03:15:07 06-уми Июни 2025 сол

АКСҲОИ БАРАҲНА ВА ҶАНҶОЛОФАРИНИ ГУЛШЕФТА

 

Акси бараҳнаи Гулшефтаи Фароҳонӣ, як ҳунарпешаи эронӣ дар маҷаллаи фаронсавии Le Figaro баҳсеро дар ҷомеаи Эрон ба по кардааст. Вебсайти фаронсизабоне низ ин ҳафта клипи видеоиро рӯи саҳфаи худ гузошт, ки дар он ҳафт бозигари номзад ба ҷоизаи "Оскари синамои Фаронса" дар ҳоли бараҳна шудан дида мешаванд. Гулшефтаи Фароҳонӣ яке аз ин ҳунармандон аст.

GulsheftaИнтишори сареъ ё зуди ду акси Гулшефта, ки дар яке аз ин аксҳо нимтанаи рости ӯ ба сурати бараҳна дида мешавад, боиси авҷ гирифтани баҳсҳо ва изҳори назарҳои зиёд дар вебсайту блогҳои форсизабон шудааст. Мақомҳои эронӣ ва расонаҳои давлатии ин кишвар аз ин тасвирҳои бараҳнаи ҳунарпешаи ҷавон Гулшефтаи Фароҳонӣ интиқод карда ва онро "мояи бадномӣ" донистаанд.

Ба навиштаи хабаргузориҳо, мақомоти Эрон гуфтаанд, Гулшефтаи Фароҳонӣ, ки дар ҳоли ҳозир дар Фаронса зиндагӣ мекунад, дигар ба ватанаш бознагардад. Аммо Фароҳонӣ мегӯяд, ин тасвирҳои нимабараҳнаи худро бар рағми нақз ё поймолшавии ҳуқуқи занон дар Эрон нашр кардааст.

Ин ҳунарпешаи ҷавони эронӣ як сол қабл бо нигаронӣ аз қонунҳои шариат, ки синамои Эронро таҳти назорати шадид қарор додаву озодиҳои ҳунармандонро маҳдуд кардааст, кишвари худро тарк намуда буд.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854