03:56:53 27-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Резаахбори олам ва кишвар дар ҳафтае, ки гузашт

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон 21 декабр бо рафти сохтмони биноҳои нави Кумитаи андоз ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бевосита шинос шуда, дар маъракаи ниҳолшинонӣ ва аз нав обод намудани боғҳои фарҳангию фароғатӣ, кӯчаю хиёбон ва гулгаштҳои пойтахт иштирок намуд.

111khabarho-2014-2015Дар ин бора ба "Рӯзгор" аз дафтари матбуотии Сардори давлат иттилоъ доданд. Бино ба гуфтаи манбаъ нахуст Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба маҳалли сохтмони бинои нави Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо тарҳи хеле зебо дар миёни меҳмонхонаи Тоҷикистон ва бинои нави Вазорати корҳои хориҷӣ бунёд меёбад, ташриф оварда, бо рафти сохтмони он шинос шуд. Бино аз 12 ошёнаи асосӣ ва таҳхонаю болохона иборат хоҳад буд.

Масоҳати умумии бино беш аз 22 ҳазор метри мураббаъ буда, аз қариб 200 утоқи корӣ, толорҳои барҳавои маҷлисию барои қабули меҳмонон, ошхона ва ҳуҷраҳои дигар иборат хоҳад буд. Дар таҳхонаи он таваққуфгоҳ барои беш аз 50 мошин пешбинӣ шудааст. Чунонки аён аст, бино аллакай пурра қомат рост намудааст ва танҳо ороиши дохилу берун ва васлу насби таҷҳизоти зербиноӣ ва дигар корҳо боқӣ мондааст.

Бинои Кумитаи ҷавонон, ки корҳои сохтмонии он тоза оғоз шудаанд, аз 14 ошёна ва қариб 23 ҳазор метри мураббаъ иборат хоҳад буд ва дар он ғайр аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Иттифоқи ҷавонон, Кумитаи миллии олимпӣ ва Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҷойгир карда мешаванд.

ххх

Михаил Ходорковский, миллиардери собиқи рус, ки баъди даҳ соли зиндон шомили авфи Путин гашт ва ба озодӣ баромад, гуфт, ки қасди даст задан ба кори сиёсӣ надорад ва ҳатто амволи ширкати муфлисшудаашро низ талаб нахоҳад кард. Ходорковский дар нишасти матбуотӣ бо хабарнигорон дар Берлин гуфт, ки ҳукуматдорони Русия барои озодиаш шарте пеш нагузошта буданд, вале худи ӯ ба Путин нома навишт ва гуфт, ки "ман нияти рафтан ба сиёсатро надорам ва барои бозгардонидани амволам ҳам мубориза нахоҳам бурд".

Давлати Русия қаблан ӯро ба дуздӣ, тақаллуби молӣ ва сарпечӣ аз пардохти молиёт гунаҳкор дониста, зиндонӣ карда буд. Муддати ин даҳ сол талошҳои байналмилалӣ баҳри раҳоии ӯ идома дошт ва дар нишасти матбуотии ёдшуда низ вай ба ин таъкид кард ва нақши собиқ вазири умури хориҷии Олмонро дар ин озодӣ муассир хонад. Ходорковский гуфт, ки ҳисси бадбинӣ ба Путин надорад, зеро вай тӯли ин муддат ба хонаводаи ӯ кор нагирифт ва фишор наовард. Аз сӯи дигар вай Путинро шахсияти муқтадир хонд. 

ххх

Маъмурияти президенти ИМА Конгрессро аз оқибати эълони таҳримҳои нав алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳушдор дод.  Котиби матбуотии Обама Ҷейн Карнӣ иброз дошт, ки ҳоло на вақти он аст, ки бо эълони таҳримҳои нав гуфтушунидҳо бо Теҳронро ба мушкил рӯ ба рӯ созанд. Барак Обама гуфтааст, ки бояд аз ҳар иқдоми мухолифаткунанда ба ҳалли дипломатии барномаҳои ҳастаии Эрон ҷилавгирӣ карда шавад.

Котиби матбуотии Кохи Сафед гуфт, ки дар сурати қабул шудани ин гуна қонун Обама онро вето хоҳад кард. Маврид ба ёдоварист, ки чанд рӯз пештар ба муҳокимаи Конгресси ИМА лоиҳаи қонуни таҳкими таҳримҳои иқтисодӣ алайҳи Ҷумҳурии Исломӣ ворид шуд. Лоиҳа пешбинӣ мекунад, ки дар сурати вайрон карда шудани талаботи муоҳадаи Женева Вашингтон бояд даст ба иқдомоти шадидтар занад.

Вазири умури хориҷии Эрон Ҷавод Зариф гуфт, ки дар сурати эълони таҳримоти нав кишвараш аз иҷрои тавофуқи ҳосилшуда даст хоҳад кашид. Барак Обама дар суҳбат бо хабаргузорирҳо хеле пештар гуфта буд, ки  роҳи дипломатӣ беҳтарин роҳи ҳали буҳрон бо Эрон буд, ки ҳоло пайдо шудааст. Эрон аз аввалин рӯзи имзои муоҳада бо нозирони байналмилалӣ ҳамкорӣ кард ва онҳоро мувофиқ ба талаботи созишнома ба объектҳои ҳастаии худ роҳ дод.

ххх

Сарвазири Туркия Раҷаб Тайип Эрдуғон ба иқдомоти мақомоти зиддикоррупсионии кишвараш дар мавриди боздошти афроди соҳибмақом ба ҷурми фасоди молӣ ва ришва вокуниш нишон дод. Вай гуфт ин иқдом аз хориҷ таҳрик шудааст ва кӯшиши сияҳ кардани чеҳраи ҳукумати имрӯз аст.

То кунун тибқи иттилои расонаҳои хабарии ин кишвар мақомот  ҳудудан 70 нафар аз сардорони воҳидҳои пулисро барои ҳамкорӣ дар ифшову боздошти афрод аз кор барканор кардан два ё ба вазифаи пасттар аз он гузарониданд. Гуфта мешавад, ки мақомоти зиддикоррупсионӣ дар ҳамкорӣ бо пулис даст ба амалиёти гуфтардаи боздошти афроди соҳибмақом заданд ва зарфи як муддати кӯтоҳ  24 нафар аз ҷумла фарзандони ду вазир ва мудири "Халқбанк"-ро дастгир карданд.

Сарвазири Туркия Раҷаб Тайип Эрдуғон ин амалиётро ба боди интиқод кашид ва гуфт ҳадафи он паст задани обрӯи ҳукумат аст, на чизе аз ин беш. Аммо коршиносоне, ки вазъро мушикофона таҳлил мекунанд, миёни ин мубориза ва шармсории ҳукумату аксуламали Эрдуғон дасти сиёсатмадори турки муқими Амрико Фатҳулло Гуленро дидаанд, ки дар сохторҳои давлатӣ маҳбубияти хоса дорад.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi