14:35:17 24-уми Августи 2025 сол
Резаахбори олам ва кишвар дар ҳафтае, ки гузашт 26.12.2013 12:39 737
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон 21 декабр бо рафти сохтмони биноҳои нави Кумитаи андоз ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бевосита шинос шуда, дар маъракаи ниҳолшинонӣ ва аз нав обод намудани боғҳои фарҳангию фароғатӣ, кӯчаю хиёбон ва гулгаштҳои пойтахт иштирок намуд.
Маҳфили хотирмон ва муфид 19.12.2013 12:25 932
Чанд сол мешавад, ки ДДЗТ ба номи Сотим Улуғзода дар бобати гузаронидани таҷрибаомӯзии донишҷӯён бо мактаби миёнаи рақами 54-и ба номи Лоиқ Шералӣ ҳамкории судманд дорад. Ҳар сол аз гурӯҳҳои забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ донишҷӯёне, ки дар ихтисоси омӯзгорӣ таҳсил мекунанд, сабақҳои нахустини пешаи омӯзгориро ҳаминҷо аз бар мекунанд.
Чопи китоби шоири саршиноси миллат бо теъдоди хеле маҳдуд 19.12.2013 12:23 943
Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи давлатии СССР Мӯъмин Қаноат китоби навашро бо номи "Тоҷикистон исми ман" тақдими мухлисонаш кард. Аммо аз маҳдуд будани теъдоди нашр ин бор низ ҳаводорони назми Қаноат наметавонанд онро аз дуконҳо дастрас кунанд. Китоб ба ҳамаи китобхонаҳои кишвар ...
Кӣ соҳиби тӯби тиллоӣ мешавад? 19.12.2013 12:09 838
Криштиан Роналду, Леонел Мессӣ ва Фрэнк Риберӣ-се футболбози шинохтаи ҷаҳон мудаии "Туби тиллоӣ" шудаанд.
Филми коргардони тоҷик дар Бишкек шоҳҷоиза гирифт, вале худи ӯ ширкат надошт 19.12.2013 12:07 796
Як филми коргардони тоҷик Шарофат Арабова бо номи "Между" дар сеюмин ҷашнвораи байналмилалии кишварҳои ҷомеаи муштаракулманофеъ, давлатҳои соҳили Балтик ва Гурҷистон ҷои аввалро соҳиб шудааст. Ҳамаи шаш нафар аъзои ҳакамон ин филмро сазовор ба шоҳҷоиза донистаанд. Дар ин бора ба "Рӯзгор" рӯзноманигори тоҷики муқими Бешкек Қодиршои Мурувват хабар дод.
Резаахбори олам ва кишвар дар ҳафтае, ки гузашт 19.12.2013 12:06 779
Дар идомаи таҳаввулоти кадрӣ президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо судури як фармон Ҷӯрахон Зойировро аз вазифаи сардори Раёсати ҷиноятҳои созмонёфтаи ВКД озод ва ба ҷойи ӯ сарвари хадамоти муҳоҷирати кишвар Сафиаллоҳ Девонаевро таъин намуд. Сарвари давлат бо фармони дигар генерал Зойировро сардори Академияи вазорати корҳои дохилӣ таъин кард.
Ифтитоҳи Осорхонаи Зуфархон Ҷавҳарӣ дар Истаравшан 11.12.2013 11:46 1176
Дар шаҳри Истаравшан Осорхонаи Зуфархони Ҷаъфарӣ, шоир ва мутафаккир, як тан аз шинохтатарин чеҳраҳои фарҳангии қарни гузашта ифтитоҳ гардид.Дар ин бора ба «Рӯзгор» рӯзноманигори маҳаллӣ Нуриддин Туйчиев хабар дод. Бино ба гузориши манбаъ дар расми ифтитоҳи осорхона ҷамъе аз донишмандони ...
Ифшои ҷосусии коргардони маъруфи амрикоӣ 11.12.2013 11:43 849
Арнон Милчан, коргардони машҳури амрикоӣ ва муаллифи филмҳои «Зебосанам», «Боре дар Амрико» ва «Клуби ҷангӣ» иқрор шудааст, ки замоне ҷосуси Исроил буд ва бо хадамоти махсуси ин кишвар барои дарёфти ахбор ҷиҳати рушди соҳаи ҳастаӣ, харидани силоҳу аслиҳа кӯмак мекард.
Ҳунармандони тоҷик ба Кувейт мераванд 11.12.2013 11:42 908
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод, ки қарор аст нимсолаи аввали соли 2014 гурӯҳҳои ҳунарии кишвар як силсила сафарҳои ҳунарӣ ба Кувейт анҷом диҳанд. Дар ин бора зимни мулоқоти Сафири Фавқулодда ва мухтори Тоҷикистон дар Кувейт бо Алӣ Ҳусейн ал-Юх, Раиси Шӯрои илм ва фарҳанги ин кишвар мувофақа ҳосил шудааст.
Тағйироти кадрӣ дар блоки фарҳанг ва маорифи ҳукумат 11.12.2013 11:40 1017
Дар идомаи тағйиротҳои кадрии баъдазинтихоботӣ Президенти Тоҷикистон Мамадшо Илоловро бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон озод кард ва Фарҳод Раҳимовро, ки солиёни дароз муовини якуми Вазири маориф буд, Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон таъин намуд.
Резаахбори олам ва кишвар дар ҳафтае, ки гузашт 11.12.2013 11:37 788
Дар Русия президенти ин кишвар бо судури як фармон ожонсии хабарии РИА «Новости» ва радиои давлатии «Голос России»-ро барҳам дод ва дар пояи он хабаргузории нав бо номи «Россия сегодня» таъсис дод. Сайти президенти Русия хабар дод, ки Дмитрий Киселев раиси куллии хабаргузории нав таъин шудааст. Путин ҳамчунин бо фармони ....
А.Қодирӣ ба рӯзноманигорон: "Маро таъриф накунед" 06.12.2013 21:05 872
Иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Суғд дар нахустин мулоқот аз хабарнигорон хост ба навиштани матлабҳои ситоишӣ саргарм нашуда, бо таълифи мақолаҳои таҳлилӣ дар ошкор намудану ҳалли мушкилоти ҷомеа, саҳм бигиранд.
Чеҳраи хабарсоз ба истеъфо рафт 06.12.2013 15:59 811
Додихудо Саймиддинов, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон аз мақом барканор шуд ва курсиро ба Гавҳар Шарофзода, собиқ ректори Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ супурд.Додихудо Саймиддинов аз чеҳраҳоест ...
Боздошти капитани милиса бо беш аз 11 кг ҳашиш 05.12.2013 14:26 992
Кормандони Раёсати кумитаи давлати амнияти милли Тоҷикистон дар вилояти Суғд як капитани милисаро зимни қочоқи ҳудуди 11.5 кило ҳашиш, дастгир кардаанд.Бахши робита бо ҷомеаи раёсати ниҳоди мазкур дар Суғд бо пахши як гузориши махсус ...
Модари Расули Амонулло 120 сомонӣ пардохт кард 05.12.2013 14:22 852
Додгоҳи Исмоили Сомонӣ, модари Расули Амонуллоро дар нақзи қонуни "Масъуияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" гунаҳкор дониста ва ӯро ҷарима кард.Темур Ҳафизов, додраси парванда ва муовини раиси додгоҳи ноҳияи ...