18:30:31 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Мусодираи беш аз 300 кг. маводи мухаддир ва 2 силоҳи оташфишон аз ҷониби КДАМ

Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти шабонарӯзии худро дар самти тақвияти мубориза бо қочоқи маводи мухаддир пурзӯр намуда, якчанд ҳодисаҳои интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаоварро аз қаламрави ҶИА ба ҳудуди Тоҷикистон пешгирӣ ва барбод доданд.

navori-favri_2155445.jpgЧунончӣ, зимни роҳандозии чорабинии фаврӣ-ҷустуҷӯйӣ дар ҳудуди ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон маълум карда шуд, ки гурӯҳи фаромиллии мусаллаҳи қочоқбарони афғон Ҳошим валади Миракбар, Муҳибулло валади Ҳоҷиабдуламир, Абдуссабур  валади Абдулқудус, Зоир валади Муллоиваз, Аҳмадхон валади Раҳматхон - истиқоматкунандагони вулусволии Янгиқалъаи вилояти Тахори ҶИА, тавассути яке аз минтақаҳои нисбатан осебпазири марзи давлатӣ масири қочоқи маводи мухаддирро ташкил додаанд ва ният доранд воситаҳои нашъадорро дар ҳаҷми махсусан калон ба Тоҷикистон гузаронанд.

Дар ҷараёни амалиёт миёни командони мақомоти амнияти миллӣ ва марзшиканон задухӯрди шадиди мусаллаҳона ба миён омад. Дар натиҷа қочоқбарони афғон Абдуссабур валади Абдулқудус ва Зоир валади Муллоиваз безарар гардонида шуда, шарикони боқимондаи онҳо бо истифода аз торикии шаб, ба самти Афғонистон фирор карданд. Ҳангоми азназаргузаронии ҷойи ҳодиса 11 борхалта «ҳашиш» бо вазни умумии 275 кг. дарёфт ва мусодира гардид.

Зимни боз як амалиёти кормандони КДАМ дар ҳудуди ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон, аъмоли ҷиноятии гурӯҳи қочоқбарон иборат аз шаҳрвандони ҶИА Қорӣ Муҳаммад, истиқоматкунандаи деҳаи Шоҳравони вулусволии Дашти Арчии вилояти Қундуз ва Содиқ валади Малукбой, истиқоматкунандаи деҳаи Қаламгузари вулусволии Имом Соҳиби вилояти Қундуз барбод дода шуд. Ҷинояткорон баъд аз муқобилияти шадиди мусаллаҳона ба кормандони КДАМ силоҳи худ ва маводи мухаддирро партофта, ба қаламрави Афғонистон фирор карданд. Дар ҷойи ҳодиса 1 адад яроқи шикорӣ, 1 борхалта бо 18 бастаи дорои 15 килограмму 371 грамм «афюн» ва 752 грамм  «ҳашиш» мусодира карда шуд.

Ҳангоми амалиёти дигар дар ҳудуди ноҳияи Қумсангир, марзшиканон ба амри сарҳадбонон дар бораи истодан итоат накарда, аз силоҳи оташфишон ба ҷониби онҳо тир кушоданд. Марзбонон дар асоси Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳифзи сарҳади давлатии ҶТ» ва Ойинномаи Қӯшунҳои сарҳадӣ «Оид ба ҳифзи сарҳади давлатии ҶТ» амал карда, оташи ҷавобӣ кушоданд. Дар натиҷа саркардаи қочоқбарони афғон Фазлиддин валади Муҳаммадшоҳ, истиқоматкунандаи вулусволии Хусти вилояти Бағлони Афғонистон безарар гардонида шуд. Ҳангоми азназаргузаронии ҷойи ҳодиса 1 борхалта бо 19 бастаи полиэтиленӣ дарёфт гардид. Ташхис нишон дод, ки дар бастаҳо 14 килограмму 138 грамм маводи мухаддири навъи «ҳашиш» ҷой карда шудааст.

Бо мақсади роҳ надодан ба кӯшишҳои ҷинояткоронаи нашъаҷаллобони афғон, кормандони мақомоти амнияти миллӣ дар ҳудуди ноҳияи Қумсангир боз як амалиёт гузарониданд. Ҳангоми пешгирии ҳадафи қочоқчиён аз убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ ва интиқоли маводи мухаддир, задухурди шадиди мусаллаҳона ба вуқӯъ пайваста, қочоқчии ашаддӣ мулло Аҳмадшоҳ валади Фаромузхон, истиқоматкунандаи деҳаи Чорсараки вулусволии Имом Соҳиби вилояти Қундуз безарар гардонида шуд. Дар ҷойи ҳодиса 1 автомати Калашников, 3 тирдон ва 90 дона тир, 2 борхалта бо 24 килограмм«ҳашиш» дарёфт ва мусоидра гардид.

Ҳоло нисбат ба ҳамаи ҳодисаҳои болозикр парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишоти пешакӣ давом дорад.

Аз Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон ба хабарнигори мо гуфта шуд, ки «Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қотеъона ва беамон муҳофизат карда мешавад. Ҳар «меҳмони нохонда»-е, ки дар сар фикри содир кардани аъмоли ҷиноятиро дошта, бо ниятҳои нопоку душманона ва қочоқи маводи мухаддир хатти марзи давлатиро убур карданӣ мешавад, ҳатман посухи сазовор хоҳад гирифт».

АМИТ «Ховар»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi