22:36:36 18-уми Октябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Октябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Арзу шикояти худро ба Рамазон Раҳимзода бигӯед

Баъд аз дастури Эмомалӣ Раҳмон - раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи 17 феврали Шӯрои амният, вазири умури дохилии кишвар барои шунидани арзу доди сокинон ба минтақаҳо меравад.

ramazon-rahimov-564444554.jpgРамазон Раҳимзода , вазири умури дохилии Тоҷикистон, баъд аз як дастури Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи рӯзи 17 феврали Шӯрои амният, барои шунидани арзу доди сокинон ба минтақаҳои кишвар хоҳад рафт.

Вазорати умури дохилӣ бо нашри ҷадвале гуфт, вохӯриҳои Раҳимзода 14 марти соли ҷорӣ дар Суғд оғоз ёфта, баъдан дар Хатлону Рашту Бадахшон идома хоҳанд ёфт. Дар ин ҷадвал гуфта шудааст, вазири умури дохилӣ то охири соли равон чаҳорборӣ дар ҳар минтақа бо сокинон сӯҳбат анҷом медиҳад ва рӯзи қабулаш – шанбе, аз соати 9 то 12, дар бинои раёсати умури дохилии минтақаҳост.

qabuli-shahrvandon_55466.jpg

Сӯҳбатҳои Рамазон Раҳимзода бо сокинон дар пайи дастури Эмомалӣ Раҳмон - раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи рӯзи 17 феврали Шӯрои амният дар Душанбе сурат мегирад.

Ҷаноби Раҳмон дар ин ҷаласа хитоб ба вазири умури дохилӣ гуфт, "аз фаъолияти кормандони милитсияи тоҷик дар маҷмуъ қаноатманд ҳастем. Онҳо дар мубориза алайҳи экстримистон, ҷинояткорон ҷони худро нисор кардаанд. Дар шароитҳои душвор. Кормандони Шумо, ки дар ҳама минтақаҳо ҳастанд, гоҳ-гоҳҳамчун вазир рӯзи дарҳои кушод эълон кунед, ки сокинон биёянд. Мардум арзу дод дорад, аз болои милиса, бояд бигӯянд. Назорат кардан даркор. Дар якҷоягӣ кор кунем. конуншиканиҳо кам мешавад."

Дар ин ҷаласа, ки сӯҳбат дар бораи афзоиши ҷиноятҳои коррупсионӣ ва даст доштани худи мақомоти интизомӣ дар фасоди молӣ буд, се муовини раиси Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва додситонҳои Суғду Хатлон ва Бадахшону шаҳри Душанбе аз мақомҳояшон барканор шуданд. Ҳоло масъалаи сабукдӯш кардани се муовини додситони кулл ва сарпрокурори ҳарбӣ низ аз тарафи Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод шуда, қарор аст, Маҷлиси Миллӣ дар ҷаласаи рӯзи 5 марти соли ҷорияш дар ин бора тасмим бигирад.

Ӯ хитоб ба додситонҳо гуфт, ин қадар қасру кӯшкро аз кадом ҳисоб бунёд кардаанд. Ба қавли раиси ҷумҳур, вай далелҳое дорад, ки мақомдорҳо алайҳи мардум парвандаи сохта боз мекунанд ва аз онҳо пул талаб менамоянд. Раиси ҷумҳур додситонҳо ва дигар мансабдоронро ҳамчунин ба ин айбдор кард, ки аз мақомоти маҳаллӣ бо фишор қитъаи замин тамаъ мекунанд ва ҳатто 4 раиси ҷамоат аз тарси таъқиби онҳо ба Русия фирор кардаанд.

Ҷаноби Раҳмон гуфт: “Худи кормандони прокуратура даст ба коррупсия ва заминфурӯшӣ задаанд. Ба наздикӣ дар Душанбе се корманди Оҷонсии мубориза бо коррупсияро ҳамроҳ бо прокурор бо ҳамин ҷурм боздошт карданд... Шумо намебинед, намедонед! Чашмҳоро кӯр ва гӯшҳоятонро кар мекунед!”

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi