17:30:07 02-уми Июни 2025 сол

ҲАФТАНОМАИ МУСТАҚИЛИ "ПАЙКОН" АЗ ЧОП МОНД

Чопхонаи "Шарқи озод" аз нашри ҳафтаномаи мустақили "Пайкон", ки ахиран додгоҳ фаъолияташро қатъ намуда буд, худдорӣ кард. Фазлиддин Хоҷаев, сармуҳаррири нашрия мегӯяд, тайи чанд моҳи ахир "Пайкон" аз ин чопхона 7 ҳазор сомонӣ қарздор шуд ва ҳамчунин ду шумораи ахираш бо як ноутбук ва як компютери саримизӣ нашр шуд.

paykon_7452145.jpgДигар таҷҳизоти фаннии нашрияро ҳудуди як моҳ пеш бо қарори додгоҳ ба нафъи "Тоҷикстандарт" мусодира карда буданд. Ҷаноби Хоҷаев мегӯяд, дар сурати идомаи фаъолият, имкони бозгардонидани қарзи чопхона вуҷуд дошт, аммо бо қатъи фаъолият ин имконнопазир мешавад. Вай афзуд, ба чанд чопхонаи дигаре, ки муроҷиат кардаанд, посухи радд гирифтаанд.

Тибқи бархе манобеи дигар, сабаби аз чопи "Пайкон" сар тофтани чопхонаҳо, қарори додгоҳ дар бораи қатъи фаъолияти Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва таҳқиқоти рӯзноманигорӣ, муассиси нашрия пеш омадааст. Бар пояи шикояти Вазорати адлия, фаъолияти ин Бюро дар оғози моҳи равон қатъ шуда буд.

"Пайкон" аз моҳи марти соли 2009 ба фаъолият шурӯъ карда дар беҳтарин айёми фаъолияташ то ҳафт ҳазор нусха ва ҳафтаҳои ахир ба теъдоди 2 ҳазор нашр мешуд. Заиф шудани фаъолияти нашрияро ҳамчунин ба маризии мудаввоми муассиси Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва таҳқиқоти рӯзноманигорӣ Ҷумъабой Толибов рабт медиҳанд, ки аз чанд моҳ ба ин сӯ бистарӣ аст.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854