МАЗНУНИЯТИ ЯК ТОҶИК БА ҚАТЛИ ҲАМВАТАНОНАШ ДАР МАСКАВ
Расонаҳои Русия бо истинод ба манобеъи интизомии кишвар хабар додаанд, ки дар қатли ду муҳоҷири тоҷик ва захмӣ кардани як муҳоҷири дигар дар шарқи Маскав шаҳрванди Тоҷикистон мазнун будааст. То ин дам ин фарди мазнун дар бемористон ба унвони осебдида дар ин ҳодиса бистарӣ будааст.
Бино ба иттилоъи расонаҳои Русия ин фарди мазнун дар қатли ду тоҷик ва захмӣ кардани як ҳамватани дигараш, як шаҳрванди 44 солаи Тоҷикистон аст, ки бо захмҳое аз тир дар пой, даст ва шиками худ ҳамчунон таҳти муроқибати пизишкон қарор дорад.
Тибқи таҳқиқоти муқаддамотӣ шоми сеюми май дар бозори “Виктория”, ки воқеъ дар кӯчаи Амури шаҳри Маскав аст, байни як посбон ва се ҳамватани вай даъвое рух додааст. Ин посбон, ҳамон фардест, ки мазнун ба куштан ва захмӣ кардани шаҳрвандони Тоҷикистон аст.
Бино ба фарзияи пулис, вай дар ҷараёни даъво ба сӯйи ҳамватанонаш тавассути туфанги Иж-71тир холӣ кардааст. Пас аз ин вай худро ҳам захмӣ карда ва ба шахсоне, ки ба ҷойи ҳодиса омаданд, гуфтааст, ки афроди ношинос ба онҳо ҳамла кардаанд.
Як марди 43 сола ва рафиқи 25 солаи ӯ дар роҳ ба сӯйи бемористон фавтидаанд, аммо яке аз захмдидагон, шаҳрванди 22 солаи Тоҷикистон дертар ба ҳуш омада ва ҳодисаро ба пулис ҳикоя кардааст. Таҳқиқоти ин ҳодиса ҳанӯз идома дорад.
Би-Би-Си