15:22:51 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

РАИСИ ШИРКАТИ "ОРИМА" ОЗОД ШУДААСТ

Ахиран Маъруф Орифов, раҳбари ширкати “Орима”, бар асоси Қонуни афв аз зиндон озод шудааст. Дар ин бора ба мо як масъули дафтари матбуоти Раёсати корҳои ислоҳии Вазорати адлияи Тоҷикистон хабар дод. Маъруф Орифов моҳи апрели соли 2008 аз сӯи Додгоҳи олии Тоҷикистон ба ҳаштуним соли зиндон маҳкум ва амволи ӯ бар фоидаи давлат мусодира шуда буд.

Додгоҳ бар асоси таҳқиқи бозрасони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) Маъруф Орифов, мудири кулли ширкати Тоҷикистону Ҳолланд ва раиси силсилафурӯшгоҳҳои "Орима"-ро ба сарпечӣ дар пардохти андоз, мусоидат дар фурӯши маҳсулоти мӯҳлати истифодаашон сипаришуда ва додани ришват ба маблағи 10 ҳазор доллар ба як масъули КДАМ муҷрим шинохт.

Маъруф Орифов аз нахустин тоҷироне буд, ки фаъолияти силсилафурӯшгоҳҳои замонавӣ ё муосирро дар пойтахти Тоҷикистон роҳандозӣ кард. Ӯ барои равнақи кори худ бо бархе аз муассисаҳои байнулмилалӣ, аз ҷумла Бонки аврупоии тавсеа ва тараққиёт ҳамкорӣ карда, аз ин бонк ҳудуди панҷ миллион доллар қарз гирифта буд. Он вақт намояндагони Бонки аврупоии тавсеа ва тараққиёт маҳкумияти раиси силсилафурӯшгоҳҳои "Орима"-ро доғе ба обрӯи Тоҷикистон дар сатҳи байнулмилалӣ номиданд.

Пас аз маҳкумияти Маъруф Орифов ба зиндон, силсилафурӯшгоҳҳои ӯ, ки тақрибан дар тамоми гӯшаҳои шаҳри Душанбе фаъолият мекарданд, бардошта шуда, ҷои онҳоро ё фурӯшгоҳҳо ва ё ширкатҳои дигар ишғол кардаанд. Ҳоло аз силсилафурӯшгоҳҳои замоне маъруфи "Орима" ному нишоне боқӣ намондааст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi