.

1-generali-mardumi 8965Назрак Зиёвуддинов, генерал - майори ВКД. Бо ин ном насли чанд сол пештар ошноанд, насле, ки аз шунидани номи генерал вуҷудашонро ларза фаро мегирифт ва дар симои генерал марди асилу кордону қаҳрамону ҳомии боэътимоди Ватанро медиданд. Акои Назрак ҳам аз ҷумлаи чунин родмардони миллат буд, ки дар вазифаҳои гуногуни давлатӣ кору пайкор карда номи нек аз худ боқӣ гузоштанд.

Генерал Зиёвуддинов зодаи деҳаи Лоҷирки ҷамоати Лоҷирки ноҳияи Сангвори вилояти Ғарм (феълан ҷамоати деҳоти Ваҳдати н.Тавилдара) аст.

Фаъолияти меҳнатиашро баъд аз хами мактаби миёна дар идораи маҳсулоттайёркунии ноҳия оғоз карда, баъдан дар вазифаҳои котиби дуюми кумитаи комсомоли ноҳияи Сангвор (1943-1944), котиби дуюми кумитаи комсомоли вилояти Ғарм (1947-49), шунавандаи мактаби олии назди ВЛКСМ (1949-50),  котиби якуми комсомоли вилояти Ғарм (1950), котиби якуми кумитаи ҳизбии ноҳияи Ҷиргатол (1951-54), котиби сеюми кумитаи ҳизбии вилояти Ғарм (1954), шунавандаи мактаби олии назди КМ ҲКИШ (1954-57), котиби якуми ҳизбии н.Шӯрообод (1957-58) ва аз охири августи соли 1958 то нафақа баромаданаш дар вазифаи ҷонишини вазири корҳои дохилии ҶТ кор кардааст.

Соли 1965 дар 40 солагиаш унвони генерал - майори милисаро соҳиб гашта буд. Ба муносибати ҷашни 25 солагии  кишвар бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат сарфароз гардонида шудааст.

Аз 8 нафар фарзанд, ҳоло 3 нафар дар қайди ҳаётанд. Бадриддину Анвар афсарони мустаъфии ВКД, Сабоҳат таърихшинос, Садридин ҳанӯз овони мактабхон буданаш вафот карда буд, Гуларус, ки ҳуқуқшинос буд, дар синни 50 солагӣ ҷаҳонро падруд гуфта буд, Саёҳат - гинеколог, дар синни 40 солагӣ вафот кард, Олимҷон ҳам бармаҳал вафот карда буд, Зафаршои 30 сола дар ҷанги бародаркуш кушта шуд. Ҳамсараш Гулинор Мунавварова соли 2014 бар асари беморӣ оламро падруд гуфта буд.

2-generali-mardumi 8965Ҳанӯз чанд сол пеш мехостам дар бораи генерали тоҷик Назрак Зиёвуддинов матлабе омода созам ва ӯро чун генерали воқеии тоҷик ба хонада муаррифӣ кунам. Ба касе пӯшида нест, ки имруз унвони баланди генералиро метавон гуфт бархе аз афсарон муфтакак соҳиб мешаванд ва бештар ҳамин омил маро таҳрик дод то матлаби мазкурро омода намоям. Ёдам ҳаст, он замонҳое, ки донишҷу будам, ду ё се генерали тоҷикро медонистам, ки бо рутбаи генерал-майор ба нафақа мерафтанд. Аммо имрӯз чӣ, генерал-лейтенанту генерал-полковнику агар имкон бошад аз он ҳам болотар мераванд ва рутбаро соҳиб шудан амсоли мошинивазкунист.

Солҳое, ки мактабхон будам, генерал-майор Назрак Зиёвуддинов деҳаамон ба ноҳияи Шаҳритус ба аёдати бародару хешу табор меомаданд. Дар мадди аввал бузургони деҳаро зиёрат менамуд ва ба ҳар яке савғотие тақдим менамуд. Худро дар иҳотаи ёру дӯст ва хешу пайвандон дигар ҳис мекард. Бештар мехост то ҷавононро ба кори милиса ҷалб кунад, хонае обод созад, аз худ нақши нек ба ёдгор гузорад. Ҳар касе бо генерал ҳамсуҳбат мегашт, дар симои ӯ милисаи воқеӣ – ҳимоятгари мардумро медид.

