05:31:12 04-уми Июни 2025 сол

ТОҶИКИСТОН ДИГАРБОРА ДАР РАДИФИ КИШВАРҲОИ НООЗОД

Созмони Хонаи Озодӣ ва ё "Фридом Ҳаус" дар гузориши тозаи худ, Тоҷикистон дигарбора дар радифи кишварҳои ноозоди ҷаҳон қарор додаст. Ин созмон дар гузориши озодиҳо дар ҷаҳон дар соли 2012 мегӯяд, дар Тоҷикистон ҳанӯз ҳам ҳуқуқи шаҳрвандон ба озодиҳои сиёсиву маданӣ таъмин намешавад.

Меъёрҳое, ки созмон кишварҳои ҷаҳонро ба се гурӯҳ,  озод, нимаозод ва ноозод табақабандӣ мекунад ин аст: баҳрамандии мардум аз ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандӣ, озодиҳои сиёсӣ, орӣ будани ҳукумат аз фасодкорӣ, волоияти қонун, озодии баёну эътиқод, баҳрамандӣ аз ҳуқуқи эътирозу ҷамъомад ва ҳуқуқи фардӣ.

“Хонаи Озодӣ” ба Тоҷикистон аз назари риояти ҳуқуқи сиёсӣ 6 ва мурооти озодиҳои шаҳрвандӣ 5 баҳо додааст, ки баҳои манфӣ ба ҳисоб мераванд. Ҳамроҳ бо Тоҷикистон 47 кишвари дигар ноозод хонда шудаанд.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854