01:54:28 03-уми Июни 2025 сол

Тағйироти кадрӣ дар блоки фарҳанг ва маорифи ҳукумат

Дар идомаи тағйиротҳои кадрии баъдазинтихоботӣ Президенти Тоҷикистон Мамадшо Илоловро бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон озод кард ва Фарҳод Раҳимовро, ки солиёни дароз муовини якуми Вазири маориф буд, Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон таъин намуд. 

ilolov-rahimov 545666Ҳукматулло Аҳмадов низ ба сабаби рафтан ба нафақа аз вазифаи Президенти Акдемияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон озод шуда, ба ҷои ӯ Иззатулло Сатторӣ, ки Ректори Донишгоҳ кишоварзӣ буд, таъин шуд. Бо фармони дигари Президенти кишвар Раҳматулло Мирбобоев аз вазифаи Ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон озод шуд ва муовини якуми вазири маориф ва илм таъин гардид.

Додихудо Саймиддинов низ ба нафақа рафт ва Гавҳар Шарофзода аз курсии Ректори Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ ба курсии Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон такя зад. Ба ҷойи Талбак Салимов Хайрулло Ибодзода Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Руҳулло Ҳакимов аз вазифаи Муовини вазири молия озод карда шуда, Директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид. Ҳамчунин Ҳамдам Тағоймуродов аз вазифаи Сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шаҳло Неъматова аз вазифаи Сардори Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби ба корҳои дигар гузаштан озод карда шуданд.

Ба вазифаи Сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдусамад Раҷабов ва ба вазифаи Сардори Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилором Мирсаидова  таъин карда шуданд. Амонулло Салимов ба курсии ректори Донишгоҳи кишоварзӣ нишаст ва Ҳайдар Одинаев, ки Директори иҷроияи Филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В. Ломоносов буд, Ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ таъин гардид.

Президент Фароғат Азизиро аз вазифаи Муовини вазири фарҳанг озод кард ва ба ҷои Раҷабмад Амиров ба вазифаи Ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон таъин намуд. Ҳамчунин Мухтор Фозилов Ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, Хайрулло Назаров Ректори Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон, Назар Назаров Директори иҷроияи Муассисаи давлатии “Маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнергетика” таъин карда шуданд.

«Рӯзгор»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854