ВОРИДНАМОИИ ТАҒЙИРУ ИЛОВА БА ЯК ҚАТОР ҚОНУНҲО
Дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз 16 майи соли 2011 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, як қатор лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифтанд.
Тавре котиби матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов иттилоъ дод, дар Шӯро лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи фондҳои ғайридавлатии нафақа», «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба алоқаи ҳавоӣ», Дар бораи Созишнома оид ба ҳамкории давлатҳои аъзои ИДМ дар хусуси таъмини амнияти шахсоне, ки бояд таҳти муҳофизати давлатӣ гирифта шаванд, «Оид ба лоиҳаи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истихроҷ ва истифодабарии ангиштсозӣ», «Дар бораи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда», «Оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи осорхонаҳо ва фонди осорхонаҳо», Дар бораи Созишномаи тартиби фаъолияти таъминоти молиявӣ, техникӣ ва ақибгоҳи ҳайати Қувваҳои дастаҷамъии нигоҳдори сулҳ дар иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, дар бораи Конвенсияи кафолатҳои байналмилалӣ нисбат ба таҷҳизоти мутаҳаррик, дар бораи Протокол оид ба таҷҳизоти авиатсионӣ ба Конвенсия дар бораи кафолатҳои байналмилалӣ нисбат ба таҷҳизоти мутаҳаррик баррасӣ шуданд.
Раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Раҷабов, Амир Катаев, вакилон Бек Қурбонов, Саттор Холов ва дигарон дар баробари тавзеҳи масъалаҳои ба ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагон воридгардида, ҳамчунин иброз доштанд, ки рушди бомайлони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат ва баробари ҷомеаи муосир қадам гузоштани Тоҷикистони соҳибистиқлол зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба як қатор қонунҳои амалкунанда дар ҷумҳурии моро ба миён овардааст.