01:56:35 03-уми Июни 2025 сол

Ифшои ҷосусии коргардони маъруфи амрикоӣ

Арнон Милчан, коргардони машҳури амрикоӣ ва муаллифи филмҳои «Зебосанам», «Боре дар Амрико» ва «Клуби ҷангӣ» иқрор шудааст, ки замоне ҷосуси Исроил буд ва бо хадамоти махсуси ин кишвар барои дарёфти ахбор ҷиҳати рушди соҳаи ҳастаӣ, харидани силоҳу аслиҳа кӯмак мекард. Милчан ахиран инро дар суҳбат бо ширкати телевизионии исроилии Channel 2 изҳор дошт.

reporter lajeunesse 54656Коргардони 68-солаи Ҳоливуд ва миллардер Арнон Милчэн гуфтааст, ки ба ин кор вай ҳунармандони дигари Ҳоливудро ҳам ҷалб карда буд, вале аз гуфтани номи онҳо худдорӣ варзид. Гуфта мешавад, ки дар бораи ҳамкориҳои ин коргардони маъруф бо хадамоти ҷосусии Исроил овозаҳои пештар ҳам буданд ва ҳатто чанде пеш дар ин бора китобе ҳам интишор ёфта буд. Вале ин аввалин бор аст, ки худи ӯ ошкоро ва расман ба ин иқрор мешавад.

Арнон Милчэн худ яҳудӣ ва зодаи канораҳои Тел-Авив аст. Охири солҳои 60 ба Амрико рафтааст ва муқими ин кишвар шудааст. Он замон вай коргардони кино набуда, балки дар соҳаи тиҷорату тавлиди нуриҳои минералӣ дар доираи ширкати хусусии падараш кор кардааст ва бо президенти имрӯзаи Исроил Шимон Перес, ки он замон вазири мудофиа буд, шинос шудааст. Ин замоне будааст, ки Перес саргарми рушди барномаи атомии давлати яҳудӣ буд, мехост ба сохтмони корхонаи ҳастаии шаҳри Димон суръат бахшад. Маҳз ҳамон вақт Милчэн бо хадамоти махсуси Исроил ба ҳамкорӣ пардохт.

Бино ба гузориши Газета.ru Милчэн дар кишварҳои гуногун даҳҳо ширкати хусусӣ бунёд кард ва дар чандин бонк ҳисоби бонкӣ боз намуд. Дар авҷи ин кори махфии худ вай 30 ширкати хусусиро дар 17 кишвари олам роҳбарӣ мекард. Соли 1970 бо миёнаравии вай Исроил аз ширкатҳои тиҷорати силоҳи Амрико ба арзиши миллионҳо доллар силоҳу муҳимоти ҷангӣ харидорӣ намуд. 

«Рӯзгор»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854