Он вақт мо кӯдакон баробари шунидани хабари он, ки генерал Назрак ба деҳа омадааст, ҳамаамон ба кӯча ба истиқболи ӯ мебаромадем. Басо марди хоксору кушодачеҳра буданд. Наздамон бо мошинаи Газ 21 истода ба ҳар кадомамон шириниву нуқлу наво тақдим мекарданд ва ҳар якамонро мепурсиданд, ки фарзанди киему чӣ орзуҳое дар дил дорем. Аз мо бачаҳо шоирони клоссикро мепурсиданд, номгӯйи шаҳру навоҳии кишварро суол мекарданд, аз канданиҳои фоиданоки ватану номи сарварони собиқ шӯравӣ пурсон мешуданд.

Ӯ то дер гоҳ дар иҳотаи мо бачаҳои шухи мактабхон аз ҳар боб суҳбат мекард ва бо навбат кулоҳи милисагиашро ба сарамон гузошта орзу мекард, то оянда нафаре аз мо ҳам генерал шавем. Омаданашро ҳамеша пазмон мешудем, аз хурдӣ як муҳаббати беандозае нисбат ба у дар дил доштем...

3-generali-mardumi 8965Ва он хотироте, ки аз кӯдакӣ нисбат ба генерал Назрак Зиёвуддинов доштам, маро водор кард, то дар борааш чизе нависам ва аз ин тасмими худ бародари у акаи Раҳмат Зиёвуддинов, собиқ омӯзгори мактаб дар ноҳияи Шаҳритусро огаҳ кардам. Акаи Раҳмат хеле хурсанд шуд ва танҳо як сухан гуфт: - Арвоҳи ӯро шод хоҳӣ кард, касе то ин муддат дар бораи ӯ чизе нанавиштааст...

Баъдан шиносоиам бо фарзанди Назрак Зиёвуддинов -  Анвар, ки солиёни зиёд дар ВКД кор кардаву имрӯз нафақахур аст, сурат гирифт.

Анвар дар гуфтору рафтор нусхаи падар аст. Аз суҳбат бо ӯ дарёфтам, ки воқеан ҳам меҳрубону ҳалим аст, аз ҳар гуна ноадолативу ноҷавонмардӣ сахт асабонӣ мешавад, дасти мӯҳтоҷу бенавоён мегирад, хуллас феълу атвори падар дар дил дорад.

Ҳини суҳбат ҳарчанд Анварро водор мекардам, то дар бораи падар бештар гӯяд, ӯро бароямон ҳамчун корманди милиса бештару хубтар муаррифӣ кунад, аммо аз гуфтори Анвар маълум буд, ки ӯ худситоиро атрофи номи падар дӯст намедорад ва танҳо як сухан мегуфт: -Рӯзгору зиндагии падар барои мо фарзандону пайвандон мактаби бузурги одамӣ буд, ки мо аз ӯ бисёр чизҳоро омӯхтем, баъд аз сари ӯ ҳарчанд бароямон пешбурди рузгор душвор буд, аммо чун модар дар канор буд, дар нимароҳи зиндагӣ намондем. Воқеан ҳам Зиёвуддинов барои фарзандон заминаи хуби пешбурди зиндагӣ фароҳам оварда буд, ки он иборат аз донишу ақлу тамиз ва инсондӯстии фарзандон буд. Анвар мегӯяд, ки овони дар ВКД ба ҳайси афсар ифои вазифа карданаш асло у аз номи падар суиистифода намекард, ҳатто худро назди роҳбарон чун фарзанди генерал муаррифӣ ҳам намекард. Чун Анвар амсоли падар кордону соҳибкасб буд, аз ин рӯ ҳар дастуру супориши роҳбариятро сари вақт ва зуд ба иҷро мерасонд. Панди падар ҳамеша пеши назар меовард: Кори милисагиро ба фардо нагузор, балки он фавриятро талаб мекунад. Аз ин рӯ Анвар, ки ваколатдори фаврӣ буд, сабақҳои додаи падарро сармашқи кори худ мекард ва муваффақ ҳам мешуд.  Баҳриддин ҳам, ки афсари милиса буд, таҷрибаи аз падар омӯхтаро дар кор амалӣ мекард.  

Аз нақли фарзандону пайвандон бармеояд, ки генерал Зиёвуддинов ҳар шом сари дастурхон бо аҳли хонадон суҳбати ширине мекард ва ҳар якеро ҳушдор медод, то ҳеҷ гоҳ миллатро ба маҳал ҷудо накунанд, ҳурмати ҳар як инсон ба ҷо оранд, худситоиву аз пушти падар париданро ҳам дар дил ҷой надиҳанд. Дар навбати худ бо дигар қавму миллатҳои кишвар эҳтиром ба ҷо оранд. Онҳоро ба мустақилият даъват мекард, пайваста талқинашон мекард, ки ҳар кор мушкил аст ва танҳо касе дар кор муваффақу комгор аст, ки сахтиҳоро бо сахтӣ пушти сар мекунад, азият мекашад ва он вақт ба қадри кору меҳнат хоҳад расид.

Имрӯз ҳаққу ҳамсояҳо ва ёру дӯстон, ки аз миллату халқиятҳои гуногунанд, дар бораи фарзандони шодравон генерал Зиёвуддинов суханҳои нек мегӯянд. Зеро онҳо пайваста дар ҳалқаи мардуманд, дасти бенавою бечорагон мегиранд. Ҳамсояҳо аз генерал ёдовар шуда, мегӯянд, ки як бурда нонро бе онҳо намехӯрд, дасткушоду кумакрасон буд.

4-generali-mardumi 8965Аҳли хонадоне, ки генерал Зиёвуддинов ба дунё омада буд, ҳама соҳибмаърифату кордону мардумдӯст буданд. Ҳурматбӣ Зиёвуддинова – апаи генерал, ки солиёни зиёд дар Тавилдараю Шаҳритус дар вазифаҳои масъул буд, то ба имрӯз миёни мардум соҳибном аст. Акаи Раҳмат Зиёвуддинов, бародари генерал низ омӯзгори соҳибном дар ноҳияи Шаҳритус аст. Яъне, фазои солими хонаводагӣ барои ба мартабаҳои баланди илму тахассус расидани генерал Зиёвуддинову наздиконаш мусоидат карда буд. Ва ҳар гоҳ, ки миёни ҳамдеҳагон аз рутбаи генералии акаи Назрак сухан мерафт, ӯ мегуфт: Муҳим одам будан аст, волотарин рутба ин рутбаи инсон будан аст, инсони комил...

Маҳз ҳамин инсондӯстии генерал Зиёвуддинов ӯро миёни ҳамкорону ҳаққу ҳамсояҳо некном гардонида буд. Зиёвуддиновро на ошнову тағои болонишин ба чунин мартабаҳо расонд, балки донишу кордонию маҳорати баланди касбият ва инсондӯстиву ҳамеша бо мардум будан, уро соҳибвазифа карда буд. Мегӯянд, ки дар кор басо пурмасъулияту серталаб буд, хонаи хоксоронааш ҳамеша пур аз коруфтодагон буд. Кӯшиш мекард, то эҳтиёҷи ҳар кӣ бароварда созад. Аммо дархосту талаби нафареро, ки барои озоднамоии писараш аз маҳбас муроҷиат мекард, зуд рад мекард ва танҳо як сухан мегуфт: -Баъд аз адои ҷазо фарзандат мактаби хуби зиндагӣ касб хоҳад кард!

Ҳафтае қабл солмарги ҳамсари вафодору меҳрубони ӯ апаи Гулинор буд. Таҷаммуъи анбуҳи зиёди мардум гувоҳ аз он медод, ки ҳаққу ҳамсояҳо, ёру дӯстон ва ҳамкорону ҳамнишинони ин хонадон воқеан ҳам эҳтироме ба ин хонавода доранд. Ва ин ҳама вафодорӣ сарчашма аз мактаби рӯзгору зиндагии генерал Зиёвуддинов гирифта...

Муҳиддин Идизода, рӯзноманигор



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi