10:52:39 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Август 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Сартабиб бо 800 доллар ришва ба чанг уфтод

Як масъули беморхонаи ҷумҳуриявии бемориҳои рӯҳӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ бо 800 доллар ришва дар утоқи кориаш боздошт шуд, ки қасд доштааст барои як сокини ноҳияи Румӣ ҷиҳати дарёфти нафақаи маъюбӣ, санад тартиб бидиҳад.

korrupsia-4545451212.jpgДафтари матбуоти Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон гуфт, ки рӯзи 19 феврал кормандони ин ниҳод Нуралӣ Саидов, сардори шӯъбаи Беморхонаи ҷумҳуриявии касалиҳои руҳӣ дар ноҳияи Рӯдакиро ҳангоми ситонидани 800 доллар аз як сокини ноҳияи Румӣ, ки аз вай феълан “А.Р.” ном бурда мешавад, боздошт кардаанд.

Ба гуфтаи манбаъ, Нуралӣ Саидов барои хешованди “А.Р.” ҳуҷҷат тартиб дода, ҷиҳати омода кардани санади таърихи беморӣ мехостааст ӯро чанд рӯз дар ҳамин беморхона бистарӣ намуда, ҳуҷҷатҳои дарёфти нафақаи маъюбиро омода намояд. Ин табиб аз наздикони бемор дар иваз 1000 доллари амрикоӣҳаққи хизмат талаб кардааст.

Кормандони Оҷонсии зидди коррупсия рӯзи 19 феврал ӯро ҳангоми гирифтани 800 доллар аз ин маблағ, дар утоқи кориаш боздошт кардаанд ва ҳамакнун Нуралӣ Саидов дар боздоштгоҳи муваққатии оҷонсӣ барои анҷоми тафтишот, нигаҳдорӣ мешавад.

Ин дар ҳолест, ки чаҳор рӯз қабл дар нишасти Шӯрои амнияти Тоҷикистон масъалаи нафақаҳои тақаллубӣ, аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон ба шиддат мавриди интиқод қарор гирифта буд. Президенти Тоҷикистон бо назардошти афзоиши нафақаҳои маъюбии тақаллубӣ ва нафақаи афроде, ки дар ҳаёт нестанд, ба вазорати умури дохила, амният, тандурустӣ ва дигарҳои ниҳодҳои масъул дастур дода буд, ки масъалаи нафақаҳои маъюбиро аз нав бозрасӣ ва шахсони дорои нафақаи маъюбиро дубора ташхис намоянд.

Ҷаноби Раҳмон аз ҷумла ба як мавриди гирифтани нафақи тақаллубӣ дар шаҳри Истаравшан ишора карда буд, ки директори Корхонаи муштараки «Оби зулол»-и шаҳри Истаравшан Нуриддин Обидҷонов аз моҳи марти соли 2005 ба ин тараф ҳамчун бемор ҳуҷҷати маъюбии гурӯҳи сеюмро соҳиб шуда, нафақаи маъюбии ҳармоҳа дар ҳаҷми 9805 сомониро дарёфт кардааст ва то замони ошкор шудан, 352 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби ин навъи нафақа, ба даст овардааст. Нуриддин Обидҷонов дар баробари гирифтани нафақаи маъюбии тақалубӣ, боз ба ҳайси директори Корхонаи муштараки «Оби зулол» 1 миллиону 121 ҳазор сомонӣ музди кор дарёфт кардааст.

Ин буд, ки оқои Раҳмон дар ин нишаст ба Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Палатаи ҳисоб, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Прокуратураи генералӣ супориш дода буд, ки барои муайян кардани афроде, ки ба тасарруфи маблағи нафақагирони фавтида даст задаанд ё худ ба шаҳрвандони алоҳида ғайриқонунӣ гурӯҳи маъюбӣ муқаррар намудаанд, чораҳои биандешанд.

Фаротар аз ин оқои Раҳмон, ба масъулин дастур дод, ки тамоми нафақагирони маъюбро аз ташхис гузаронида, кормандони идораҳои давлатиро, ки нафақаи маъюбии тақаллубӣ мегиранд, тавассути воситаҳои ахбори омма фош намоянд.

Мақомоти расмии Тоҷикистон мегӯянд, ки талошҳои худ барои мубориза бо фасодкориро тақвият бахшидаанд ва таъсиси Оҷонси махсуси мубориза бо фасодкорӣ баёнгари ин кӯшишҳои онҳост. Оҷонсие, ки ба гуфтаи соҳибназарони тоҷик ба фасодкорӣ дар мақомоти болоӣ аз пушти панҷа менигарад ва зураш ба омӯзгорон ва ё табибоне мерасад, ки ҳангоми гирифтани ришва дар ҳаҷми кам боздошт мешаванд. Тибқи иттилои расмӣ, аз ҳама ниҳодҳои фасодзада дар Тоҷикистон, Бозрасии давлатии автомобилӣ, идораҳои пулис, маъмурият ва кормандони бемористонҳо ва додситонӣ, ба ҳисоб мераванд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi