01:00:56 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Омодагиҳо ба интихоботи порлумонии Тоҷикистон дар Эрон

Интихоботи порлумонии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон дар сатҳи баланд баргузор хоҳад шуд. Дар ин бора аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон хабар доданд.

saforat_5498454545.jpgНазар ба гуфтаи масъулони Сафорат, ҳамаи шаҳрвандони тоҷики муқими Эрон бо қонуну муқаррарот ва замону макони баргузории интихобот шинос шудаанд ва кормандони Сафорат ҷиҳати ошноии амиқи онҳо ба Машҳад, Гургон, Қум, Зоҳидон, Исфаҳон, Шероз ва дигар шаҳру устонҳои Эрон сафар намуда, бо шаҳрвандони Тоҷикистон аз наздик дидору гуфтугӯ намудаанд.

Аз ҳоло сандуқҳои райъдиҳӣ, варақаҳо ва таблиғоти лозим дар Сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон, ки танҳо макони овоздиҳии шаҳрвандони Тоҷикистон муқаррар шудааст, омода шуда дар матбуот ва расонаҳои Эрон аз ҷумла ИРАС- дафтари Мутолиоти Эрон ва Авросиё (www.iras.ir), Титри ахбор(www.titreakhbar.com) дар ин бора матолиб мунташир шудааст.

Қарор аст шаҳрвандони тоҷики муқими Эрон аз соати 8 - и субҳ то соати 20 – и рӯзи 1 март дар бинои Сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон воқеъ дар Ниёварон, аввали Кошонак, хиёбони шаҳид Зайналӣ, кӯчаи сеюм, плоки 10 овоздиҳии худро ба номзади мавриди назарашон анҷом хоҳанд дод.

Шоҳмансури Шоҳмирзо, коршиноси мизи Тоҷикистон дар Муассисаи фарҳангии СҲИ (ЭКО)



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi