ДАРХОСТИ ҲУКМИ ҲАБСИ ҚАЗЗОФӢ АЗ ДОДГОҲИ ҲЕЙГ
Додситони кулли додгоҳи байналмилалии Ҳейг имрӯз аз қозиёни ин додгоҳ судури ҳукми боздошти ҳокими Либия Муаммар Қаззофӣ бо иттиҳоми ҷиноёт алайҳи башариятро дархост кард.
Луис Морено-Окампои аргентинӣ аз додгоҳи Ҳейг судури ҳукми ҳабси писари Қаззофӣ Сайфулислом ва раҳбари хадамоти иктишофии Либия Абдуллоҳ Санусиро низ хостааст. Морено-Окампо дар нишасти матбуотиаш гуфт, “шавоҳид ҳокист, ки Муамар Қаззофӣ шахсан фармони ҳамлаҳо алайҳи мардуми бегуноҳи мулкиро медод.»
Ӯ афзуд, Сайфулислом Қаззофӣ ва Абдуллоҳ Санусӣ ба таҳияву судури фармони ҳамлаҳо алайҳи чирикиҳо, ки мардуми мулкиро ҳам дониста ба ҳадаф дошт, айбдор мешаванд. Шӯрои Амнияти СММ ҳанӯз дар оғози ошӯбҳои Либия дар моҳи феврал ба Морено-Окампо салоҳият дод, то мавориди ҷинояти ҷанг дар Либияро таҳқиқ кунад.
Акнун ҳайъати сегонаи қозиёни додгоҳи Ҳейг ҷиҳати судури ҳукми байналмилалии боздошти ин се раҳбари Либия тасмим мегирад. Тайи 4 моҳи эътирозҳо алайҳи 42 соли ҳукумати Қаззофӣ дар Либия ҳазорон нафар кушта шуданд.