17:18:09 02-уми Июни 2025 сол

ОҒОЗИ РАЪЙДИҲӢ ДАР ҲАВЗАИ ИНТИХОБОТИ СИНО

Субҳи барвақти рӯзи якшанбе, 15-уми май дар ҳавзаи интихоботии Синои шаҳри Душанбе овоздиҳӣ ба интихоботи миёндавраии Маҷлиси Намояндагон оғоз шуд. Ба қавли раиси ҳавзаи интихоботии Сино, Абдулло Ҳабибов, 70 ҳазор раъйдиҳанда дар 47 қитъаи овоздиҳӣ ба ҷонибдории номзади худ раъй медиҳанд.

uchastka_43.jpgВай гуфт, то соати 8-и субҳ даҳ дарсади раъйдиҳандагон дар интихобот ширкат кардаанд. Замоне ки мо ба қитаъҳои раъйдиҳии 43 ва 44-и ҳавзаи Сино омадем, мардум бо ширкати андак ҳузури худро дар интихобот нишон медоданд. Яке аз раъйдиҳандагон гуфт, ки азбаски рӯзи якшанбе аст, мардум бештар ба масъалаҳои хонаводагӣ банд ҳастанд.

Аммо бархеи дигар аз сокинони шаҳр мегуфтанд, ки аз интихоботҳои ношаффофи гузашта медонанд, ки раъйи онҳо ба эътибор гирифта намешавад, аз ин рӯ алоқаи ҷиддӣ ба ин маъракаи сиёсӣ зоҳир намекунанд.

То соати нӯҳи субҳ, ки мо дар ҳузури раҳбари ҳавзаи интихоботӣ будем, тариқи телефонӣ яке аз нозирон аз қонуншиканӣ дар ҷараёни интихобот иттилоъ дода гуфт, ки дар яке аз қитъаҳои овоздиҳӣ як нафар ба ҷои наздиконаш раъй додааст.

Дар ҳамин ҳол, аз ситоди интихоботии Толибшоҳи Сайидзода, яке аз номзадҳо ба вакилии Маҷлиси Намояндагон низ дар тамоси телефонӣ ба мо гуфтанд, ки дар қитъаҳои 13, 39 ва 49 як нафар ба ҷои чанд нафар овоз додааст.

Дар интихоботи миёндавраии Маҷлиси Намояндагон дар ҳавзаи Синои шаҳри Душанбе чаҳор номзад барои курсии вакилӣ мубориза мебаранд. Барои сабқат дар ин интихобот намояндаи Ҳизби халқӣ демократӣ, ҳизби аграрӣ ва ду номзади мустақил сабти ном шудаанд.

Аммо Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба нишони эътироз аз ворид нашудани намояндагонаш ба ҳайати комиссияҳои раъйшуморӣ аз ширкат дар интихобот сарфи назар кард.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854