17:27:05 25-уми Августи 2025 сол
ҲАМЛАИ ГУРГОН БА СОКИНОНИ РУСТОҲОИ БАДАХШОН 20.01.2012 23:02 1325
Дар Ривак ва Мун, ду рустои дуруфтода дар ноҳияи Шуғнони вилояти Бадахшон, ду ҳодисаи ҳамлаи гургон ба сокинони ин деҳаҳо ба мушоҳида расидааст. Дар ин бора Амонулло Саидраҳмонов, раиси ҷамоъати деҳоти Ривак, хабар дод.
ШАҲРИ ҚУРҒОНТЕППА БУЗУРГТАР ХОҲАД ШУД 20.01.2012 22:59 1067
Шаҳри Қўрғонтеппа аз ҳисоби 1775 ҳектор замини навоҳии Вахшу Бохтар васеъ карда хоҳад шуд. Дар ин бора Шарифхон Самиев, шаҳрдори Қўргонтеппа хабар дод. Ба гуфтаи ӯ маркази маъмурии вилояти Хатлон хурд буда ва тасмим шудааст, ки тақрибан ду маротиба васеъ карда мешавад.
ЭЪЛОНИ ОМОДАГӢ БАРОИ ТАҲҚИҚИ СӮИҚАСД БА ҶОНИ Д.АТОВУЛЛО 20.01.2012 13:47 1045
Вазири умури дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов омодагии ин ниҳодро барои ҳамкорӣ дар таҳқиқи ҳодисаи сӯиқасд ба ҷони Додоҷони Атовулло эълон кард. Вай дар нишасти матбуотии рӯзи ҷумъа ба хабарнигорон гуфт, аз ҳодисаи ҳамла ба ин хабарнигори тоҷики муқими Маскав аз тариқи расонаҳо огаҳ шудааст.
ХАБАРИ ХУШИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ТАМОМИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ 20.01.2012 13:46 1104
Мақомоти расмии Тоҷикистон, ки рӯдхонаҳои бузурги Осиёи Марказӣ аз инҷо сарчашма мегиранд, мегӯянд, ки ғолибан соли 2012 соли серобӣ дар минтақа хоҳад буд.
ТОҶИКИСТОН ДИГАРБОРА ДАР РАДИФИ КИШВАРҲОИ НООЗОД 20.01.2012 13:45 1012
Созмони Хонаи Озодӣ ва ё "Фридом Ҳаус" дар гузориши тозаи худ, Тоҷикистон дигарбора дар радифи кишварҳои ноозоди ҷаҳон қарор додаст. Ин созмон дар гузориши озодиҳо дар ҷаҳон дар соли 2012 мегӯяд, дар Тоҷикистон ҳанӯз ҳам ҳуқуқи шаҳрвандон ба озодиҳои сиёсиву маданӣ таъмин намешавад.
ДУ ҲАЗОР ДОЛЛАРЕ, КИ "НАСИБ"-И ПРОКУРОР НАШУД 19.01.2012 16:45 1245
Оҷонси мубориза бо фасоди молӣ дар Суғд аз боздошти як додситон ё прокурор ба гумони ришваситонӣ хабар дод. Манобеи Оҷонси зидди коррупсия мегӯянд, кормандони ин ниҳод рӯзи 16 январ М.Б., корманди Додситонии вило - яти Суғдро ба гумони ришваситонӣ ...
АКСҲОИ БАРАҲНА ВА ҶАНҶОЛОФАРИНИ ГУЛШЕФТА 19.01.2012 16:40 1267
Акси бараҳнаи Гулшефтаи Фароҳонӣ, як ҳунарпешаи эронӣ дар маҷаллаи фаронсавии Le Figaro баҳсеро дар ҷомеаи Эрон ба по кардааст. Вебсайти фаронсизабоне низ ин ҳафта клипи видеоиро рӯи саҳфаи худ гузошт, ки дар он ҳафт бозигари номзад ба ҷоизаи ...
ВАЗИРИ НАВ ВАКИЛОНРО БО ИСЛОҲОТИ МАОРИФ ОШНО КАРД 19.01.2012 16:38 982
Нуриддин Саидов, вазири тозатаъини маорифи Тоҷикистон, дар назди вакилони Маҷлиси намояндагон аз нақшаҳояш барои ислоҳоти низоми маориф дар кишвар ҳарф зад.
МУАРРИФИИ КАЛОНТАРИН ҚУРЪОНИ ҶАҲОН ДАР КОБУЛ 17.01.2012 17:22 1083
Хушнависони афғон нусхае аз Қуръонро саҳҳофӣ карданд, ки бузургтарин Қуръон дар ҷаҳон шумурда мешавад. Бино бар хабари Маркази фарҳангии Кобул вазорати ҳаҷ ва авқофи Афғонистон ин китобро бузургтарин нусхаи Қуръон дар ҷаҳон эълон кард. Муаррифии ин китоб дар Китобхонаи Ҳаким Носири Хисрави Балхӣ дар Кобул баргузор шуд.
РАИСИ ШИРКАТИ "ОРИМА" ОЗОД ШУДААСТ 17.01.2012 16:03 1072
Ахиран Маъруф Орифов, раҳбари ширкати “Орима”, бар асоси Қонуни афв аз зиндон озод шудааст. Дар ин бора ба мо як масъули дафтари матбуоти Раёсати корҳои ислоҳии Вазорати адлияи Тоҷикистон хабар дод. Маъруф Орифов моҳи апрели соли 2008 аз сӯи Додгоҳи олии Тоҷикистон ба ҳаштуним соли зиндон маҳкум ва амволи ӯ ....
МАРГИ ФОҶИАБОРИ ПАНҶ МУҲОҶИРИ ТОҶИК 16.01.2012 15:09 1180
Бар асари як садамаи автомобилӣ дар вилояти Твери Русия 5 шаҳрванди Тоҷикистон ҳалок шудаанд. Қурбониён сокинони ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд Сафарбек Қушбеков, Зафар Солиҳов, Мурод Тиллоев, Зоҳирҷон Ҷӯраев ва Назирҷон Худойназаров будаанд.
БРИТОНИЁ МУТТАҲАМ БА ФУРӮШИ МУШАК БА ЭРОНРО БА АМРИКО ТАҲВИЛ МЕДИҲАД 16.01.2012 11:34 986
Додгоҳи олии Бритониё бо дархости давлати Бритониё барои дархости истирдоди Кристуфер Тепинг, шаҳрванди бритониёии муттаҳам ба иқдом ба фурӯши қатаъоти ботрии мушаки Ҳовак ба Эрон мувофиқат кардааст.
АМРИКО СЕ ШИРКАТИ ХОИҶИРО БА ДАЛЕЛИ ИРТИБОТ БО ЭРОН ТАҲРИМ КАРД 16.01.2012 11:33 1019
Вазорати хориҷаи Амрико эълом кардааст, ки алайҳи се ширакти чинӣ, сенгопурӣ ва иморатӣ ба далели фурӯши фаровардаҳои (маҳсулоти) нафтӣ ба мизони беш аз ҳадди таъйиншуда дар қавонини таҳрими Эрон муҷозотҳоеро эъмол кардааст.
ЛОРИҶОНӢ АЗ ОМОДАГИИ ЭРОН БАРОИ МУЗОКИРОТИ ҲАСТАИИ "ҶИДДӢ" ХАБАР ДОД 16.01.2012 11:32 947
Алии Лориҷонӣ, раиси Маҷлиси Эрон, гуфт, ки Эрон омода аст, то бо гурӯҳи панҷ ба иловаи як гуфтугӯ кунад ба шарте, ки ин музокирот "ҷиддӣ" бошад.
ЗАРАРИ АЛОҚАИ МОБИЛӢ ТО НОНХӮРАКУ ЗАНБӮРҲО РАСИД 15.01.2012 11:49 1024
Мутахассисонро зуҳуроте, аз қабили нест шудани нонхӯракҳои зард ба андеша водор кардааст. Зеро бисёриҳо мушоҳида кардаанд, ки ин сокинони доимии манзили бисёр одамон худ аз худ ғайб задаанд. Вазъият фирори калламушҳоро аз киштии ғарқшудаистода ба хотир меорад.