08:04:35 04-уми Июни 2025 сол

ҲАМЛАИ ГУРГОН БА СОКИНОНИ РУСТОҲОИ БАДАХШОН

Дар Ривак ва Мун, ду рустои дуруфтода дар ноҳияи Шуғнони вилояти Бадахшон, ду ҳодисаи ҳамлаи гургон ба сокинони ин деҳаҳо ба мушоҳида расидааст. Дар ин бора Амонулло Саидраҳмонов, раиси ҷамоъати деҳоти Ривак, хабар дод. Бино ба иттилоъи вай, агар сокинони ин деҳот ба кумаки осебдидагон нарасида буданд, фарҷоми ҳар ду ҳодиса фоҷеабор мешуд.

Оқои Саидраҳмонов мегӯяд қариб бист рӯз аст, ки сокинони ин деҳаҳо галаи иборат аз панҷ гурги ваҳширо тақрибан ҳамарӯза дар ҳаволии деҳот мебинанд. Вай гуфт ҳодисаи аввал ду рӯз пеш, ҳангоми тулӯъи офтоб дар деҳаи Ривак рух дод. "Озода Саиднуруллоева, як зани солхӯрда ва сокини ин деҳа, дар ҳаёти хонааш саргарми корҳои рӯзмарра будааст. Ногаҳон аз гӯшае гурге ба ӯ ҳамла мекунад. Вале зимни дарафтодани гург ба зан ҳамсояҳо хабардор мешаванд ва гургро бо ходачӯб меронанд."

Зани маҷрӯҳшуда ба беморхонаи ноҳияи Шуғнон интиқол дода шуда ва феълан таҳти муроқибати пизишкон қарор дорад. Ҳодисаи дувум дар рустои Муни ин ноҳия низ рӯзона рух дода ва боъиси сахт маҷрӯҳ шудани Гул Қурбонова, як ҷавондухтари маҳаллӣ, шудааст.

Сокинони ин деҳот мегӯянд чунин ҳодиса дар тӯли даҳ соли ахир ба мушоҳида нарасида буд. Тавре онҳо гуфтанд, дар тӯли рӯзҳои ахир таҳдиди галаи гургон ба ҷон ва саломатии сокинони деҳаҳо афзоиш ёфта ва гаштугузор дар дохили рустоҳо ва берун аз он хатароти ҷиддие ба ҳамроҳ дорад.

Оқои Саидраҳмонов эҳтимоли ба рустоҳо фуромадани гургонро сабаби бориши зиёди барф дар мантақа ва камёб шудани ғизоҳо барои гургон медонад. Ба гуфтаи ӯ, дар баъзе аз маҳаллоти кӯҳистонии ин минтақа то як метр ва аз он зиёдтар барф боридааст.

Аз сӯйи дигар, Марод Мирҳасанов, масъули раёсати ҳифзи табиъат ва муҳити зисти вилояти Кӯҳистони Бадахшон, мегӯяд ин идора аз авзоъи феълии ҳаракати ҷонварони ваҳшӣ, афзоиш ва умуман аз саршумори дақиқи онҳо, иттилоъоти саҳеҳ дар даст надорад. Вале ба гуфтаи ӯ, дар ҳоли ҳозир як гурӯҳи вижаи мусалллаҳ аз ин идора барои хунсо ва безиён кардани галаи гургон ба деҳаҳои Ривак ва Мун рафтааст.

Амонулло Саидраҳмонов, раиси ҷамоъати деҳоти Ривак, мегӯяд барои рух надодани ҳодисаи нохуш кормандони пулиси маҳаллӣ ва масъулони умури ҳифзи табиъат дар деҳоти мазкур посгоҳҳои худро гузошта ва аз ҷониби сокинони деҳоти мазкур низ назорат ва посбонии довталабона сурат мегирад.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854