САРМУРАББИИ НАВУ ХОРИҶИИ МУНТАХАБИ ФУТБОЛИ ТОҶИК
09.02.2012 16:05
1006
Кемал Алиспахичи босниягӣ сармураббии дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон таъйин шуд. Дар ин бора ба мо Фаридун Солиев, сухангӯи Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар дод. Ӯ афзуд, ин мутахассиси 46-солаи босниягӣ муҷаввизи мураббии дараҷаи PRO дорад.
ШАҲРДОРИИ ДУШАНБЕ 150 МУСОФИРБАР МЕХАРАД
09.02.2012 16:04
953
Мақомоти шаҳрдории Душанбе барои харидории 150 микроавтобус музояда ё тендер эълон кардааст. Бино ба иттилои торнамои расмии шаҳрдорӣ, ин микроавтобусҳо бояд на камтар аз 12 ҷойи нишаст дошта, бо сӯзишвории дизелӣ ҳаракат кунанд. Илова бар ин, “стандарти экологии онҳо на камтар аз "Евро-3" буда, ба иқлими Тоҷикистон ҳам мувофиқ бошад."
БОЗДОШТИ ЯК МАҚОМИ ШАҲРДОРИИ КӮЛОБ
08.02.2012 17:07
1210
Як узви кумиссиюни давлатии рафъи оқибатҳои сели Кӯлоб бо иттиҳоми ришвагирӣ боздошт шудааст. Умаралӣ Ясадов, сардори бахши минтақавии Оҷонси мубориза бо фасод дар минтақаи Кӯлоб гуфт, Рустам Бобоев, мудири шӯъбаи иқтисодии ҳукумати Кӯлоб ...
ИДОМАИ БАҲСИ ДОДГОҲИИ ТӮРАҶОНЗОДАҲО БО МУФТӢ
08.02.2012 16:59
1027
Имрӯз дар додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахти Тоҷикистон баррасии даъвои бародарон Тӯраҷонзодаҳо алайҳи раиси Шӯрои уламо Саидмукаррам Абдулқодирзода бо иттиҳоми таҳқир ва тақаллуби имзои аъзои Шӯрои уламо идома ёфт.
НИГАРОНИИ ҚИРҒИЗИСТОН АЗ ҚОЧОҚИ МАВОДДИ СӮХТ БА ТОҶИКИСТОН
08.02.2012 16:57
1003
Гурӯҳи ҳама намояндагони маркази фармондеҳии Қирғизистон рӯзи 8-уми феврал дар устони Баткент сафар кардан, то мавзӯъи қочоқи маводди сӯхт аз ин кишвар ба Тоҷикистонро таҳқиқ бикунанд. Ин амр бо дастури нахуствазири Қирғизистон сурат мегирад.
НАВБАТИ ТАХРИБИ "КОХИ ҶОМӢ" ВА "ПОЧТАИ МАРКАЗӢ" РАСИД
07.02.2012 16:42
1021
Дар ҷойи бинои "Почтаи марказӣ", "Кохи Ҷомӣ" ва телевизиони "Сафина" биноҳои нав қомат хоҳанд афрохт. Барои дар ҷойи биноҳои "Почтаи марказӣ", “Кохи Ҷомӣ”, бинои телевизиони “Сафина” ва бинои вазорати кишоварзӣ бунёд кардани биноҳои нав озмун эълон шудааст.
САФОРАТИ ТОҶИКИСТОН АЗ МАРГИ ДУ МУҲОҶИР ХАБАР ДОД
06.02.2012 21:08
1039
Сафорати Тоҷикистон дар Маскав хабар додааст, ки рӯзи якуми феврал Тоҳир Каримов, шаҳрванди Тоҷикистон дар шаҳри Удинсувои Русия кушта шуд.
