02:15:58 23-уми Августи 2025 сол
ВОКУНИШИ ҲОМИД КАРЗАЙ БА КУШТОРИ БЕН ЛОДЕН 02.05.2011 15:21 1650
Дар вокуниш ба куштори Бен Лоден Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон гуфт, “Толибон бояд сабақ бигиранд” ва ба даргириҳо хотима бахшанд:
ДАР ТОҶИКИСТОН АМАЛИЁТИ "КУКНОР-2011" ОҒОЗ ШУДААСТ 02.05.2011 15:20 1551
Нируҳои интизомии Тоҷикистон дар ин кишвар амалиёти “Кукнор-2011”-ро давом медиҳанд. Ин амалиёт дирӯз оғоз шудааст.
ОЁ КУШТА ШУДАНИ БИН ЛОДИН ПОЁНИ КОР АСТ? 02.05.2011 13:14 1823
Кушта шудани Усома бин Лодин, раҳбари шабакаи Ал-Қоида, вокунишҳоеро низ дар Тоҷикистон дар пай доштааст. Ба назари аксари коршиносони тоҷик, кушта шудани бин Лодин, яке аз пояҳои асосии терроризмро дар ҷаҳон заъиф хоҳад сохт.
БАРАК ОБАМА: “УСОМА БИН ЛОДИН КУШТА ШУД” 02.05.2011 10:19 1883
Раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, Барак Обама дар як изҳороти расмӣ ҳалокати раҳбари Ал Қоида, Усома бин Лодинро тасдиқ кард. Вай гуфт, сар аз моҳи сентябри соли 2001, пас аз ҳамлаҳои 11-уми сентябр хадамоти иктишофии Амрико дар пайи Усома бин Лодин буданд ...
«САМАНДАРИ ТИЛЛОӢ» НАСИБИ КОРГАРДОНИ ТОҶИК ШУД 01.05.2011 23:33 1846
Носир Саидов, коргардони филми «Қиёми рӯз» дар ҷашнвораи байналмилалии синамогарон, ки дар ҷазираи Киши Ҷумҳурии  Исломии Эрон баргузор гардид, сазовори ҷоизаи «Самандаи тиллоӣ» барои беҳтарин кори коргардонӣ дониста шуд. Ин ҷашнвора аз 24 то 28-уми апрел ...
ҲАЁТИ ҲИЗБӢ: ТАРҒИБИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ ДАР ХАТЛОН 30.04.2011 18:06 2266
Дар ҷаласаи навбатии Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон масъалаи амалишавии дастуру супоришҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён гардида буданд ...
БОЗОШТИ МУҲОҶИРИ ТОҶИК БА ИТТИҲОМИ ҚАТЛ 29.04.2011 13:09 1697
Як шаҳрванди Тоҷикистон дар шаҳри Сант-Питерсбурги Русия, ба иттиҳоми қатл ва ғорат боздошт шудааст. Ба навиштаи рӯзномаи “Московский комсомолец” рӯзи 27 апрели соли равон, пулиси ин шаҳр шаҳрванди Тоҷикистон, Шафиевро боздошт ва ӯро дар қатли як сокини хориҷӣ дар Русия муттаҳам кардааст.
МАҲКУМИЯТИ 11 УЗВИ ҲИЗБУТТАҲРИР ДАР СУҒД 27.04.2011 12:55 1832
Додгоҳи вилояти Суғд, 11 узви Ҳизбуттаҳрир, созмоне, ки дар Тоҷикистон ғайриқонунӣ маҳсуб мешавадро аз 3 то 20 сол равонаи зиндон кардааст.
ИМРӮЗ НИЗ АЗ ДАРЪО САДОИ ТИРУ ТӮП ШУНИДА МЕШУД 27.04.2011 12:52 1743
Сокинони Даръо мегӯянд, имрӯз низ дар ин шаҳри ҷануби Сурия садои тиру тӯп шунида мешуд. Нирӯҳои Сурия дирӯз таҳти ҳимояти тонкҳо бо ҳадафи саркӯб кардани эътирозҳои саросарӣ алайҳи режими Башор Асад вориди Даръо шуданд.
МОЛИКӢ ДАР ҚАТЛҲОИ АХИР СИЁСАТМАДОРОНРО АЙБДОР КАРД 27.04.2011 12:49 1604
Сарвазири Ироқ Нурӣ Моликӣ дар як нишасти хабарӣ дар Бағдод гуфт, дар паси силсилаи ахири қатлҳои мақомоти аршади мулкиву низомӣ сиёсатмадорони ироқӣ истодаанд.
КОБУЛ: БА ФИРОРИ МАҲБУСОН АЗ ДОХИЛ ЁРӢ КАРДААНД 27.04.2011 12:46 1719
Дафтари раёсатҷумҳурии Афғонистон гуфт, фирори садҳо толиби маҳбус аз зиндони Қандаҳор бо мусоидат аз дохил муяссар шудааст.
ДАЪВАТИ РУМУ ПОРИС БА ИСЛОҲИ ПАЙМОНИ ШЕНГЕН 27.04.2011 12:42 1404
Сарвазири Итолиё Силвио Берлусконӣ ва раисиҷумҳури Фаронса Никола Саркозӣ имрӯз муштаракан ба ислоҳ ва ташдиди паймони марзҳои бози ИА даъват карданд.
БУҲРОНИ ЯМАН ФАРДО ДАР РИЁЗ ҲАЛЛ ХОҲАД ШУД 27.04.2011 12:33 1485
Мақомоти давлатӣ ва мухолифини Яман рӯзи чоршанбе ба манзури тасвиби роҳи ҳалли се моҳи ошӯбҳои хунини ин кишвар ба Риёз, пойтахти Арабистони Саудӣ мераванд.Ин қарордод бо миёнҷигии кишварҳои халиҷи Форс баста хоҳад шуд.
ДАРГИРИИ МУСАЛЛАҲОНА ДАР МАРЗИ ТОҶИКИСТОНУ АФҒОНИСТОН 26.04.2011 15:47 1729
Бар асари як даргирӣ дар марзи миёни Тоҷикистону Афғонистон як сарбози нерӯҳои марзбонӣ кушта шудааст. Мақомоти нерӯҳои марзбонии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон мегӯянд, як гурӯҳи даҳнафарии мусаллаҳ дар марз ба нерӯҳои марзбонии тоҷик, ки машғули назорати ...
БОЗДОШТИ ДУ ФАРДИ МУТТАҲАМ БА ҚАТЛ ДАР БАДАХШОН 22.04.2011 15:20 1873
Дар ноҳияи Шуғнони вилояти мухтори кӯҳистонии Бадахшон як фарди мазнун ба қатли инсон, ки ду сол боз мавриди ҷустуҷӯи пулис қарор дошт, боздошт шудааст. Носир Нафасбеков, муъовини аввали додситони вилояти Бадахшон, дар нишасте матбуъотӣ гуфт, ки Ғуломшо Занҷирбекови 47-сола дар қатли як сокини деҳаи Кушки ноҳияи Шуғнон мазнун аст.