Ифтитоҳи Осорхонаи Зуфархон Ҷавҳарӣ дар Истаравшан
Дар шаҳри Истаравшан Осорхонаи Зуфархони Ҷаъфарӣ, шоир ва мутафаккир, як тан аз шинохтатарин чеҳраҳои фарҳангии қарни гузашта ифтитоҳ гардид.
Дар ин бора ба «Рӯзгор» рӯзноманигори маҳаллӣ Нуриддин Туйчиев хабар дод. Бино ба гузориши манбаъ дар расми ифтитоҳи осорхона ҷамъе аз донишмандони тоҷик аз ҷумла устодон Каромуллоҳ Олимов, Абдунабӣ Сатторзода, Атахон Сайфуллоев, Носир Салимзода, намоядагони ҳукуматӣ, раиси шаҳри Истаравшан Иброҳим Абдуллоев, руҳонии шинохта Ҳоҷӣ Зокирхони Аъзамзода ва дигар намояндагони фарҳангу адаби кишвар ширкат кардаанд.
Манбаъ иттилоъ дод, ки дар осорхонаи мазкур, ки дар кӯчаи ба номи Суҳайлӣ 17 (гузари Намозгаҳ) воқеъ мебошад, ҳамакнун бештар аз 3500 китоб аз адибони классикиву муосири тоҷик, дастхатҳои Зуфархон Ҷавҳарӣ ба намоиш гузошта шудаст. Ҳудудан 40 асар дар бораи ҳаёт ва зиндагии шахсии адиби шинохта, пажуҳиши осор, мақолоти дар бораи ӯ интишор шуда, ёдҳо ва хотироти ҳамасрони шоир ва шаҷараномаи адиб бо талоши набераи ӯ Субҳи Чавҳаризода гирдоварӣ шудааст.
Маврид ба ёдоварист, ки Мавлоно Сайид Зуфархони Ҷавҳарӣ аз шоирони тавонои Истаравшан буда, солҳои 1860-1945 зиндагонӣ кардааст. Ҳамчуноне аз зиндагиномаи адиб пайдост, вай шоири ду қарн аст ва ба маънии дигар ҳалқаест, ки ду адабиёт: адабиёти классискӣ ва муосирро ба ҳам пайванд кардааст.
Зуфархон дар хонаводаи Сайид Маҳмудхони Назмӣ (1826-1890), ки низ аз ҷумлаи шоирону фозилони шинохтаи замонаш буд, ба камол расидааст ва рӯ ба адабиёту фарҳанг ва шеъру шоирӣ овардани ӯ зери таъсири падараш будааст.
Зуфархон бештар ғазал сурудааст, вале жанрҳои дигари адабӣ низ дар эҷодиёти шоир мавқеъи муҳим доранд. То ин замон ду китоби шоир бо номҳои «Асарҳои мунтахаб» ва «Девони Ҷавҳарӣ» интишор ёфтаанд, ки дар маҷмӯъ 161 ғазал, 17 рубоӣ, 14 мухаммас, 8 байт, 9 қасида, 27 номаи манзум, 2 марсия, 4 достонро дар бар гирифтаанд.
«Рӯзгор»