07:43:31 04-уми Июни 2025 сол

ШАҲРИ ҚУРҒОНТЕППА БУЗУРГТАР ХОҲАД ШУД

Шаҳри Қўрғонтеппа аз ҳисоби 1775 ҳектор замини навоҳии Вахшу Бохтар васеъ карда хоҳад шуд. Дар ин бора Шарифхон Самиев, шаҳрдори Қўргонтеппа хабар дод. Ба гуфтаи ӯ маркази маъмурии вилояти Хатлон хурд буда ва тасмим шудааст, ки тақрибан ду маротиба васеъ карда мешавад.

Дар ин бора қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "дар бораи марзи маъмурии шаҳри Қӯрғонтеппа" ба имзо расида, барои баррасӣ ба Маҷлиси миллии Маҷлиси намояндагон пешниҳод шудааст. Дар ҳоли ҳозир, масоҳати шаҳри Қӯрғонтеппа 792 ҳектор буда ва дар сурати тасвиби ин қарор марзи маъмурии он беш аз ду баробар васеъ хоҳад шуд.

Дар маркази вилоят 25 ҳазор нафар аҳолӣ, тоҷикон, узбактаборон, русҳо ва олмониҳо басар мебаранд. Гуфта мешавад аксари сокинони шаҳр ба заминҳо барои сохтмони хона эхтиёҷ доранд, ки аз иқдоми шаҳрдори Қўрғонтеппа љонибдори кардаанд.

Бино ба иттилоъи ҳукумати шаҳри Қӯрғонтеппа дар ҳоли ҳозир ҳафт ҳазор ариза аз ҷониби сокинони шаҳр барои гирифтани замини наздиҳавлигӣ дар дасти баррасӣ будааст.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854