00:29:02 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Аз 100 то 15 ҳазор доллар. “Ҳаҷм”-и ришва дар мактабҳои Тоҷикистон

Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, ришвахорӣ дар бахши маорифи Тоҷикистон “решаву патакреша”-ҳои зиёде давонда, бино ба таҳқиқи онҳо, “ҳаҷм”-и он дар мактабҳои олии кишвар аз 100 то 15 ҳазор доллар будааст.

dollar-somoni-12457845Бонки Ҷаҳонӣ бо анҷоми пажӯҳиши тозаи худ дар робита ба вазъи маорифи Тоҷикистон эълон кард, “ҳаҷм”-и ришва дар мактабҳои олии кишвар аз 100 то 15 ҳазор доллари амрикоӣ будааст. Ин бонк мегӯяд, ришвахорӣ ё коррупсия дар бахши маорифи Тоҷикистон хеле реша давонда, “боиси коҳиши аҳамият ва эътибори маълумоти олӣ дар назди ҷомеа гаштааст.”

Ба таъкиди пажӯҳишгарони Бонки Ҷаҳонӣ, ришвахорӣ дар ҳама сатҳҳои таҳсилот дар Тоҷикистон мушоҳида мешавад. “Ба хотири гирифтани баҳои баланд дар мактбҳои миёна ва ҳам мактабҳои олӣ ришва медиҳанд”,-омадааст дар гузориши Бонки Ҷаҳонӣ. Вале пажӯҳишгарон нагуфтаанд, барои мисол, барои гирифтани баҳои “чор” ё “панҷ” дар мактабҳои миёнаи Тоҷикистон чӣқадар “доля” ё ришва медиҳанд.

ҲарчандҚонуни асосии Тоҷикистон дастрасии баробар ва ройгони таълимро барои аҳолӣ кафолат додааст, аммо Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, ҳамагӣ 22 дарсад аз ҷавонони кишвар соҳиби маълумоти олӣ будаанд. Ба қавли пажӯҳишгарон, ин рақам камтарин нишондод дар миёни кишварҳои Осиёи Марказист.

Пажуҳишгарон мегӯянд, 60 дарсади донишҷӯён дар Тоҷикистон бо пули худ дар гурӯҳҳои шартномавӣ таҳсил мекунанд ва бинобар гарон будани нархи таҳсил дар мактабҳои олӣқишри нодор ва ҳатто миёнаҳол имкони гирифтани маълумоти олиро надоранд.

Ин дар ҳолест, ки Оҷонсии мубориза бо фасоди молӣ дар Тоҷикистон аз миёни идораҳои давлатии ин кишвар дар соли 2014 вазорати маориф ва илмро аз нигоҳи мизони фасоди молӣ бо 101 мавриди ошкоршудаи фасод дар ҷои аввал қарор дод.

Абдуфаттоҳи Ғоиб, раиси Оҷонсии назорати молӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон, рӯзи 26 январи соли ҷорӣ дар нишасти матбуотиаш гуфт, агарчӣ дар соли 2014 довталабон аз тариқи Маркази миллии тестӣ ба донишгоҳҳо дохил шуданд, боз ҳам буданд устодоне, ки бо роҳи фиреб ришва гирифтаанд. Ба гуфтаи ҷаноби Ғоиб, бо он ки шумораи ин афрод ба мисли солҳои қаблӣ зиёд набуд, аммо ҳаҷми порае, ки гирифтаанд, баракс афзудааст:

“Кормандони мактабҳои олӣ имсол таваккал карданд. Онҳо медонистанд, ки ҳама тариқи Маркази миллии тестӣ имтиҳон месупоранд, аммо боз ҳам ба одамон мегуфтанд, ба мо фалон миқдор пул диҳед, фарзандатонро дохил мекунем. Агар довталаб дохил шуд - хуб. Мегӯяд, ман хидмат кардам ва ҳаққашро “ҳалол” кардааст. Ҳатто миёнаравҳо ва деканҳои факултаҳову мудирони кафедраҳо низ ҳастанд, ки дар чунин корҳо даст доранд.”

Аммо масъулони вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба чунин “раддабандӣ”-и Оҷонсии зидди фасод чандон розӣ нестанд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi