В.ПУТИН: "МУХОЛИФОН ҲАДАФИ РӮШАН НАДОРАНД"
27.12.2011 22:27
1064
Нахуствазири Русия гуфт, “дар байни мухолифон ягон одаме нест, ки кори мушаххасе анҷом дода тавонад.” Владимир Путин, нахуствазири Русия, мухолифони давлаташро танқид кард, ки ба қавли ӯ мехоҳанд, натиҷаҳои интихоботи порлумониро зери шубҳа гузоранд.
ТИҶОРАТИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОН 3,9 МИЛЛИАРД $ ШУДААСТ
26.12.2011 12:37
984
Ҳаҷми тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар 11 моҳи соли ҷорӣ ба 3,9 миллиард доллар расидааст. Аммо таносуби байни содироту воридот шадидан манфӣ боқӣ монда, Тоҷикистон дар ин 11 моҳ аз хориҷ ба маблағи 2,8 миллиард доллар мол ворид карда, худ ҳамагӣ ба маблағи 1,1 миллиард доллар мол содир кардааст.
КУМАКИ БУЗУРГИ ШВЕЙТСАРИЯ БА ТОҶИКИСТОН
26.12.2011 12:37
1045
Швейтсария барои беҳбуди шабакаҳои обрасонии 7 шаҳри Тоҷикистон 12,3 миллион доллар кумаки билоиваз хоҳад дод.
РАИСИ ҶУМҲУРИ ЧИН: "ДАР СУРАТИ ҲАМЛА БА ЭРОН, МО ВОРИДИ ҶАНГ ХОҲЕМ ШУД"
23.12.2011 09:35
1326
Раиси ҷумҳури Чин шадидан ҳушдор дод, агар Амрико ё кишварҳои дигар ба Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамла кунанд, фавран ба ҷонибдории Эрон, вориди ҷанг хоҳанд шуд.
ДАР АМРИКО ВА КАНАДА БАЧАБОЗӢ ҚОНУНӢ МЕШАВАД
23.12.2011 09:34
1308
Ҳангоми муҳокимаи қонун доир ба педофилия (бачабозӣ) дар парлумони Канада одамони дар заминаи сексуалӣ касалии рӯҳидошта муҳофизони худро пайдо карданд. Онҳо педофилияро "тамоюли сексуалие баробари гомосексуализм" номиданд.
ЗАНҲОИ САУДӢ ДИГАР ЧАШМОНАШОНРО НИШОН НАМЕДИҲАНД
22.12.2011 23:04
1008
Пулиси ахлоқи Арабистони Саудӣ дастуре таҳия кардааст, ки ба занҳои маҳаллӣ дар байни мардум намоиш додани чашмони "ҳавасангезашон"-ро манъ мекунад, хабар додааст "News.ru.coil" бо истинод ба изҳороти намояндаи кумитаи дастгирии неккирдорӣ ва мубориза бо гуноҳҳо Шайх Матлаб ал-Набид.
ЗАНҲОИ САУДӢ ДИГАР ЧАШМОНАШОНРО НИШОН НАМЕДИҲАНД
22.12.2011 23:04
1206
Пулиси ахлоқи Арабистони Саудӣ дастуре таҳия кардааст, ки ба занҳои маҳаллӣ дар байни мардум намоиш додани чашмони "ҳавасангезашон"-ро манъ мекунад, хабар додааст "News.ru.coil" бо истинод ба изҳороти намояндаи кумитаи дастгирии неккирдорӣ ва мубориза бо гуноҳҳо Шайх Матлаб ал-Набид.
ДОДСИТОНӢ МУТТАҲАМОН БА ҚАТЛИ ПУЛИСРО БА ДОДГОҲ КАШИД
21.12.2011 20:12
1149
Додситонии кулли Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ дар мавриди қатли як корманди пулиси ин кишварро барои баррасӣ ба додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ ирсол кардааст. Равшан Шарипов, маъмури пулиси роҳ, дар баҳори соли ҷорӣ мавриди ҳамлаи ду нафар қарор гирифта ва дар натиҷаи лату кӯб ҷони худро аз даст дод.
СОЗИШНОМАИ ҲАМКОРИҲО МИЁНИ КМО ТОҶИКИСТОНУ УКРАИНА
21.12.2011 13:28
1183
Дар шаҳри Киев созишномаи ҳамкорӣ миёни Кумитаҳои олимпии Тоҷикистону Украина ба тасвиб расид. Дар ҷараёни сафари расмии раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Украина дар қатори дигар созишномаҳои байнидавлатӣ, инчунин, созишномаи ҳамкорӣ миёни Кумитаҳои олимпии Тоҷикистону Укроин имзо шуд.
ТОҶИКИСТОН. ҲАВО САРДТАР МЕШАВАД ВА БОЗ БАРФ МЕБОРАД
21.12.2011 13:27
1050
Резиши барф дар бисёре аз манотиқи Тоҷикистон бо сардии бештари ҳаво ҳамроҳ буд ва ҳарорат дар Душанбе, Қӯрғонтеппа, Исфара, Хуҷанд ва Истаравшан то 15 дараҷа сард шуд.
САДАМАИ НАҚЛИЁТӢ
20.12.2011 11:42
1202
Рӯзи 18-уми декабри соли равон, соати 17: 22 дақиқаи вақти маҳаллӣ ҳангоми боло баромадан аз тарафи деҳаи Хидорҷев ба деҳаи Сумҷеви Ҷамоати деҳоти Тавдеми ноҳияи Роштқалъа автомашинаи тамғаи Чан Ху ё худ Тангем, рақами давлатиаш В 1048 04 РТ мансуб ба шаҳрванд ...
ИНТИХОБОТИ ШОҲМАНСУР-3. ҲХДТ БОЗ ҲАМ БАРАНДА
19.12.2011 12:07
1363
Суҳроб Шарифов, номзади ҲХДТ, дар интихоботи миёндаврии ҳавзаи Шоҳмансур-3 баранда эълон шудааст. Ба иттилои Комиссияи марказии итихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, Сӯҳроб Шарифов, раиси Маркази стратегии назди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ва номзад аз Ҳизби ҳокими Халқи Демократии Тоҷикистон 78,82 дарсади орои интихобкунандагонро касб кардааст.
ДАРГУЗАШТИ РАҲБАРИ КОРЕЯИ ШИМОЛӢ, КИМ ҶОНГ ИЛ
19.12.2011 12:06
1069
Телевизиони Кореяи Шимолӣ дар як "нашри махсус" эълон кард, ки раҳбари ин кишвар Ким Ҷонг Ил дар Пхенян фавтидааст. Вай 69 сол дошт. Хабар дар ҳоле нашр шуд, ки Ким ҳанӯз рӯзи 17-уми декабр ҳангоми сафар дар қатори роҳи оҳан даргузаштааст. Ҳарчанд сабаби дақиқи марги ӯ эълон нашудааст, телевизиони давлатии ....
ИНФИҶОРИ НОРИНҶАК 20 ПОЛИСИ АФҒОНРО МАҶРӮҲ КАРД
18.12.2011 15:29
982
Дар шаҳри Хусти Афғонистон як марди ношинос ба мошин бо кормандони пулис норинҷак андохт ва тақрибан 20 нафарро маҷрӯҳ кард.
ХУРУҶИ ОХИРИН НИЗОМИЁНИ ИМА АЗ ИРОҚ
18.12.2011 15:28
1021
Охирин корвони мошину зиреҳпӯшҳои амрикоӣ субҳи рӯзи якшанбе аз марзи Ироқу Кувайт убур кард. Баъд аз хуруҷи имрӯзаи тақрибан 500 низомӣ ва ҳудуди 110 мошину тонку зиреҳпӯшҳо раванди тарки Ироқ аз сӯи нерӯҳои амрикоӣ ба поён ёфт.