07:57:20 25-уми Августи 2025 сол
ДАР ТОҶИКИСТОН ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ ШУРӮЪ ШУД 04.01.2012 21:38 1132
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз бо судури чанд фармон дар сохторҳои ҳукумати кишвар, ғолибан дар миёни раҳбарони шаҳру навоҳии вилояти Суғд тағйирот ҷорӣ кард.
МАҲКУМИЯТИ "КАБУД" БА 8,5 СОЛИ ЗИНДОН 04.01.2012 13:45 1230
Додгоҳи Олии Тоҷикистон раҳбари намояндагии «Ориёнбонк» дар Муъминобод Сафармад Рустамов, маъруф ба «Кабуд»-ро ба 8,5 соли зиндон маҳкум кард. Қозии парванда ҳамчунин эълом дошт, ки дороиҳои Сафармад Рустамов ба нафъи давлат ...
БОЗДОШТИ ПАНҶ УЗВИ ҲИЗБУТТАҲРИР ДАР ДУШАНБЕ 04.01.2012 13:40 967
Дар шаҳри Душанбе як гурӯҳи панҷнафара ба иттиҳоми узвият дар созмони мамнӯи "Ҳизбуттаҳрир" боздошт шудаанд. Ба иттилои манобеи интизомии Тоҷикистон, ҳамаи боздоштшудагон ҷавонони синнашон аз 30 то 38-сола буда, яке аз онҳо қаблан низ барои фаъолиятҳои мазҳабӣ боздошт шудааст.
ВАЗИРИ УМУРИ ХОРИҶИИ ЭРОН БА ДУШАНБЕ САФАР МЕКУНАД 02.01.2012 14:31 1036
Мақомоти расмӣ мегӯянд, Алӣ Акбар Солеҳӣ, вазири умури хориҷии Эрон моҳи оянда бо як ҳайати расмӣ ба Тоҷикистон сафар хоҳад кард.
ҚАТЛИ ЯК ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН ДАР МАСКАВ 02.01.2012 14:28 987
Дар шаҳри Маскав, пойтахти Русия, як табаъаи Тоҷикистон ба таври фаҷеъ кушта шудааст. Тавре, ки “Интерфакс”, хабаргузории Русия, аз қавли манобеъи пулиси ин кишвар менависад, ҷасади як ҷавон субҳи рӯзи 1 январ дар хиёбони Красноказарменний шаҳри Маскав ошкор шудааст.
ДИДОРИ ВАЗИРИ ДИФОЪИ ФАРОНСА АЗ ТОҶИКИСТОН 02.01.2012 14:24 1223
Вазорати дифоъи Тоҷикистон иттилоъ дод, ки вазири дифоъи Тоҷикистон бо ҳамтои фаронсавии худ мавзӯъи боқӣ мондани муттахасисони низомии Фаронса дар Афғонистонро баррасӣ карданд. Ин мавзӯъ дар дидори якрӯзаи Жерард Лонге, вазири дифоъи ...
ҚАТЛИ БОЗ ДУ САРРОФ ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД 29.12.2011 12:55 1152
Шаби гузашта дар натиҷаи як ҳамла дар маҳаллаи "Чоршанбебозор"-и шаҳри Хуҷанд ду сарроф кушта шуданд. Мақомоти умури дохилаи шаҳри Хуҷанд ба мо гуфтанд, ки ин ду сарроф ё худ кормандони нуқтаи мубодилаи асъор дар назди манзили худ дучори ҳамла гардидаанд.
ДАСТУРИ ПРЕЗИДЕНТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДОИР БА КӮМАКИ НИЁЗМАНДОН 29.12.2011 12:55 1119
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки дар арафаи соли нави мелодӣ ба ниёзмандон кумакҳои хайрия расонда шаванд.
СОНЕҲА ДАР РОҲҲОИ ТОҶИКИСТОН ҶОНИ ДУ КӮДАКРО РАБУД 29.12.2011 09:23 1142
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки дар ду рӯзи ахир бар асари сонеҳаҳо дар роҳҳои утумубилгард ҳашт нафар кушта шудаанд, ки ду нафар аз онҳо кӯдакон будаанд. Бар асоси хабари дафтари матбуъотии ин вазорат, танҳо дар шабонарӯзи гузашта дар роҳҳои Тоҷикистон ҳафт сонеҳа рух дода, ки бар асари онҳо се ....
ДАСТАИ ФУТБОЛИ "РАВШАН" БЕ САРПАРАСТ МОНД 28.12.2011 16:24 1094
«Агроинвестбонк» дастаи футболи «Равшан»-и Кӯлобро дигар маблағгузорӣ намекунад. Акрам Ҳусайнов , ноиби президенти клуби «Равшан» мегӯяд, соли гузашта ин бонк барои бозиҳои даста 1 миллиону 32 ҳазор сомонӣ ҷудо карда буд.
ЯК ТАБАЪАИ ТОҶИКИСТОН БАЪД АЗ ҚАТЛ ДАР МАСКАВ ХУДКУШӢ КАРД 27.12.2011 22:30 1110
Як табаъаи Тоҷикистон пас аз қатли хонуме дар шаҳри Маскав, пойтахти Русия худкушӣ кардааст. Хабаргузории Интрефакси Русия аз қавли манобеъи ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи ин кишвар гузориш додааст, ки ин мард баъд аз қатли хонуме, ки бо ӯ дар яке аз сохтмонҳои чандтабакаии Маскав зиндагӣ мекарда, худро аз панҷара ба берун ....
В.ПУТИН: "МУХОЛИФОН ҲАДАФИ РӮШАН НАДОРАНД" 27.12.2011 22:27 1064
Нахуствазири Русия гуфт, “дар байни мухолифон ягон одаме нест, ки кори мушаххасе анҷом дода тавонад.” Владимир Путин, нахуствазири Русия, мухолифони давлаташро танқид кард, ки ба қавли ӯ мехоҳанд, натиҷаҳои интихоботи порлумониро зери шубҳа гузоранд.
ТИҶОРАТИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОН 3,9 МИЛЛИАРД $ ШУДААСТ 26.12.2011 12:37 984
Ҳаҷми тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар 11 моҳи соли ҷорӣ ба 3,9 миллиард доллар расидааст. Аммо таносуби байни содироту воридот шадидан манфӣ боқӣ монда, Тоҷикистон дар ин 11 моҳ аз хориҷ ба маблағи 2,8 миллиард доллар мол ворид карда, худ ҳамагӣ ба маблағи 1,1 миллиард доллар мол содир кардааст.
КУМАКИ БУЗУРГИ ШВЕЙТСАРИЯ БА ТОҶИКИСТОН 26.12.2011 12:37 1045
Швейтсария барои беҳбуди шабакаҳои обрасонии 7 шаҳри Тоҷикистон 12,3 миллион доллар кумаки билоиваз хоҳад дод.
РАИСИ ҶУМҲУРИ ЧИН: "ДАР СУРАТИ ҲАМЛА БА ЭРОН, МО ВОРИДИ ҶАНГ ХОҲЕМ ШУД" 23.12.2011 09:35 1326
Раиси ҷумҳури Чин шадидан ҳушдор дод, агар Амрико ё кишварҳои дигар ба Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамла кунанд, фавран ба ҷонибдории Эрон, вориди ҷанг хоҳанд шуд.