08:31:41 04-уми Июни 2025 сол

МАРГИ ФОҶИАБОРИ ПАНҶ МУҲОҶИРИ ТОҶИК

Бар асари як садамаи автомобилӣ дар вилояти Твери Русия 5 шаҳрванди Тоҷикистон ҳалок шудаанд. Қурбониён сокинони ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд Сафарбек Қушбеков, Зафар Солиҳов, Мурод Тиллоев, Зоҳирҷон Ҷӯраев ва Назирҷон Худойназаров будаанд.

Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон хабар дод, ки ин садама нимирӯзии 14-уми январ дар километри 113-уми роҳи Торжок-Осташков рух дода, мошини ВАЗ-2109 ба роҳи ҳаракати муқобил баромада, як автобуси мусофирбар бархӯрд, ки дар натиҷа ҳамаи 5 сарнишини мошини сабукрав ҷон бохтанд. Касе аз мусофирони автобус осеб надидааст.

Мақомоти Хадамоти муҳоҷирот дар ҳоли ҳозир дар пайи таҳияи аснод барои фиристодани ҷасади ҳалокшудагон ба Тоҷикистон мебошанд.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854