00:30:42 18-уми Октябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Октябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Шӯрои уламо: "Аз номи Ислом дар интихобот сӯистифода накунед"

Маркази исломии Тоҷикистон аз ҳизбу номзадҳо хост, дар интихоботи парлумонии якуми март ба ҳеч ваҷҳ аз номи дини мубини Ислом сӯистифода накунанд. Шӯрои уламои Маркази исломӣ, танҳо ниҳоди содиркунандаи фатво дар Тоҷикистон, ҳашт рӯз пеш аз интихоботи парлумонии кишвар сӯистифода аз номи дини мубини Ислом дар ин маъракаи муҳимро маҳкум кард.

mufti_5465656.jpgМасъулони Шӯрои уламо ба раҳбарии Сайидмукаррам Абдулқодирзода рӯзи 20 феврал бо пахши муроҷиатномае гуфтанд, “интихобот аз рӯи фаҳму идроки ҳар як аъзои бошуури ҷомеа ва бар асоси қонун сурат мегирад. Ин ҳуқуқи инсонию мусулмонии ҳар фарди ҷомеа мебошад, ки ба кадом ҳизбу барномаи он ва номзади алоҳидаи пешбаришуда раъй медиҳад.”

Ин муроҷиатнома аслан рӯзи 16 феврал дар ҷаласаи аъзои Шӯрои уламои Маркази исломӣ баррасӣ ва тасдиқ шуда, аммо рӯзи ҷумъа дастраси расонаҳо гардид.

Дар он таъкид шудааст, “ба ҳеч ваҷҳ бояд ҳизбҳо ва номзадҳо аз боварии мардум ба дини мубини Ислом сӯистифода накунанд.” Дар ҳоле ки ба бовари аъзои Шӯрои уламои Маркази исломӣ, “чунин шеваи кору роҳнамоӣ на ба муқаррароти Ислом, на ба ягон қонуни демократия, озодии баёну афкор ва изҳори иродаи сиёсӣ мувофиқат намекунад.”

Аъзои Маркази исломӣ аз ҳизбу ашхоси, ба гуфтаи онҳо, бисёре низ тавсиф кардаанд, ки “бидуни ягон ғараз, бидуни рӯи саҳна кашидани Ислому истифодаи он ҳамарӯза дар зикри Худоянд, барои рушду густариши Ислом ва ҷомеаи мусулмонӣ пайи хидмат қарор доранд.” Вале дар ин ҷо аз касе ва ё ҳизби мушаххасе ном бурда нашудааст.

Дар идома бори дигар ба масъалаи ҳизб дар Ислом дахл шуда, таъкид гардидааст, ин дин ба ҳеч гуна ҳизб ниёз надорад. Ба қавли аъзои Шӯрои уламо, “Ислом дар табиати худ фарогирандаи тамоми мусулмонон аст.”

Онҳо аз вуҷуди ҷунбишҳои исломӣ низ нигаронӣ кардаанд, ки дини Исломро 2ба арсаи муборизаҳои сиёсӣ миёни қувваҳои мухталиф” кашондаанд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi