11:14:42 23-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Тақдири талхи усарои рус қабл аз ҳамроҳшавии Осиёи Миёна ба Русия

Дар дастурамали сиёсии дилхоҳ сафорати русӣ дар хонигариҳои осиёимиёнагӣ дар охири асри XVIII ва аввали асри XIX ҳатман маҳалли озодсозии асирони русӣ вуҷуд дошт. Дар сурате, ки Русия бо ин кишварҳо ҳеҷҷанге накардааст, пас ин асирон аз куҷо пайдо шудаанд?

vasiliy-2454211212

Аввалин асирони русии ба Осиёи Миёна ба ғуломӣ фурӯхташуда дар асрҳои XIII-XIV пайдо шудаанд, ки онҳо дар натиҷаи ғоратгариҳои шаҳру деҳоти Русия аз тарафи тотору муғулҳо ба амал омада буданд. Баъдтар, вақте ки сарҳадҳои ҷанубӣ ва ҷанубу шарқии Русия то ба Астрахан ва дарёҳои Уралу Иртиш расонида шуд, дар бозорҳои бардафурӯшии Хиваю Бухоро деҳқонони оддии ба ғорат ғасбшудаи русӣ пайдо шудаанд, ки дар корҳои саҳроии бодиянишинон кор мекарданд.

Инчунин моҳидорони соҳили баҳри Хазар, ки аз тӯфон дар қисмати шарқии соҳил паноҳгоҳ меҷустанд, аз беэҳтиётиашон ба асорат меафтоданд. Беҳуда яке аз фармони ҳатмии дастаи артиши русӣ ҳангоми задухӯрд бо бодиянишинон "Масофаро дар дарозии каманд нигаҳ дор!" ном надошт.

Дар миёни асирон савдогарон, афсарон ва унтер-офитсерон (унвони командири хурд дар артиши подшоҳии Русия) кам набуданд. Тақдири онҳо аз тақдири асирони оддии ғаллакори сулҳҷӯ фарқ дошт: аксари онҳо афсарони артиши хонигиҳо мешуданд, ки муттасил то ба рутбаи олии ҳарбӣ мерасиданд.

Махсусан, "ҳарбиён"-и зиёде баъди шӯриши деҳқонии Емелян Пугачёв (солҳои 1773-1775), ки дар ҳудуди васее аз Урал то Поволже паҳн гардида буд, ба асорати осиёимиёнагӣ афтода буданд. Қирғиз-кайсакҳои кӯчманчӣ аз бесарусомонӣ ва набудани ягон гуна ҳокимияти расмӣ дар ҳудуди гирудори ҷангӣ даҳҳо нафар сарбозону афсарони ба асирафтодаро ба бардагӣ ба Хива ва Бухоро мефурӯхтанд.

Дар миёни асирони русии осиёимиёнагӣ, тақдири унтер-афсари полки Нижегород - Филипп Ефремов, бешубҳа, аз ҳама аҷиб буд. Тобистони соли 1774, дар наздикии Оренбург дар истеҳкоми хурде ӯ бист нафар сарбозро фармонравоӣ мекард ва ногаҳон ба асорати "пугачёвчиёни шариру золим" афтода, як маротиба фирор ҳам карда тавонист ва дуюмбора боз ба асирии қазоқҳо афтод ва ин дафъа барои ғуломӣ ба Хоҷа Ғафур ном шахсе ба Бухоро фурӯхта шуд ва Хоҷа Ғафур баъди як моҳ ӯро ба падарарӯсаш Дониёрбек, ки ноибуссалтанаи хони ҷавони Бухоро ба шумор мерафт, тӯҳфа кард.

Тақдири баъдинаи ӯ дар рӯҳияи афсонаи "Ҳазору як шаб" идома ёфт. Дар ибтидо Ефремов ба посбонии ҳарамсарои хӯҷаинаш Дониёрбек таъин шуда буд ва баъдан бо сабаби он ки ӯ забони аҳли ҳарамро ба осонӣ мефаҳмид, аз ин вазифа озод карда шуд. Баъдан унтер-афсари зебо дар артиши амири Бухоро ба вазифаи даҳбошӣ (капрал) таъин карда шуд, ки ба даҳ нафар сарбоз фармонравӣ мекард.

Баъди ду сол унтер-афсари собиқ алакай ба сад нафар сардорӣ мекард, ки дар миёни онҳо бист нафарашон ҳамватани худаш буданд ва ба чандин юришҳо ба Марв дар ҷануби Туркманистон ва Хива ширкат варзид. Новобаста аз он ки ӯ зуд ба вазифаҳои баландтар соҳиб мешуд ва ҳавасмандкуниҳои пулию молӣ (заминӣ) мушарраф мегардид, ёди ватан мекард ва ба хулоса омад, ки фирор кунад.

Агар ба ин кор калиддорзани амбори хони Бухоро, ки воқеан ба ӯ меҳр баста буду дӯсташ медошт, кӯмак намекард, Ефремов фирор карда наметавонист. Баъди бо кӯмаки ин зан дуруст кардани ҳуҷҷатҳои расмӣ, Ефремов бо ду нафар сарбозони русии худ, ки низ ба ғуломӣ фурӯхта шуда буданд, тавассути Уротеппа ва Хуҷанд ба Қӯканд фирор кард ва аз он ҷо худро савдогари нуғай (тотор) муаррифӣ карда, ба вилояти Кашғар (Синтзяни кунунӣ) раҳсипор гардид.

Баъди бозгашт ба ватан Ефремов "Саёҳати нӯҳсола"-ро навишт ва дар ҷуғрофиёи ватанӣ аввалин маротиба дар бораи шаҳрҳои шимолии тоҷикӣ, аҳолӣ ва шуғли онҳо маълумот додааст.

Дар роҳи Кашғар аз бемории гулӯ яке аз ҳамсафарони ӯ мефавтад. Дар Ёрканд баъди захираи молҳо Ефремов ба Тибети Ғарбӣ - Ладакх раҳсипор мегардад. Роҳи ӯ тавассути ағбаи Қароқурум, ки 5000 метр баландӣ дорад, мегузашт ва ин ағба барои ҳамсафари дуюми русиаш тақдирсоз гардид, ки ин ҳодисаро худи ӯ чунин тавсиф кардааст: "Ба Тибет норасида, 15 рӯз қабл аз он кӯҳи хеле баланде воқеъ аст, ки дар он ҳаво вазнин, туман ҳамешагӣ, ҳам инсон ва ҳам аспҳоро нафаскашӣ душвор мегардад ва ба ин ҳолат тоб наоварда ҳамсафари дуюми русии ман вафот кард ва ӯро ба таври бояд (бо расми насрониён - В.Д.) дафн кардем...".

Сабаби воқеии бемории кӯҳӣ то охири асри XIX маълум набуд. Фикр мекарданд, ки сабаб "ҳавои бад" аст, аммо Ефремов дуруст қайд мекунад, ки дар он асосан онҳое зарар мебинанд, ки бор дошта бошанд ва сарбориашон сангин бошад.

Ефремов аз Ладакх тавассути Кашғар бо ҳамроҳии мусулмонони ҳоҷӣ, ки аз Кашғар ба Макка сафар доштанд, ба Ҳиндустон раҳсипор гардид. Баъд аз ҳодисаву машаққатҳои зиёде, охируламр, ӯ ба Калкутта расид ва ба киштии хаткашони англисӣ, ки ба Лондон мерафт, савор шуд. Ҷаҳонгарди ҷасурро дар обҳои минтақаи тропикӣ санҷиши охирон интизор буд, ки дар ин бора худи ӯ чунин ибрози ақида кардааст:

"Кишварҳои гуногун, кӯҳҳо ва саҳроҳои бисёреро паси сар карда, ҳеҷ дарду ранҷ ва азобу шиканҷаеро ҳис намекардам, аммо аз он гоҳе ки дар оби баҳр шустушӯй кардам, дар пойҳоям тагчарми пойафзол ҳам суд намекард ва бо сабаби ҳассосияти зиёд роҳгардиам ҳам хеле ва хеле душвор буд". Дар зери кафшҳоям намад ва коғазу пахта гузошта, барои кашидани ҳавои тоза ба киштӣ ба зӯр савор шудам.

Баъд аз асириҳо ва кишваргардиҳои даҳсола 26 августи соли 1782, Филипп Ефремов ба ватанаш Петербург баргашт ва ба рутбаи прапоршикӣ қадрдонӣ карда шуд ва ба хизмати Коллегияи корҳои хориҷии давлатӣ (яъне Вазорати корҳои хориҷии ҳамонвақтаи Русия) ба кор қабул гардид. Дар ин ҷода ба ӯ донистани забонҳои узбакӣ, тоҷикӣ ва дигар забонҳои дар Осиёи Миёна омӯхтааш кӯмак карданд.

