08:46:02 23-уми Августи 2025 сол
МУСОДИРАИ ЗИЁДА АЗ 120 КГ МАВОДИ МУХАДДИР 27.05.2011 10:53 1594
Шабонарӯзи гузашта кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон зимни гузаронидани амалиёт дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиёда аз 120 кг маводи нашъадорро мусодира намуданд.
МОДАР ФАРЗАНДАШРО МЕХОСТ ФУРӮШАД 27.05.2011 10:52 1810
Кормандони ВКД ҶТ ин навбат фурӯши ғайриқонунии одамро ошкор ва пешгирӣ намуданд.
ХУНИНТАРИН РӮЗ БАРОИ НАТО ДАР АФҒОНИСТОН 27.05.2011 10:51 1308
Дирӯз хунинтарин рӯзи моҳи равон барои нирӯҳои НАТО дар  Афғонистон буд.
32 КУШТА ДАР ЯК ҲАМЛА ДАР ҲАНГУИ ПОКИСТОН 27.05.2011 10:51 1240
Ҳамлаи маргталабона дар шимолуғарби Покистон, бино ба хабарҳо, 32 кушта ва то 50 захмӣ ба ҷо гузошт.
ГУРӮҲИ АҲМАДОВ МУНТАЗИРИ ФАРМОНИ ИСТИХДОМ ДАР ПУЛИС 26.05.2011 14:59 1516
Мирзохӯҷа Аҳмадов ва ҷонибдоронаш барои истихдом дар пулиси Тоҷикистон дубора даъват шуда ва мунтазири фармонҳои интисоби худ ҳастанд. Олим Одилов, яке аз наздикони оқои Аҳмадов, рӯзи панҷшанбеи 26 май ба Би-би-сӣ гуфт, ки ахиран аъзои ин гурӯҳ бо пешниҳоди мақомоти пулис асноди зарурӣ барои кор дар ниҳодҳои интизомиро ба мақомот ....
ҲУКУМАТИ ИМА БА ДЕҲҚОНОНИ ТОҶИК ЭКСКАВАТОР ТАҚДИМ НАМУД 26.05.2011 10:36 1550
Ҳукумати ИМА тавассути Барномаи дастгирии иттиҳодияҳои истифодабарандагони об (БДИИО), ки аз ҷониби Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) маблағгузорӣ мешавад, ба Федератсияи иттиҳодияҳои истифодабарандагони оби «Сароб» ...
КИТОБИ «МЕЪМОРИ ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН» АЗ ЧОП БАРОМАД 25.05.2011 23:04 2547
Имрӯз, 25 май, дар дафтари ҳафтаномаи «СССР» муаррифии китоби «Меъмори истиқлоли Тоҷикистон», ки ба хотираи шодравон Тоҳири Абдуҷаббор, яке аз сиёсатмадорон ва иқтисоддонҳои маъруфи кишвар, таҳия шудааст, баргузор гардид.
ПАРВАНДАИ НАВ. БОЗ 7 ПАЙРАВИ ХУДОЙБЕРДИЕВ 25.05.2011 18:12 1695
Парвандаи пурсарусадои 7 гумонбар ба узвияти гурӯҳи сарҳанги шӯришӣ Маҳмуд Худойбердиев ба дасти додгоҳи вилояти Хатлон расидааст. Тавре, ки ба радиои Озодӣ аз додситонии вилояти Хатлон иттилоъ доданд, ин парвандаи ҷиноӣ чаҳор моҳи ахир мавриди тафтиш қарор дошта, ҳамакнун барои баррасӣ ...
ДОНИШҶӮЙИ ДОНИШКАДАИ ИСЛОМӢ МУТТАҲАМ БА МОШИНДУЗДӢ 25.05.2011 18:06 1548
Маъмурони пулиси шаҳри Душанбе як донишҷӯйи Донишкадаи исломии Тоҷикистонро ба иттиҳоми сирқати худрав ва минибусҳо боздошт кардаанд. Ба гуфтаи маъмурон, ин донишҷӯ якҷо бо як ҳамдеҳаи худ аз рустои Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ шаш минибуси мавсум ба “Чанху”, ки миёни мардум бештар ...
ДАСТУРИ ҚАТЪИ ДАСТРАСӢ БА САЙТИ ТӮРАҶОНЗОДАҲО 24.05.2011 17:42 1660
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ба ширкатҳои дастраскунандаи интернет дастур додааст, ки дастрасӣ ба сайти Тӯраҷонзодаҳоро маҳдуд кунанд. Ин хадамот гуфтааст, бино бар зарурати пеш омадани корҳои фаннӣ, дастрасӣ ба сомонаи Тӯраҷонзодаҳо қатъ шавад.
"НАРХИ РОҲКИРО ДАР ДУШАНБЕ АФЗОИШ МЕЁБАД" 24.05.2011 17:32 1553
Шаҳрдории Душанбе тасмим гирифтааст аз авоили моҳи оянда нархи роҳкирои васоили мусофирбарӣ дар ин шаҳрро афзоиш диҳад. Шавкат Саидов, сухангӯйи шаҳрдории Душанбе, ба хабаргузориҳо гуфт, ки масъалаи боло рафтани қимати роҳкиро дар ҷаласаи вижаи шаҳрдорӣ таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе, ва масъулони сохторҳои мухталифи шаҳр матраҳ шудааст.
ШОҲИЁН: "БА ШИКОЯТҲОИ ТОЛИБШОҲ РАСИДАГӢ МЕШАВАД" 24.05.2011 17:28 1549
Номзади мӯътаризи интихоботи ҳавзаи Сино, Толибшоҳи Саидзода шикоёташро ба КМИР супурдааст. Намояндагони Кумиссюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон мегӯянд, ин шикоятҳоро  дастрас кардаанд. Худи ҷаноби Саидзода ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бастаи шикоятҳои расмии ӯ аз чунин мавод иборат аст:
БРИТАНИЯИ КАБИР ДАР ҶУМХУРИИ ҚИРҒИЗСТОН CАФОРАТХОНА МЕКУШОЯД 23.05.2011 14:18 1555
Вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Уилям Хейг ифтитоҳи сафоратхонаи навбатии Британияи Кабирро дар Бишкек эълон намуд. Сафоратхона фаъолияти худро ба таҳкими рабовити сиёсӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаи рушд равона месозад. Бахши раводид ва консулигарӣ бошад...
ҲАМЛА БА ЯК ПОЙГОҲИ НИЗОМӢ ДАР КАРОЧИИ ПОКИСТОН 23.05.2011 14:13 1818
Мардони мусаллаҳ ба як пойгоҳи муҳимми нерӯҳои дарёии артиши Покистон дар шаҳри Карочӣ ҳамла карда ва пас аз як даргирии хунин теъдоде аз низомиёнеро, ки баъзе аз онҳо чини ҳастанд, ба гаравгон гирифтанд. Гузоришҳо ҳокист, ки ҳадди ақал шаш муҳоҷим ва панҷ сарбоз кушта ва теъдоде захмӣ шудаанд.
КОНСЕРТИ МУИН БИДУНИ ДУРБИН БАРГУЗОР ШУД 23.05.2011 14:11 1474
Рӯзи якшанбеи 22 май дар толори Кохи Борбади шаҳри Душанбе консерти Муин, овозхони маъруфи эронӣ баргузор шуд. Баргузоркунандаи ин консерт, ширкати мухобиротии мавсум ба “Тисел”-и Тоҷикистон аст.