08:43:21 23-уми Августи 2025 сол
ИНҚИЛОБ ДУБОРА ДАРИ ГУРҶИСТОНРО МЕКӮБАД? 22.05.2011 16:48 1930
Мухолифони ҳукумати Михаил Саакашвилӣ имрӯз ҳам дар Тифлис ба тазоҳуроти худ идома доданд. Аммо тазоҳуркунандагони зиддиҳукуматӣ дар Тифлис, пойтахти Гурҷистон ба таври хушунатбор ба мошине, ки дар дохили он одамон нишаста буданд, ҳамла бурдаанд.
МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ҲЕЛЕН КЛАРК 21.05.2011 18:58 1769
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Мудири Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид Ҳелен Кларкро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунпаҳлўи Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд. Таваҷҷўҳи зиёд ба дастгирии рушди босуботи иҷтимоию ...
МУЛОҚОТИ МАРК ГРОССМАН БО ЭМОМАЛӢ РАҲМОН 21.05.2011 10:55 1696
Рӯзи ҷумъа намояндаи вижаи ИМА дар умури Афғонистон ва Покистон Марк Гроссман бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон дидор ва гуфтугӯ намуд. Дар ин мулоқот масоили ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Амрико мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.
ТАҶЛИЛ АЗ ҲАФТОДУМИН СОЛГАРДИ ТАВАЛЛУДИ ЛОИҚ ШЕРАЛӢ 20.05.2011 18:48 1802
Бистуми май мусодиф бо рӯзи таваллуди Лоиқ Шералӣ, шоъири фақид, дар Тоҷикистон аст. Рӯзи ҷумъа фарҳангиён ва наздикони ин шоъири маҳбуб дар шаҳри Душанбе ҳафтодумин солгарди таваллуди ӯро ҷашн гирифтанд. Ба манзури бузургдошти Лоиқ Шералӣ мақбараи вай, воқеъ дар гӯристони ...
МУИН, ОВОЗХОНИ МАЪРУФИ ЭРОНӢ, ВОРИДИ ДУШАНБЕ ШУД 19.05.2011 21:49 2050
Муин, овозхони саршиноси эронии муқими Лус-Онҷелеси Амрико, рӯзи панҷшанбеи 19 май ба манзури иҷрои як барномаи кунсертӣ вориди Тоҷикистон шуд. Қарор аст барномаи кунсертии ӯ шаби 22 май дар Кохи Борбади шаҳри Душанбе доир шавад.
КУШТА ШУДАНИ КӮДАКЕ ЯКСОЛА БА ДАСТИ ПАДАРАШ 19.05.2011 21:48 1672
Вазорати кишвар ё умури дохилаи Тоҷикистон аз кушта шудани як кӯдаки зери яксола дар шаҳри Душанбе хабар дод. Тибқи иттилоъи дафтари матбуъотии ин вазорат, ин ҳодиса рӯзи чаҳоршанбеи 18 май рух додааст.
"СИВУ ПАНҶ" КОРМАНДИ ЯК ШИРКАТИ РОҲСОЗӢ ДАР АФҒОНИСТОН КУШТА ШУДАНД 19.05.2011 21:47 1882
Мақомот дар шарқи Афғонистон мегӯянд сиву панҷ корманди як ширкати роҳсозӣ дар як ҳамлаи шуришён кушта шудаанд.
ИНФИҶОР ДАР ИРОҚ ЧАНДИН КУШТА ВА ЗАХМӢ БАР ҶОЙ ГУЗОШТ 19.05.2011 21:46 1805
Вуқуъи чанд инфиҷор дар шаҳри Киркук, воқеъ дар шимоли Ироқ ба кушта шудани дастикам бисту панҷ нафар ва захмӣ шуданишаст нафари дигар мунҷар шудааст.
АЛ-ҚОИДА РАҲБАРИ НАВ ПАЙДО КАРД 18.05.2011 18:59 1882
Тибқи гузориши хабаргузориҳо, Сайф Одил раҳбари муваққатии шабакаи Ал-Қоида интихоб шудааст. Сайф Одили 48-сола мисритабор буда дар рӯйхати афроди матлуби хадамоти истихборотии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико қарор дорад.
МАСКАВ: АФЗОИШИ ШУМОРИ ТОҶИКОНИ КУШТАШУДА ДАР ОТАШСӮЗӢ 18.05.2011 18:52 1955
Шумори муҳоҷирони тоҷики кушташуда дар оташсӯзии шаҳри Маскав ба панҷ нафар расидааст. Дар ин бора Давлаталӣ Назриев, сухангӯйи Вазорати хориҷаи Тоҷикистон, баъд аз зӯҳри рӯзи чаҳоршанбеи 18 май ба Би-би-сӣ хабар дод.
АМАЛИЁТИ "МАДРАСА" ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД 18.05.2011 18:50 2157
Мақомоти вилояти Суғд мегӯянд, дар ҷараёни амалиёти “Мадраса” 3 мавриди  таълими ғайриқонунии диниро ошкор ва алайҳи мударрисон парванда боз кардаанд.
ҲАФТАНОМАИ МУСТАҚИЛИ "ПАЙКОН" АЗ ЧОП МОНД 18.05.2011 12:28 1795
Чопхонаи "Шарқи озод" аз нашри ҳафтаномаи мустақили "Пайкон", ки ахиран додгоҳ фаъолияташро қатъ намуда буд, худдорӣ кард. Фазлиддин Хоҷаев, сармуҳаррири нашрия мегӯяд, тайи чанд моҳи ахир "Пайкон" аз ин чопхона 7 ҳазор сомонӣ қарздор шуд ва ҳамчунин ду шумораи ахираш ...
МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО САЙИД МАХДУМ РАҲИН 17.05.2011 19:11 1660
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири иттилоот ва фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Сайид Махдум Раҳинро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили ҳамкории фарҳангӣ ва рушди муносиботи дўстӣ ва ҳамсоягии накуи ду кишвар баррасӣ шуд.
ИНФИҶОР ДАР ШАҲРИ ОҚТЕППАИ ҚАЗОҚИСТОН 17.05.2011 15:25 1750
Бар асоси гузоришҳои расида аз Қазоқистон, дар наздикии сохтмони идораи амнияти шаҳри Оқтеппа, инфиҷоре рух дода ва чандин нафар захмӣ шудаанд. Маъмурони пулис бинои Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон дар шаҳри Оқтеппаро таҳти иҳотаи худ гирифтаанд.
МАЗНУНИЯТИ ЯК ТОҶИК БА ҚАТЛИ ҲАМВАТАНОНАШ ДАР МАСКАВ 17.05.2011 10:55 1785
Расонаҳои Русия бо истинод ба манобеъи интизомии кишвар хабар додаанд, ки дар қатли ду муҳоҷири тоҷик ва захмӣ кардани як муҳоҷири дигар дар шарқи Маскав шаҳрванди Тоҷикистон мазнун будааст. То ин дам ин фарди мазнун дар бемористон ба унвони осебдида дар ин ҳодиса бистарӣ будааст.