15:05:18 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

"Абу Холиди Кӯлобӣ" дар Сурия кушта шудааст

Ҷангии тоҷик Нусрат Назаров, маъруф ба Абу Холиди Кӯлобӣ дар Сурия кушта шудааст ва ин хабарро наздикон, мақомот ва ҷонибдорони гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” тасдиқ карданд.

abu-kholidi-kulobi-65894545Нусрат Назаров, сокини маҳаллаи Чармгарони Поёни Кӯлоб, ки давоми ду сол бо нашри наворҳои видеоӣ ва бо номҳои Абу Холиди Кӯлобӣ ва Фурқон Фаластин ҳамеша ҳукумати Тоҷикистонро таҳдид мекард, ҳафтаи пеш ҳангоми зарбаи ҳавопаймоҳои бесарнишин кушта шудааст.

Хайрулло Назаров, бародари Нусрат 9-уми июл ба мо гуфт, тақрибан як ҳафта пеш ба ӯ аксеро нишон доданд, ки дар он ҷасади фавтидаи бародараш буд. Хайрулло мегӯяд, бадани ӯ сӯхта буд, вале ба хуби шинохта мешуд, ки Нусрат Назаров ҳаст.

Дар ҳоле, ки Хайрулло ҳангоми сӯҳбат аз худ ҳеҷ андӯҳе нишон намедод, гуфт: “Хабари марги ӯро ҳамеша интизор доштем ва ин хабари ногаҳонӣ набуд. Медонистем, ки рӯзе хору зор кушта мешавад. Ӯро ман дар акс шинохтам.”

Тасдиқи хабари марг аз ҷониби Хайрулло Назаров дар ҳолест, ки рӯзе гузашта бо пахши як навор марги Абу Холиди Кӯлобиро ҷангиёни ин гурӯҳҳам тавассути интернет хабар доданд. Дар навор як ҷавони тоҷик, ки шахсияташ номаълум аст, дар миёни ду ниқобпӯш зоҳир шуда ба забони тоҷикӣ аз “шаҳид” шудани Абу Холиди Кӯлобӣ хабар дод. Дар ин навор ин ҷавон мегӯяд, медонанд, ки “аз ин хабар ҳукумати Тоҷикистон хурсанд мешавад.” Ӯ аз ҳаводорони Абу Холиди Кӯлобӣ хостааст, то аз марги ӯ дилмонда нашаванд.

Мақомоти интизомии Тоҷикистон низ хабари марги Нусрат Назаровро тасдиқ карданд. Як манбаъ аз мақомоти интизомӣ гуфт, Нусрат Назаров замоне кушта шудааст, ки мехост, аз марзи Туркия ду ҷавони тоҷикро барои пайвастан ба ҷиҳодиён ба Раққа бубарад, аммо дар нимароҳ аз зарбаи ҳавопаймоҳои бесарнишин кушта шудааст. Қаблан низ аз марги Нусрат Назаров дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар нашр шуда буд, вале он замон ин хабарро на наздикон ва на мақомот тасдиқ накарда буданд.

Нусрат Назаров, сокини маҳаллаи Чармгарони Кӯлоб, соли 1976 таваллуд шуда, бино ба эътирофи худаш дар наворҳое, ки замони зинда буданаш нашр мекард, ду соли пеш ба Сурия рафта буд. Вай гуфта буд, ки бештар дар вилояти Раққаи Сурия “кору зиндагӣ” мекардааст.

Мақомот Абу Холиди Кӯлобиро фарде медонистанд, ки дар изҳороташ ҳамеша таҳдиди ғасби Тоҷикистонро мекард. Ӯ гурӯҳе аз тоҷиконро дар Сурия раҳбарӣ мекард ва замони ахир бештар ба ҷалби ҷавонони тоҷик ба ҷангҳои Сурия ва Ироқ машғул буд ва ба гуфтаи ҳамсафонаш, дар ҷангҳо ширкат намекард.

Аз лаҳни сӯҳбатҳояш эҳсос мешуд, ки дониши кофии динӣ ва дунявӣ надорад. Дар баҳс бо Ҳоҷӣ Мирзо Ибронов, рӯҳонии шинохтаи тоҷик ӯ мулзам шуда буд. Ин гуфтугӯ аудиоӣ, ки ҳудуди 40 дақиқа идома дошт, бо ибтикори Абу Холиди Кӯлобӣ сурат гирифта буд ва рӯзи 16-уми марти соли равон дар саҳифаи шабакаҳои иҷтимоии мансуб ба ҷангиёни тоҷик, нашр шуда буд.

Замони охир, ба гуфтаи наздиконаш, аз лаҳни сӯҳбатҳои видеоиаш эҳсос мешуд, ки пушаймон аст, вале роҳи бозгашт ба ватанро надорад. Ӯ то рафтан ба Сурия дар Кӯлоб ҳамчун сарроф кор мекард ва баъдан мӯътоди маводи мухаддир шуда, қарздор шуд. Пас аз қарздор шудан хонаи падариро фурӯхта ба Русия ва аз он ҷо ба Сурия меравад. Ӯ ду писар ва як духтар дорад, ки борҳо тариқи наворҳои видеоӣ бозгашташ ба ватанро тақозо мекарданд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi