МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО САЙИД МАХДУМ РАҲИН
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири иттилоот ва фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Сайид Махдум Раҳинро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили ҳамкории фарҳангӣ ва рушди муносиботи дўстӣ ва ҳамсоягии накуи ду кишвар баррасӣ шуд.
«Мо равобит ва ҳамкории сатҳи имрўзии фарҳангӣ ва иттилоотиро яке аз самтҳои афзали муносибатҳои дўстонаи ду кишвар ва мардумони онҳо медонем», - изҳор дошт дар оғози сўҳбат Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.
Аз сатҳ ва пайвастагии равобити илмию фарҳангӣ, аз ҷумла пажўҳишҳои олимони Афғонистон ва омўзиши кадрҳои ин кишвар дар муассисаҳои илмию таълимии Тоҷикистон, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Идомаи иштироки ҳунармандони ҳарду кишвар дар маҳфилҳои Фалак, Шашмақом, таҷлили Наврўз ва дигар чорабиниҳои фарҳангӣ арзишманд дониста шуд.
Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон, «вақти он расидааст, ки Созишномаи хоси ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳанг, ҳунар ва иттилоот ва Барномаи дарозмуддати ҳамкорӣ дар ин арсаҳо бо номгўи муфассали иқдомоти амалӣ таҳия ва имзо шаванд».
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин пешниҳод намуд, ки Шўрои ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Афғонистон таъсис дода шавад.
Ба рушди ҳамкории фарҳангии сеҷонибаи Тоҷикистону Афғонистон ва Эрон низ таваҷҷўҳи зиёд зоҳир гардид, аз ҷумла доир ба омодагӣ ба ҷашни ҷаҳонии Наврўзи Ориёни соли оянда, ки дар Тоҷикистон таҷлил хоҳад шуд.
Гуфтугўи судманд, ҳамчунин доир ба рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ сурат гирифт. Аз ҷумла зикр гардид, ки мубодилаи мол миёни Тоҷикистону Афғонистон дар соли 2010 беш аз 100 миллион долларро ташкил дод, ки ин нисбат ба 6 соли пеш қариб 30 баробар зиёд аст.
Бо ишора ба имконоти рушди минбаъдаи равобити дуҷониба ва бунёди шабакаҳои хатҳои интиқоли барқ, роҳҳо ва пулҳои бузурги пайвандгари ду кишвар изҳори боварӣ карда шуд, ки Тоҷикистону Афғонистон ба чорроҳаи васли равобити минтақавӣ ва байниминтақавӣ табдил хоҳанд ёфт.
Манбаъ: Сомонаи Президенти Тоҷикистон