СОҲИБ УСАРОВ ЧЕМПИОНИ ОЛИМПИИ КУБАРО ШИКАСТ ДОД
06.02.2012 21:06
1132
Муштзани тоҷик Соҳиб Усаров қаҳрамони олимпии Куба Ян Барталемиро мағлуб кард. Дастпарвари бокси тоҷик Соҳиб Усаров дар сабқати байнулмилалии муштзанҳо дар Олбании Ню Йорк бар қафрамони олимпӣ, варзишгари машҳури кубагӣ Ян Барталемӣ пирӯз гардид.
МЕДАЛИ НУҚРАИ ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК ДАР КРАСНОДАР
06.02.2012 21:00
960
Баҳодур Қодиров, паҳлавони ҷавони тоҷик, дар мусобиқаи байналмилалии гуштии озод барои дарёфти ҷоизаи Владимир Гусел, мураббии шоистаи Иттиҳоди Шӯравӣ, дар шаҳри Краснодари Русия барандаи медали нуқра шуд.
ЭРОН КИШВАРҲОЕРО, КИ ДАР ҲАМЛА БА ОН КУМАК МЕКУНАНД, ТАҲДИД КАРД
06.02.2012 10:16
772
Эрон гуфтааст ҳар кишваре, ки аз қаламрави он ба Эрон ҳамла сурат мегирадро, мавриди ҳамла қарор хоҳад дод. Бино бар гузориши хабаргузории Форс сардор Ҳусейн Саломӣ, ҷонишини фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоб гуфтааст: "Ҳар нуқтае, ки мабдои амалиёти таҳоҷумии душман бар алайҳи ҷумҳурии исломии Эрон бошад, мавриди таҳоҷум ва тозиши ....
ҲУШДОРИ ҲАВОСАНҶОН АЗ ЯХБАНДӢ ВА РЕЗИШИ ТАРМА
04.02.2012 12:10
1038
Маркази ҳавосанҷии Тоҷикистон гуфт, то 8-уми феврал дар кишвар ҳавои сард, аммо бебориш боқӣ мемонад. Бино ба иттилои ин марказ, аз 5-ум то 8-уми феврали соли ҷорӣ ҳарорати ҳаво дар ноҳияҳои тобеи пойтахт ва вилояти Хатлон рӯзона то 4 ва шабона то 13 дараҷа сард хоҳад шуд.
РАҲПАЙМОИИ МУХОЛИФОН. БАР ЗИДДИ ПУТИН ВА ТАҚАЛЛУБ
04.02.2012 12:07
1037
Имрӯз, 4-уми феврал, раҳпаймоии густурдаи мухолифони режими Кремл дар Маскав баргузор мешавад. Интизор меравад, даҳҳо ҳазор нафар аз мӯътаризон дар ин раҳпаймоӣ иштирок кунанд.
26 800 ШИШАЧАИ ИНСУЛИН БА БЕМОРОН РОЙГОН ДОДА МЕШАВАД
03.02.2012 21:59
1257
Кордори Сафорати ИМА дар Тоҷикистон хонум Сера Пенҳюн дар маросими расондани кӯмаки башардӯстона, ки бо арзиши зиёда аз 2 миллион доллар аз тарафи ширкати амрикоии Ели Лилли (Eli Lilly) хайрия шуда аз ҷониби Департаменти ...
ЭРОН МОҲВОРАИ "НАВИДИ ИЛМУ САНЪАТ" БА ФАЗО ПАРТОБ КАРД
03.02.2012 21:40
1137
Рӯза ҷумъа, 14 баҳман (2 феврал), хабаргузориҳои дохилии Эрон гузориш карданд, ки шомгоҳи гузашта, Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳурӣ, ба муносибати сиусеввумин солгарди пирӯзии инқилоб дар Эрон аз тариқи видюкунфронс дастури партоби моҳворае, ба номи "Навиди илму санъат"-ро содир кардааст.
ИЗҲОРОТИ НАВИ ДОКУ УМАРОВ ДАР БОРАИ БОЗДОШТАНИ ҲАМЛАҲО
03.02.2012 21:36
744
Доку Умаров раҳбари гурӯҳи исломии Кавказ ба размандагони худ дастур додааст, ки ҳамлаҳои баъдии худ ба сокинони маъмулии Русияро боз доранд.