Тақдири на ҳамаи асирони русӣ дар Осиёи Миёна ба монанди Филипп Ефремов бобарор буданд, ҳазорон нафар ҳамватанони мо аз бардагӣ баргашта натавониста, дар қабрҳои беноме аз Оқ-Масҷид то Марв ором ёфтаанд...

Ҳар сафорати русиягии Хиваю Бухоро барои баргардонидани ҳамватанони худ ба ватанашон пулҳои зиёдеро сарф кардаанд. Баъзеи онҳоро, ки хӯҷаини осиёимиёнагиашон барои фурӯхтан ризоият намедоданд, лоилоҷ пинҳонӣ мегурезонданд. Масалан, табиатшинос Пандер ширкаткунандаи сафорати А.В.Негри дар соли 1820 дар Бухоро чунин рафтор карда, ду нафар асиронро дар дохили сандуқҳои барои корҳои зоологӣ истифодабаранда баргардонида буд.

Албатта, дар миёни шаҳрвандони русии Осиёи Миёна шахсони бо хоҳиши худ дар ҳамин минтақа зиндагикунанда кам набуданд. Дар миёни онҳо деҳқонони пурмашаққат ва сарбозони маҷбурӣ ва аз асри XVII мухолифони мазҳаби насронии шарқӣ, ки дар ватанашон таъқиб мешуданд, кам набуданд. Аксари чунин "муҳоҷирони ихтиёрӣ"-ро фирориёни ҷиноятӣ ташкил медоданд.

Дар бойгонии сиёсати хориҷии Русия санади мутааллиқ ба солҳои 1802-1804 ҳифз карда мешавад, ки мукотибаи дипломатҳои русиро бо амалдорони бухороӣ дар бораи ба Бухоро фиристодани поручик Гавердовский барои ба Русия баргардондани ҷинояткоре маълумот медиҳад. Дар номаи вазири тиҷорати Русия Н.П.Румянсев ба император Александри I иттилоъ дода мешавад, ки 2 сентябри соли 1802 тавассути сарҳадоти гумрукии Троитский "ҷинояткоре бо номи Валит Хамитов аз деҳаи Иштеряпови округи Уфим пинҳонӣ аз сарҳад гузашта, барои тақсими пули коғазии қалбакӣ" дар як ҳафта зиёда аз 8 ҳазор пули коғазии қалбакӣ тайёр кардааст.

"Маҳсулот"-и худро Валит Хамитов ба тоҷирони астраханӣ ва хивагӣ арзон фурӯхтааст. Ба поручик Гавердовский, ки таъминкунандаи муносибати мувофиқи император ба хони Бухоро буд, фармон дода шуд, ки бо ёрии ҳукумати Бухоро ҷинояткори бадкирдорро ҳабс карда, "маҳсулот"-и ӯро баргардонад ва агар натавонад, дар ҷояш бо асбобаш маҳв кунад.

Бардагӣ дар кишварҳои Осиёи Миёна бо баробари ҳамроҳшавии Русия хотима дода шуд. Ҳамин тавр, баъди ишғоли Хива дар моҳи майи соли 1873 ва ба тасвиб расонидани шартнома бо хони он, оҷилан аз 30 то 40 ҳазор нафар ғуломони эронӣ озод карда шуданд. Илова бар ин маблағи масрафшавандаи ҳамаи онҳоро барои бозгашт ба ватанашон Русия бар ӯҳдаи худ гирифт. Хоҳишмандон дар гурӯҳҳои 500-600 нафарӣ ба Красноводск фиристода шуданд, ки дар он ҷо онҳоро киштиҳои русӣ интизор буданд. Ҳамагӣ то охири соли 1873 ба ватанҳои худ 6337 нафар асирон фиристода шуданд ва дар соли ояндааш (1874) бошад, 1750 нафари дигар ба ватанҳои худ баргаштанд. Ба хоҳишмандоне, ки мехостанд дар хонигарӣ биистанд, замин ҷудо карда шуд.

Виктор ДУБОВИТСКИЙ, доктори илми таърих, Душанбе, Тоҷикистон

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №22, 09 илни соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi