10:48:02 19-уми Июли 2025 сол

БРИТОНИЁ МУТТАҲАМ БА ФУРӮШИ МУШАК БА ЭРОНРО БА АМРИКО ТАҲВИЛ МЕДИҲАД

Додгоҳи олии Бритониё бо дархости давлати Бритониё барои дархости истирдоди Кристуфер Тепинг, шаҳрванди бритониёии муттаҳам ба иқдом ба фурӯши қатаъоти ботрии мушаки Ҳовак ба Эрон мувофиқат кардааст.

Ин бозаргони шасту чаҳорсола зимни радди ин иттиҳом худро қурбонии саҳнапардозии пулиси федероли Амрико, Эф-би-ой, дониста ва гуфтааст, ки касоне, ки бо ӯ дар мавриди судури ин қатаъот ба Эрон музокаира карданд, дар воқеъ маъмурони махфии Эф-би-ой будаанд ва на харидорони эронӣ.

Соли гузашта додгоҳи бадавӣ ба истирдоди Кристуфер Тепинг ба Амрико раъй дод ва бо иброми ин раъй дар додгоҳи олӣ заминаи истирдод ва пайгирди қазоии ин шаҳрванди бритониёӣ дар Амрико фароҳам шудааст. Дар сурати исботи ин иттиҳом, оқои Тепинг бо муҷозоти ҳадди аксари сиву панҷ сол ҳабс рӯ ба рӯст.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