03:41:37 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Кӣ соҳиби тӯби тиллоӣ мешавад?

Криштиан Роналду, Леонел Мессӣ ва Фрэнк Риберӣ-се футболбози шинохтаи ҷаҳон мудаии "Туби тиллоӣ" шудаанд.

ki-behtarin 45566556

Намояндагони ФИФА-Федератсияи байналмилалии футбол эълон доштанд, ки дар шаҳри Сюрихи Швейсария пас аз шумурдани овози мураббиҳо ва капитани дастаҳои мунтахаби миллӣ оид ба футбол ин се футболбози маъруф барои дарёфти шоҳ ҷоиза-"Тӯби тиллоӣ" раъйи бештарро соҳиб шуданд.

Рӯзи 13 январи соли 2014 аз ин се футболбоз Криштиан Роналду аз тими "Реал-и Мадрид", Леонел Мессӣ аз тими "Барселона" ва Фрэнк Риберӣ аз тими "Бавария" яке соҳиби "Тӯби тиллоӣ" мешавад.

Ёдовар мешавем, ки чор соли ахир "Тӯби тиллоӣ" насиби Леонел Мессии аргентинӣ шуда буд. Криштиан Роналдуи португалӣ танҳо соли 2008 "Тӯби тиллоӣ"-ро соҳиб шуда буд. Аммо Френк Риберии фаронсавӣ бошад барои нахустин бор аст, ки дар рӯйхати довталабони асосии ин ҷоиза шомил шудааст.

Ибодуллоҳи Тоҳир, «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi