10:35:16 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Январ 2014 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 26
27 28 29 30 31    

Чархболҳо ба кӯмаки сокинони Рӯшон "шитофтанд"

Ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифт, расондани хӯроквориро ба ду ҷамоати дурдасти ноҳияи Рӯшон, ки сел роҳи онҳоро шустааст, бо истифода аз чархболҳо анҷом диҳад. Ба ҷамоати Пастхӯф ва Савноби ноҳияи Рӯшон ҳафтае боз дар як рӯз ду маротиба чархболҳо ба интиқоли маводи озуқаворӣ машғуланд.

charkhbol-98655478.jpgХудоёр Худоёров, раиси ноҳияи Рӯшон 5-уми июл ба мо гуфт, бар асари офтаҳои табиӣ сар аз 16 уми июл роҳ ба бархе деҳаҳо баста шудааст ва ҳоло ин чархболҳо ҳамарӯза барои расонидани маводи озуқа ба сокинон машғуланд. Ӯ гуфт, ҳоло талош аст, то роҳҳои харобгашта ҳарчӣ зудтар дубора барқарор шаванд ва аз тариқи нақлиёт маводи озуқаворӣ интиқол дода шавад. Ба гуфтаи раиси ноҳияи Рӯшон, интиқоли молу маҳсулот тариқи чархбол ва воситаҳои нақлиёти кӯҳгард пеши роҳи болоравии нарху наво дар ин ноҳияро гирифтааст.

"Ба чанд деҳаи ин ҷамоат бо чархбол кӯмакҳо расонида мешаванд ва ба дигар минтақаҳо ҳамарӯза мошинҳо боркаш маводи озуқаворӣ ва дигар маҳсулоти ниёзи мардумро мерасонанд. Ин кӯмакҳо аз ҳисоби Агентии захираҳои давлатӣ ва ҳукумати ҷумҳурӣ аст. Ҳоло нарх дар деҳоти ноҳияи Рӯшон ба мисли шаҳри Хоруғ аст ва ҳеҷ дигаргуние дар нархҳо нест," - гуфт Худоёр Худоёров. Дар ду ҷамоате, ки бо чархбол рӯзе бештар аз 20 тонна маводи озуқаворӣ интиқол дода мешавад, бештар аз 6 ҳазор сокин зиндагӣ мекунад.

Аз нимаи моҳи июл бар асари обхезӣ роҳҳо дар аксари навоҳии вилояти Бадахшон хароб шуда, иртибот ба аксари деҳотро аз байн бурд. Сокинони ноҳияи Рӯшон мегӯянд, то оғози интиқоли молу маҳсулот тариқи ҳавопаймо онҳо мушкили ҷиддӣ доштанд.

Мунира Шаҳбозова, як сокини ҷамоати Пастхӯф ба мо гуфт, то 1-уми август нархҳо дар ҳудуди ҷамоати онҳо хеле баланд буд, аммо ҳоло каме поин шудааст. Ӯ мегӯяд, мардум бо нигаронӣҳар навъ маҳсулоте, ки ворид мешавад, онро зуд мехаранд: “Ҳоло мардум ҳарчанд барои як ҳафта захира дошта бошанд ҳам, аммо вақте чархбол меояд, боз рафта харидорӣ мекунанд, зеро метарсанд, ки агар дигар чархбол наояд, онҳо чӣ кор мекунанд. То парвози чархболҳо орд то 250 сомонӣ боло рафта буд ва як литр равған аз 10 сомонӣҳам зиёд шуда буд. Ҳоло каме поинтар рафтааст ва мо рафта аз маркази ҷамоат бо ёрии хару асп молу маҳсулотамонро меорем. ”

Аммо бархе сокинони деҳоти дурдасти ноҳияи Рӯшон аз вазъи сиҳатиашон нигаронанд. Мавҷуда Саидшоева, як сокини дигари ноҳияи Рӯшон гуфт, агар дар ин ҳолат ягон нафар бемори ҷиддӣ шавад, ӯро то марказ расонидан хеле мушкил аст.

Ӯ гуфт: “Мо дар деҳаамон духтур дорем, аммо ӯ коллеҷи тиббӣ хондааст ва ба ҷуз доругузаронӣ дигар корро наметавонад. Ҳоло мо бештар аз он нигаронем, ки ягон зани обистан таваллуд накунад ва ягон кас ба ҷарроҳӣ ниёз пайдо накунад, зеро дигар ҳеҷ коре дар инҷо карда намешавад.”

Аммо Худоёр Худоёров, раиси ноҳияи Рӯшон гуфт, дар ҳама ҳолат омодаанд, ба кӯмаки мардум бирасанд ва ба онҳо кӯмак кунанд. Ӯ гуфт, тариқи чархболҳо ва мошинҳои боркаш имкони овардани беморӣҷиддиро ҳам доранд ва набояд сокинон нигарон бошанд.

Ноҳияи Рӯшон, яке аз калонтарин наоҳия дар вилояти Бадахшон аст, ки наздик ба 30 ҳазор аҳолӣ дорад. Деҳоти дурдасти ин ноҳия то маркази вилоят 50 то 70 километр роҳи душворгузар доранд. Ҳоло, ин ягона ноҳияи вилояти Бадахшон аст, ки сокинони деҳоти дурдасташ тариқи чархбол кӯмак мегиранд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi