ҲАФТАНОМАИ МУСТАҚИЛИ "ПАЙКОН" АЗ ЧОП МОНД
18.05.2011 12:28
1795
Чопхонаи "Шарқи озод" аз нашри ҳафтаномаи мустақили "Пайкон", ки ахиран додгоҳ фаъолияташро қатъ намуда буд, худдорӣ кард. Фазлиддин Хоҷаев, сармуҳаррири нашрия мегӯяд, тайи чанд моҳи ахир "Пайкон" аз ин чопхона 7 ҳазор сомонӣ қарздор шуд ва ҳамчунин ду шумораи ахираш ...
МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО САЙИД МАХДУМ РАҲИН
17.05.2011 19:11
1660
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири иттилоот ва фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Сайид Махдум Раҳинро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили ҳамкории фарҳангӣ ва рушди муносиботи дўстӣ ва ҳамсоягии накуи ду кишвар баррасӣ шуд.
ИНФИҶОР ДАР ШАҲРИ ОҚТЕППАИ ҚАЗОҚИСТОН
17.05.2011 15:25
1750
Бар асоси гузоришҳои расида аз Қазоқистон, дар наздикии сохтмони идораи амнияти шаҳри Оқтеппа, инфиҷоре рух дода ва чандин нафар захмӣ шудаанд. Маъмурони пулис бинои Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон дар шаҳри Оқтеппаро таҳти иҳотаи худ гирифтаанд.
МАЗНУНИЯТИ ЯК ТОҶИК БА ҚАТЛИ ҲАМВАТАНОНАШ ДАР МАСКАВ
17.05.2011 10:55
1785
Расонаҳои Русия бо истинод ба манобеъи интизомии кишвар хабар додаанд, ки дар қатли ду муҳоҷири тоҷик ва захмӣ кардани як муҳоҷири дигар дар шарқи Маскав шаҳрванди Тоҷикистон мазнун будааст. То ин дам ин фарди мазнун дар бемористон ба унвони осебдида дар ин ҳодиса бистарӣ будааст.
МУЛОҚОТИ РАИСИ САҲА БО ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
16.05.2011 16:59
1691
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси амалкунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), Вазири корҳои хориҷии Литва Аудронюс Ажубалисро ба ҳузур пазируфт. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нахуст кишвари Литваро бо фаро расидани давраи раёсаташ ...
ВОРИДНАМОИИ ТАҒЙИРУ ИЛОВА БА ЯК ҚАТОР ҚОНУНҲО
16.05.2011 16:57
1602
Дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз 16 майи соли 2011 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, як қатор лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифтанд.
ДАРХОСТИ ҲУКМИ ҲАБСИ ҚАЗЗОФӢ АЗ ДОДГОҲИ ҲЕЙГ
16.05.2011 16:55
2250
Додситони кулли додгоҳи байналмилалии Ҳейг имрӯз аз қозиёни ин додгоҳ судури ҳукми боздошти ҳокими Либия Муаммар Қаззофӣ бо иттиҳоми ҷиноёт алайҳи башариятро дархост кард.
ХАБАРНИГОРИ ТОҶИК БА "ҚАЛЛОБӢ" МУТТАҲАМ МЕШАВАД
16.05.2011 12:27
2503
Алиҷони Муҳаммад, узви Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон бо қарори Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст. Дар ин бора ба "Озодӣ" вакили дифои ӯ, Нурулло Каримов, хабар дод ва гуфт, ин хабарнигори тоҷик ду рӯз боз дар боздоштгоҳи муваққат ба сар мебарад.
БОЗДОШТИ РАИСИ САНДУҚИ БАЙНУЛМИЛАЛИИ ПУЛ ДАР НЮ ЙОРК
16.05.2011 12:22
1575
Раиси Сандуқи Байнулмилалии Пул (IMF), Доминик Стросс-Канро лаҳзаҳое пеш аз парвозаш ба Порис боздошт карданд. Ин боздошт бо амри додситонҳои Ню Йорк ба вуқӯъ пайваст, ки Стросс-Канро ба ҷинояти шаҳвонӣ ва талоши таҷовуз ба номуси пешхидмати меҳмонсаро айбдор карданд.
РАИСИ ОБСЕ АУДРОНИУС АЖУБАЛИС БА ТОҶИКИСТОН ОМАД
16.05.2011 12:20
2287
Аудрониус Ажубалис, раиси Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ва вазири умури хориҷии Литва ба хотири баррасии шеваҳои беҳтари кӯмак ба Тоҷикистон ба Душанбе омадааст.
ТАЗОҲУРОТИ МАСЕҲИЁН ДАР МИСР БА ХУШУНАТ КАШИДА ШУД
15.05.2011 18:01
1723
Мақомҳои мисрӣ мегӯянд ҳадди ақал ҳафт нафар дар тазоҳуроти масеҳиёни Миср дар маркази Қоҳира захмӣ шудаанд. Ин тазоҳурот дар баробари сохтмони телевизиюни давлатии Миср баргузор шуд, аммо дар соъоти шаб ба суи онҳо тирандозӣ шуд ва гурӯҳе бумбҳои бензинӣ ба суи тазоҳуркунандагон ...
ОҒОЗИ РАЪЙДИҲӢ ДАР ҲАВЗАИ ИНТИХОБОТИ СИНО
15.05.2011 10:32
1932
Субҳи барвақти рӯзи якшанбе, 15-уми май дар ҳавзаи интихоботии Синои шаҳри Душанбе овоздиҳӣ ба интихоботи миёндавраии Маҷлиси Намояндагон оғоз шуд. Ба қавли раиси ҳавзаи интихоботии Сино, Абдулло Ҳабибов, 70 ҳазор раъйдиҳанда дар 47 қитъаи овоздиҳӣ ...
ВКД: “БОЗ ЯК МАҲБУСИ ФИРОРӢ КУШТА ШУД”
15.05.2011 10:29
1775
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз кушта шудани Ҷумъа Иброҳимов, як маҳбуси фирорӣ аз боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон хабар дод. Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба мо гуфт ...
БОЗИНГАРИ ДАСТАИ «РАВШАН»-РО КӢ КОРД ЗАД?
14.05.2011 20:59
1748
Ҳуҷумкунандаи дастаи футболи «Равшан» Наврӯз Рустамов имрӯз аз беморхона ҷавоб дода шуд. Бегоҳии рӯзи 12-уми май ӯ бо захми ду корд дар бадан дар беморхона бистарӣ шуда буд. Пизишкон мегӯянд, ду корде, ки дар бадани ин ҷавони 18-сола зада шудааст ...
БЕШ АЗ 70 КУШТАИ ЯК ИНФИҶОР ДАР ПОКИСТОН
13.05.2011 18:12
1749
Масъулияти ҳарду бомбгузорӣ дар наздикии академияи низомӣ дар шимол-ғарбӣ Покистонро Толибон бар ӯҳда гирифтанд. Бар асари ин ду ҳамлаи ба гуфтаи пулис маргталабона, дастикам 80 нафар ҷон бохта, беш аз 100 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Таҳрики Толибони Покистон мегӯяд ...