08:23:57 04-уми Июни 2025 сол

ЭЪЛОНИ ОМОДАГӢ БАРОИ ТАҲҚИҚИ СӮИҚАСД БА ҶОНИ Д.АТОВУЛЛО

Вазири умури дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов омодагии ин ниҳодро барои ҳамкорӣ дар таҳқиқи ҳодисаи сӯиқасд ба ҷони Додоҷони Атовулло эълон кард. Вай дар нишасти матбуотии рӯзи ҷумъа ба хабарнигорон  гуфт, аз ҳодисаи ҳамла ба ин хабарнигори тоҷики муқими Маскав аз тариқи расонаҳо огаҳ шудааст.

Ҷаноби Раҳимов афзуд, то кунун ҳеҷ дархосте ё муроҷиате аз сӯи ниҳодҳои интизоми Русия дар робита ба ин қазия дарёфт нашудаст. Аммо вай гуфт, «агар ба мо муроҷиат ё дархосте дар ин замина мешуд, мо бо ҳамтоёни руси худ, ки бисёр равобити хуб дорем, ҳамкорӣ хоҳем кард.»

Генерал Раҳимов дар мавриди изҳороти Додоҷони Атовулло, ки гӯё сӯиқсад ба ҷони вай бо дастури ҳукумати Тоҷикистон сурат гирифтааст, гуфт, ки ин назари шахсии вай ҳаст ва далелу бурҳоне дар ин замина вуҷуд надорад.

Муассиси нашрияи «Чароғи рӯз» ва раҳбари ҷунбиши «Ватандор» чанд рӯз қабл дар як тарабхона дар хиёбони Комсомолскаяи пойтахти Русия ҳадафи сӯиқасд қарор гирифтва ду зарби корд хӯрд. Бино ба хабарҳо, ӯ аз ҷигараш корд хӯрдааст. Додоҷони Атовуллои 56- сола аз мунтақидони тунди давлати Эмомалӣ Раҳмон дониста мешавад.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854