17:17:18 02-уми Июни 2025 сол

МУЛОҚОТИ РАИСИ САҲА БО ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси амалкунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), Вазири корҳои хориҷии Литва Аудронюс Ажубалисро ба ҳузур пазируфт.

obse_president321.jpg

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нахуст кишвари Литваро бо фаро расидани давраи раёсаташ дар ин Созмони бонуфуз табрик гуфта, изҳор дошт: “Тоҷикистон иштироки фаъолро дар умури Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии худ муқаррар карда, пайваста кўшиш ба харҷ медиҳад, то доираи ҳамкориро бо кишварҳои аъзо ва ниҳодҳои Созмон васеъ гардонад”.

Аудронюс Ажубалис дар навбати худ изҳор дошт, ки «Тоҷикистон шарики хеле муҳими САҲА мебошад ва дар ин ҷо ҷойгир шудани калонтарин Дафтари (Бюрои) созмон ва ҳам шумораи аз ҳамаи зиёди кормандони он далели ин гуфта аст”.

Аз ҳамкории Тоҷикистон бо САҲА дар ҳамаи се самти авлавиятноки фаъолияти он – сиёсию низомӣ, иқтисодию экологӣ ва гуманитарӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Ба фаъолияти Гурўҳи корӣ оид ба ҳамкории САҲА ва Тоҷикистон, Коллеҷи омўзиши кормандони соҳаи идораи сарҳадот дар назди Дафтари Созмон дар Тоҷикистон ва рафти татбиқи Стратегияи миллии идораи   сар?адот, ки дар ҳамдастӣ таҳия ва қабул гашта буд, баҳои баланд дода шуд.

Ҳамзамон, бо назардошти зарурати тақвияти мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, вусъат додани ҳамкорӣ дар ин самт, аз ҷумла барои пурзўр намудани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон зарур шумурда шуд.

Атрофи роҳҳои ҳалли мушкилоти мавҷудаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла доир ба истифодаи босамари захираҳои обию энергетикӣ, экологӣ, нақлиётию транзитӣ ва рафъи хатари минаҳо ба аҳолии минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон ҳам гуфтугўи судманд сурат гирифт.

Аудронюс Ажубалис изҳор дошт, ки «кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ метавонанд барои ҳалли масоили баҳсноки худ, аз ҷумла ҳалли мушкилоте, ки аз замони Иттиҳоди Шўравӣ мерос мондаанд, аз имконоти САҲА истифода намоянд».

Ў ҳамчунин афзуд, ки “ҳалли мушкилоти минтақавии миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ, пеш аз ҳама сабру таҳаммул ва тадриҷан, қадам ба қадам ба рушди ҳамкории созанда кўшиданро тақозо менамояд”.

Дар мулоқот ҳамчунин доир ба рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ, таҳким ва густариши ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Литва ва дигар мавзўъҳои мавриди таваҷҷўҳ табодули назар карда шуд.

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854