08:27:40 04-уми Июни 2025 сол

АМРИКО СЕ ШИРКАТИ ХОИҶИРО БА ДАЛЕЛИ ИРТИБОТ БО ЭРОН ТАҲРИМ КАРД

Вазорати хориҷаи Амрико эълом кардааст, ки алайҳи се ширакти чинӣ, сенгопурӣ ва иморатӣ ба далели фурӯши фаровардаҳои (маҳсулоти) нафтӣ ба мизони беш аз ҳадди таъйиншуда дар қавонини таҳрими Эрон муҷозотҳоеро эъмол кардааст.

Бар асоси иттилоъияи Вазорати хориҷаи Амрико ширкати чинии Жуҳой Жанрунг, ширкати сенгопурии Кив Упел ва ширкати иморатии Фол ба хотири фурӯши бензин ба Эрон тайи солҳои 2010 ва 2011 машмули муҷозотҳои шомили маҳрумият аз муҷаввизи содироти коло ва хадамот ба Амрико ва дастарсӣ ба эътибороти ниҳодҳои молии ин кишвар шудаанд.

Дар ин иттилоъия таъкид шудааст, ки Иёлоти Муттаҳида бо ҳамкории муттҳидони ин кишвар "ба ворид кардани фишор бар давлати Эрон идома медиҳад, то ин давлатро водор созад ба таъаҳҳудоти ҳастаии худ дар чорчӯби қавонини байналмилалӣ амал кунад."

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854