07:55:33 04-уми Июни 2025 сол

МУАРРИФИИ КАЛОНТАРИН ҚУРЪОНИ ҶАҲОН ДАР КОБУЛ

Хушнависони афғон нусхае аз Қуръонро саҳҳофӣ карданд, ки бузургтарин Қуръон дар ҷаҳон шумурда мешавад. Бино бар хабари Маркази фарҳангии Кобул вазорати ҳаҷ ва авқофи Афғонистон ин китобро бузургтарин нусхаи Қуръон дар ҷаҳон эълон кард. Муаррифии ин китоб дар Китобхонаи Ҳаким Носири Хисрави Балхӣ дар Кобул баргузор шуд.

Барои таҳия ва нашри ин нусхаи Қуръон 5 сол ва наздик ба ним миллион доллар сарф шудааст. Китоб 500 кило вазн дорад ва тӯли сафҳаҳои он 2,28 метар буда, бари сафҳаҳо 1,55 метрро ташкил медиҳад. Китобро 9 хушнавис таҳти сарварии хаттоти машҳур Муҳаммад Собири Хизрӣ китобат карда ва ороиш додаанд. Хабаргузории Ройтерз менависад, то ҳол бузургтарин Қуръонро Тотористон сохта буд, ки андозааш 2 метр ба 1,5 метрро ташкил медод. Ин китоб соли гузашта дар Қазон муаррифӣ шуда буд.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854